ФАРҲАНГИ ОРИЁӢ – ПЕРОЯИ ТАМАДДУН. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН САРВАРЕ, КИ МОРО ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ НИШОН ДОД
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали мавҷудияташ расолати бузурги таърихиеро бар дӯш гирифта буд, ки ин эҳёи дубораи ин сарзамини куҳанбунёд ва ин миллати соҳибтамаддун аст. Мо ҳама шоҳидем, ки дар радифи ҳадафҳои бузурги миллӣ яке аз мақсадҳои ҳамеша пайгиришавандаи давлату Ҳукумат ва Пешвои миллатамон арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, худшиносии миллӣ, шинохти ҳувият ва огоҳӣ аз таърихи худ буд. Ва нахустин нақшаву чорабиниҳои Ҳукумати Тоҷикистони навин аз оғоз то ба имрӯз маҳз ҳамин ҳадафи баландро пайгирӣ мекунанд.
Яке аз арзишмандтарин падидаи фарҳанги ориёии мо забони модарист. Ва чунон ки Пешвои миллатамон дар китоби арҷманди худ “Забони миллат – ҳастии миллат” гуфтаанд: “Забон падидаи фарҳанги миллӣ буда, ба воситаи он ҳар як шахс ҳувияти худро мешиносад, ҷаҳонбиниашро васеъ менамояд ва ҳофизаи маънавияшро қавӣ мегардонад. Илова бар ин, забон яке аз унсурҳои таконбахши таъриху фарҳанг ба шумор рафта, дар он анъана ва суннатҳои халқ ифода меёбад. Маҳз тавассути забон инсон арзишҳои маънавии худро ҳифз менамояд ва ба ин арзишҳо арҷи бештар мегузорад”.
Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид дошта буданд, ки дар ҷаҳони муосир, агар хоҳанд миллатеро маҳв кунанд, аввал мекӯшанд забон ва фарҳанги ӯро маҳв месозанд. Аз ин рӯ, аҳамияти аввалиндараҷа додан ба фарҳанги миллӣ аз ҷониби Сарвари кишварамон маҳз аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.
Ва табиист, ки имрӯз супориши Сарвари кишварамон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дар мавриди таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ бо ин қадар самимияту муҳаббат, кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гардид, зеро мардуми мо мефаҳманд, ки таъбири “Тамаддуни ориёӣ” барои халқи мо чи қимату чи расолати бузург дорад. Тамаддуни ориёӣ, яъне чи, яъне ин ҳама он дастовардҳои бузурги таърихиест, ки миллати мо тули ҳазорсолаҳо дар тамоми самтҳои зиндагӣ, илму дониш, адабу ҳунар ва бунёдкориҳои беназири маънавӣ ба даст овардааст. Ин тамаддунест, ки ҳамчун тамаддуни пешрафтаву инсонпарварона, некбинонаву хайрхоҳона, бунёдкору созанда ва, хусусан, башардӯстона барои инсоният ва маънавиёти бузурги он хидматҳои беамсол кардааст. Ин аст, ки ҳанӯз соли 2006-ро Сарвари кишвар Соли тамаддуни ориёӣ эълон карда, ба ҷаҳониён бозгӯ намуда буданд, ки соҳибони ин тамаддуни бостонӣ мо – тоҷикон ҳам ҳастем.
Дар мавриди саҳми бузурги Пешвои миллати мо дар эҳёи тамаддуни ориёӣ, бунёди навини он метавон далелҳои дурахшоне овард. Аввалан, мутолааи танҳо ду асари маърифатпарваронаи Пешвои миллатамон: “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ва “Забони миллат – ҳастии миллат” кофист, то мо на танҳо тасаввуроти комиле дар хусуси ин фарҳанги фарогир ба даст орем, балки дониш, эҳсосу муҳаббати ватандориву миллатдӯстиамонро боло бардорем. Илова ба он ҳама ғояҳои баланди миллие, ки дар осори мондагори Пешвои миллатамон дар бист ҷилди китобашон “Уфуқҳои истиқлол” интишор ёфтааст.
