КОРРУПСИЯ. МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪӢ ТЕША БА РЕШАИ ИН ЗУҲУРОТ ХОҲАД ЗАД

10 феврал 2026, Сешанбе
20

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб аз замонҳои гузашта то имрӯз мавриди нигаронии аҳли ҷомеа қарор дорад. Тавре борҳо таъкид шудааст, ин зуҳуроти нангин ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, амнияти иқтисодӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ расонда, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад.


Бо назардошти оқибатҳои харобиовари коррупсия, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози истиқлоли давлатӣ мубориза бо ин зуҳуротро яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ эълон карда, тарҳи барномаҳои зиёдеро ҷиҳати муқовимат ба ин зуҳуроти манфур пеш гирифт. Аз ҷумла, 21-уми июли соли 1999 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ба тасвиб расид. Баъдан, ҷиҳати татбиқи фармони мазкур 10-уми декабри ҳамон сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул шуд, ки минбаъд Қонуни мазкур бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.
Яке аз дастовардҳои муҳими дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ин бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он ба сифати мақоми махсусгардондашудаи муқовимат ба коррупсия аз 10-уми январи соли 2007 фаъолият дорад. Ҳоло Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамчун ниҳоди махсусгардондашуда дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаву корхонаҳои давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ чорабаниҳои гуногун, аз ҷумла тарғибу ташвиқи зиддикоррупсиониро дар байни аҳолӣ васеъ ба роҳ мондааст, ки дар ин бора метавон аз сомонаи Агентӣ маълумоти фаровон ба даст овард.
Ҳоло ҷиҳати расидан ба ҳадафҳо дар мавриди мубориза бо коррупсия ҷомеаро зарур аст, ки дастаҷамъона амал намояд. Яъне, набояд онро вазифаи як ниҳод донист, балки дар ин самт, аз мо – омӯзгорон сар карда, то ҳар як сокини кишвар ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд. Дар сурати ҳамбастагии тамоми мардум муваффақ мешавем, ки сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунандаро ошкору пешгирӣ намуда, фазои оштинопазир нисбат ба ин зуҳуроти харобиоварро ба вуҷуд орем.


Дарвеш ҚУРБОНОВ,
омӯзгори Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии
ба номи П. Бӯйдоқов

Санаи нашр: 10.02.2026 №: 27