САДА. ЭҲЁИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ТАҚОЗОИ ТАЪРИХ АСТ!
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳамчун миллати фарҳангофару тамаддунофар на танҳо бо эҳтиром ва қадршиносии илму маърифат, балки бо ташаккул ва рушди анъанаҳову расму оинҳои худ дар тули асрҳо ҳастии миллии худро ҳифз намудааст. Мардуми тоҷик тавонистанд аз гузаштаҳои дур то ба имрӯз ҷашну оинҳои миллӣ ва ҷойгоҳи иҷтимоии онҳоро нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда интиқол диҳанд. Эҳёи намунаҳои беҳтарини суннату анъанаҳои аҷдодӣ дар замони соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи хос пайдо намудааст. Зина ба зина ҷашнҳо ва оинҳои мардумӣ эҳё гардида, дар байни халқҳои ҷаҳон муаррифӣ шуда истодаанд. Хусусан, солҳои охир намунаҳои беҳтарини фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар рушд ёфта, ба пешрафти маънавии ҷомеа мусоидат менамоянд.
Воқеан, боиси ифтихор аст, ки бо ташаббус ва хиради дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии кишоварзӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, эҳё гардида, дар саросари кишвар бо баргузории чорабиниҳои фарҳангиву кишоварзӣ таҷлил мешаванд. Ин ҷашнҳо дар тарғиб ва муаррифии фарҳанги пурғановати миллӣ нақши муҳим доранд. Ҷашнҳои суннатии миллӣ аз замонҳои қадим марҳалаҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёгонро ифода мекарданд ва дар таҳкими ахлоқ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ саҳми арзанда доштанд. Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мардумро ба покизагӣ, ростқавлӣ, некандешӣ, ватандӯстӣ ва дӯстиву рафоқат ҳидоят менамуданд. Наврӯз ба баҳор ва замин, Тиргон ба тобистон ва об, Меҳргон ба тирамоҳ ва рӯшноии осмон иртибот дорад. Ин ҷашнҳо ба чор унсури муқаддас пайванд буда, аз ҷаҳонбинии амиқи ниёгон дарак медиҳанд.
Маҳз таҷлили ҷашнҳои Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҳамчун муаррифгари дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ хидмат мекунанд. Дар доираи ин ҷашнҳо натиҷаҳои кори боғу токпарварӣ, ниҳолпарварӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва тухмипарварӣ ба намоиш гузошта шуда, маҳсулоти истеҳсолгардидаи соҳа, техникаву таҷҳизоти муосири кишоварзӣ пешниҳод мегарданд. Ҳамзамон, маслиҳату тавсияҳои олимону мутахассисони соҳа, намоиши адабиёт ва дастурҳои илмӣ-оммавӣ, паҳн намудани донишҳои кишоварзӣ байни хоҷагидорон ва деҳқонони ҷумҳурӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва шиносоии мардум бо технологияҳои муосири соҳа амалӣ карда мешаванд. Ҳадафи асосии таҷлили ин ҷашнҳо нигоҳдорӣ ва рушди анъанаҳои қадимаи кишоварзӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба онҳо, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба фарҳанги бостонии ниёгон, сабақбардорӣ аз арзишҳои бебаҳои фарҳанги гузаштагон ва ҳифзу эҳёи мероси муқаддаси аҷдодӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб рафта, рушди мунтазами он яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин соҳа ҳамчун бахши муҳими иқтисоди миллӣ дар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ, беҳбуди вазъи иқтисодии мардум ва рушди устувори соҳаҳои дигар нақши калидӣ дорад. Шароити мураккаби ҷаҳони муосир, аз ҷумла таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳонӣ, канда шудани занҷираҳои анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои манфии он – хушксолии пайдарпай ва камобӣ, моро водор месозанд, ки ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва рушди маҷмааҳои агросаноатӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем. Ин тадбирҳо роҳи асосии таъмини амнияти озуқавории кишвар ба шумор мераванд. Ташаккули соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, аз як замин рӯёндани ду-се ҳосил, ҷорӣ намудани шаклҳои нави инноватсионии хоҷагидорӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот, ташкили корхонаҳои коркард ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ ва рушди устувори соҳаҳои дигар мусоидат менамояд.
Мо, кишоварзонро зарур аст, ки дар баробари дастгириву ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар оянда ҷиҳати таъмини дурнамои нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ва устувор нигоҳ доштани амнияти озуқавории кишвари маҳбубамон меҳнати софдилонаву содиқона намоем.
Лоиқ ТУЙЧИЗОДА,
сардори шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ
