«СУҒД». САҲМИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР
Минтақаи озоди иқтисодӣ – қитъаи алоҳида (маҳдуд)-и қаламрави ҷумҳурӣ бо ҳудуди дақиқ муқарраркардашуда мебошад, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё шудааст. Минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат ин намунаи ҳақиқии дастгирии давлатии бахши хусусӣ мебошанд.
Шакли Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» истеҳсолию инноватсионӣ буда, аз 2 майи соли 2008 таъсис ёфтааст. Маъмурияти МОИ «Суғд» бақайдгирии нахустин субъектҳоро моҳи августи соли 2010 оғоз намуд, ки онҳо аз соли 2011 ба фаъолият пардохтанд.
ҲАДАФҲО ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ МОИ "СУҒД"
Ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии МОИ "Суғд" аз фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ, техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ, таҷрибаи идоракунӣ барои ба даст овардани самаранокии истеҳсолот, истифодаи бештари захираҳои озоди табиӣ, тақвият додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди саноат ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ иборат мебошад.
Бино ба иттилои Илёсиддин Камолиддинзода, роҳбари МОИ «Суғд», айни замон дар минтақа 30 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 5-тои он корхонаи муштарак бо давлати Туркия, 6-тоаш корхонаҳои сармоягузории кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Чин, Канада, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва 19 субъект сармоягузорони ватанӣ мебошанд. Субъектҳои МОИ “Суғд” ба истеҳсоли ноқилҳои барқӣ, лӯлаву зарфҳои пластикӣ, профилҳои пластикӣ аз ПВХ, профилҳои алюминийӣ, масолеҳи сохтмон, аз қабили рангу лок ва гаҷҳои ороишӣ, бозичаҳои бачагона (дучарха, фойтунча, мошинчаҳо ва ғайра), коркарди хушкмева, бандубасти асали табиӣ, халтаҳои полиэтиленӣ ва полипропилении калонҳаҷм, ки аксарашон ба содирот нигаронда шудаанд, машғуланд.
ДАСТГИРИИ СУБЪЕКТҲОИ МИНТАҚА ДАР МАДДИ АВВАЛ
Мавриди зикр аст, ки субъектҳои минтақа аз имтиёзҳо бархурдор буда, ҳамаҷониба дастгирӣ мешаванд. Дар ҳудуди минтақаи мазкур таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ молҳои ватанӣ ва хориҷӣ бидуни ситондани боҷи гумрукӣ ва андозҳо, инчунин, беистифодабарии мамнуият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъ-ёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд. Фаъолияти соҳибкории субъектҳо новобаста аз шакли моликияташон аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ғайр аз андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии бо тарзи кироя коркунанда, озод мебошанд ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (андози иҷтимоӣ-20 % ва андоз аз даромад аз 8 то 12 %) пардохт мегардад.
САҲМИ МОИ «СУҒД» ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР
Маъмурияти МОИ «Суғд» тули фаъолияти худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гаштааст. Аз 30 субъекти бақайдгирифташуда 19-тои он ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул буда, боқимонда субъектҳо ба корҳои сохтмонӣ, ворид намудани таҷҳизот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва ободонии гирду атрофи корхонаҳо сар укор доранд. Аз оғози фаъолияти МОИ «Суғд» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 корхона расман ифтитоҳ гардидааст. Инчунин, 1 апрели соли ҷорӣ зимни сафари кории худ ба вилояти Суғд Сарвари давлат боз як корхонаи нав – ҶДММ “Азияполитекс”-ро расман ифтитоҳ намуданд.
Аз ҷониби субъектҳои минтақа аз оғози фаъолияти МОИ “Суғд” ба маблағи умумии зиёда аз 150 миллион сомонӣ сармоягузории мустақим ворид гардида, беш аз 830 ҷойи кор таъсис дода шудааст. Маҷмуи маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ дар ин давра ба 1577,2 миллион сомонӣ расидааст.
“БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ”
Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо субъектҳои минтақа, аллакай, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро ба роҳ монда, ҳам ҷиҳати ғанӣ гардондани бозори дохилии кишвар саҳм мегузоранд, ҳам маҳсулотро ба давлатҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркманистон, Олмон, Ироқ, Россия, Арабистони Саудӣ ва Туркия содирот мекунанд. Ин аст, ки соли гузашта маъмурияти МОИ “Суғд” дар маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин содироткунандагони Тоҷикистон” иштирок намуда, сазовори ҷоизаи номинатсияи “Беҳтарин содироткунандаи минтақаи озоди иқтисодӣ” барои давраи соли 2021 байни минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон гардид.
– Маъмурияти МОИ “Суғд” тибқи нақшаи корӣ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар форумҳои байналмилалӣ ширкат варзида, барои кушодани корхонаҳои нав дар ҳудуди минтақа мусоидат намояд. Инчунин, сармоягузорон, соҳибкорони ватаниву хориҷиро ба ҳамкорӣ даъват намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти ҷумҳурӣ саъю талош доранд, – гуфт Илёсиддин Камолиддинзода.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 17.05.2023 №: 103
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)