ПАЁМИ МЕҲРАФЗО

18 феврал 2026, Чоршанбе
3


Паёми дилнишину меҳрафзо,
Чу дастуре ба имрӯзу ба фардо.
Баён шуд аз барои миллати нек
Зи қалби Пешвои кишвари мо.


Тамаддун гуфту аз таъриху қисмат,
Ҳама ҳарфу ҳиҷояш панду ҳикмат.
Зи рушди зиндагӣ, иқболи мардум,
Зи мардони сахокешу баҳиммат.


Ба ёд оварда марзу буми кишвар,
Ки сарҳадро набуд дарвозаву дар.
Ҳамеша марзи мо пур аз хатар буд,
Бишуд танзими он бар мо муяссар.


Бикарда аҳду бар паймон расидем,
Ҳама бар қуллаи армон расидем.
Хазон шуд хори заҳрогини сарҳад,
Ба марзи лолаву райҳон расидем.


Ливои сулҳи Меҳан парфишон шуд,
Табассум дар лаби пиру ҷавон шуд.
Зи файзи иттиҳоду ваҳдати халқ,
Баҳори зиндагонӣ гулфишон шуд.


Дар ин дунё Ватан шуд шуҳратафзо,
Пазируфта ҷаҳон андешаи мо.
Ба ҳифзи чор унсури табиат,
Баҷо шуд пешниҳоди Сарвари мо.


Зи пиндору зи кирдору зи гуфтор,
Хирад омехт ӯ бо илму афкор.
Ғами сулҳи ҷаҳон бар шонаи ӯст,
Ба сонаш кас надида марди ғамхор.


Ба аҳли заҳмати Меҳан сано гуфт,
Сано бар қавми боаҳду вафо гуфт.
Ба донпошу кишоварзони кишвар,
Сано бар обу хоки бебаҳо гуфт.


Зи файзи деҳқон бар хони мардум,
Фаровон шуд ғизову нони мардум.
Кишоварзони донову тавоно
Фузун кишта ба ҳар ҷо дони гандум.
Сухан аз боби илм омад ба майдон,
Аз он илме, ки карда кашфи кайҳон.
Басе дар ҷодаи авҷу барор аст,
Бибояд пиру барно аз пайи он.


Ҳар он кас бояд аз худ бошад огаҳ,
Ба фанде ӯ нагардад берун аз раҳ.
Хаёлиён зиёданд андар ин даҳр,
Дурӯю ҳам риёкоранду аблаҳ.


Рақиби мо басе найранг дорад,
Ки дар дасту бағал ӯ санг дорад.
Насозад ҳифз агар кас расму оин,
Талоши дуздии фарҳанг дорад.


Ҳар он як ҳарфи Сарвар ҳамчу панд аст,
Сухан бар гӯши халқаш дилписанд аст.
Зи илми Пешвои миллати нек
Ливои ишқи Меҳан бас баланд аст.


Амиршоҳи ХАТЛОНӢ

Санаи нашр: 18.02.2026 №: 32-33