Маҳз сиришти миллатдӯстонаву ватанхоҳона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллатамон буд, ки маросимҳои дигари миллии мо, Сада, Меҳргон ва Тиргон, ки ҳар яке намунаи муҷалло ва ибратбахши фарҳанги ориёии халқи моянд, пайваста на танҳо эҳёи дубора ёфтанд, балки сурату сирати рӯзгори мардуми мо ва шуҳраи олам гардиданд.
Дар шарҳу маънидоди Фарҳанги ориёӣ ва мансубияти он ба миллати мо метавон садҳо далели дигар овард. Аз ҷумла, тамоми суннату оинҳо ва ҳунару эҷодкориҳои миллии мо, ки намунаи фарҳанги бузурги халқи донишзамир ва некоин ҳастанд, гувоҳи бебаҳсу дурахшонанд.
Ин аст, ки таъсиси “Конуни фарҳанги ориёӣ” бо супориши Президенти ватандӯсти кишварамон падидаи мантиқии саривақтӣ буда, идомаи сиёсати ватандӯстона ва эҳёгаронаи он кас дар бунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад ва чун дигар иқдомҳои беназири Пешвои миллат ҳадафҳои бузурги миллиро пайгирӣ мекунад.
Иқдоми дигари Пешвои миллатамон дар бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Ватанамон идомаи мантиқии он иқдоми аввал мебошад, зеро мо миллате ҳастем, ки Наврӯзи Аҷамро эҳёи дубора бахшид. Ва Наврӯз маросимест, ки бо ҳама суннату оинҳо ва таълимоте, ки дорад, ба ягонагии инсонҳо дар рӯи Замин, ҳифзи фарҳангу маънивиёти бузурги гузаштагон, сулҳу осоиш ва хушбахтии инсоният раҳнамост.
Мо аминем, ки ин Марказ, воқеан, маркази ҷаҳоние, хоҳад шуд, ки дар фароҳам овардани сулҳу осоиш ва зиндагии шоиста дар сайёраи Замин мусоидат хоҳад кард, зеро тамоми оинҳои ин маросими дӯстдоштанӣ раҳнамои ҳамин ҳадафи бузурганд. Дар тули чанд соле, ки ҷашни Наврӯзи мо ҷаҳонӣ гардидаасту тамоми халқҳои олам ба он маҳбубият пайдо кардаву меҳр бастаанд, мо шоҳиди онем, ки чи гуна новобаста аз миллату ирқу нажод ҳамасола меҳмонони Наврӯзи оламгири мо дар сари ҳафт сину ҳафт шини наврӯзӣ ба ҳам меоянду дар зери як наво шодмонӣ мекунанд. Ҳамин расолати бо ҳам будану меҳр варзидану дӯст доштани ҳамдигарро ҷашну маросимҳои дигари мо, ки намунаи дурахшони фарҳанги ориёӣ ҳастанд, мисли Меҳргону Тиргону Сада низ бо худ мебаранд.
Яъне, Фарҳанги ориёӣ, фарҳанги сулҳу салоҳ, фарҳанги ишқу умед, фарҳанги маърифату фазилат ва илму адаби миллати некуманиш аст, миллате, ки асрҳо бо шиори гуфтору кирдору пиндори нек зистааст. Ва некиро армуғон ба башарият овардааст. Ин фарҳанги ориёии миллати мост, ки бо эҳёи он ифтихор ва сарфарозӣ мекунем.
Ба андешаи мо, аҳамият ва хуҷастагии таъсиси Конуни фарҳанги ориёӣ дар сарзамини ориёии мо, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, дар маҳфуз доштани мероси таърихӣ, рушду инкишофи минбаъдаи фарҳанги мо, муаррифии он дар ҷаҳон ифода меёбад, ки Сарвару сармуншии он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонанд!
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
