БУНЁДИ “РОҒУН” БО НӮГИ НОХУН
![]()
Дар Тоҷикистон, байни кӯҳҳои сарбаланду осмонбӯс, шаҳри Роғун мисли марвориде дар ҳалқаи сангину сабзи кӯҳсор медурахшад. Вақте ба ин минтақа наздик мешавед, табиат хомӯш аст, аммо ҳар қатраи об, ҳар нафаси ҳаво ба ту аз қудрату орзуҳои мардуми ин сарзамин қисса мекунанд. Дар як қисмати ин манзараи зебо Неругоҳи барқи обии “Роғун” чун як кохи пурҳашамати нур дар доманаи кӯҳ қомат афрохтааст. Садди бузургаш аз дур мисли як девори азиме менамояд, ки обро на танҳо нигоҳ медорад, балки онро ба зиндагии халқ табдил медиҳад.
Ошхонаи «Мадина» дар қисми ҷанубии шаҳри Роғун ҷойгир аст. Ин бинои дуошёнаи рангаш зард диққати ҳамагонро бо як нигоҳ ба худ ҷалб менамояд. Бинои ошхона бо тарзи меъмории замонавӣ сохта шудааст. Чун ман вориди ин ошхона шудам, дидам, ки як ҷавони тахминан 30-сола, қадбаланди лоғарандом барои худ хӯрок фармоиш медиҳад. Дар мизи дигар чор нафар пирамарди синашон тақрибан шастсола, ки либоси расмӣ доштанд, нишаста, байни худ суҳбат доштанд. Баъди чанд муддат, ҷавон қаламу қоғаз ба даст гирифта, ба онҳо наздик шуд.
– Бахшиш, ки ба суҳбататон халал расондам. Метавонам ба шумо якчанд савол диҳам?
– Марҳамат, саволатонро диҳед, – ҷавоб дод пирамарде, ки тез-тез ба соаташ менигарист.
– Ман мехостам аз шумо дар бораи таърихи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” маълумот гирам.
– Бахайр аст, ҷавон, барои чӣ мехоҳӣ аз таърихи “Роғун” огоҳ шавӣ?
– Номи ман Муродзода Ҷовид. Ман рӯзноманигорам, – гӯён ҷавон аз ҷайби худ ҳуҷҷати кориашро бароварда ба онҳо нишон дод. Мехостам дар бораи НБО “Роғун” мақола нависам. Аз интернету сомонаҳо, албатта, маълумот дарёфт мешавад, лекин “Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст”, гуфтаанд. Мехостам маълумотро аз забони шумо барин пирони рӯзгордида бигирам.
– Ин тавр бошад, марҳамат, гузашта дар курсии назди мо нишинед, – гуфт яке аз пирамардон ва илова кард, зеро суҳбат дароз хоҳад шуд. Номи ман Аброр, ҳамроҳонам Эҳсон, Хушвахт ва Умар мебошанд. Дар асл, Роғун шаҳри нав аст. Ин минтақа соли 1986 номи Роғунро гирифт. Баъзеҳо ба он ақидаанд, ки маънои калимаи “Роғун” ин ҷойи баланд, макони кӯҳӣ ё сарзамини теппадор аст. Шаҳри Роғун, пеш аз ҳама, бо оғози сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шуравӣ шуҳрат дошт, лекин, мутаассифона, бо саршавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хоинон нақбҳои онро тарконданд. Ҳар чизеро ёфтанд, дуздиданд ва ҳар чизеро, ки бо худ бурда натавонистанд, сӯзонданд. Аммо, хушбахтона, бо иқдому кӯшишҳои ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки соли 2008 сохтмони Неругоҳро аз сари нав оғоз бахшем. Баландии садди он 335 метр буда, то имрӯз ду агрегаташро ба кор даровардем. Агрегати аввал 16-уми ноябри соли 2018 ва дуюмаш 1-уми сентябри соли 2019 ба кор даромад, ки тавоноии ҳар якеаш 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Бовари комил дорам, ки Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад ва ҳамаи мушкилоти вобаста ба камбуди барқ бартараф мешаванд. Чи тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ зикр намуданд: «Моро дуруст фаҳмед, мою шумо аз ҳама рӯзҳои сахту сангини солҳои 90-уми бар сари миллат омадаро якҷоя паси сар карда, берун шудем. Як зимистони дигар дар пеш аст. Тирамоҳу зимистони соли 2026 аз ин зимистон сабуктар ва хеле беҳтар мегардад, чунки мо иқтидорҳои нави энергетикиро ба истифода медиҳем. Аз соли 2027 мою шумо дигар барқ хомӯш карданро таърихан фаромӯш хоҳем кард».
Амаки Аброр нақлашро ба охир расонда, аз пиёла чой нӯшид ва амаки Эҳсон ҷилави суханро ба даст гирифт.
– Албатта, аз сабабе, ки Аброр омӯзгори фанни таърих аст, ҳамеша бо далел ва рақам суҳбат мекунад, ки ин дуруст аст. Мо ба ин рӯзҳои хушу хурсандӣ ба осонӣ нарасидем. Ҳозир баъзе ношукрҳо гила мекунанд, ки чанд дақиқае дар шаҳр барқашон хомӯш мешавад. Дар он лаҳзаҳои шуми ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мо ба ҳама азоб тоқат кардем. Бе барқу бе хӯрок, бо шиками гурусна Ватанро дӯст доштему онро ҳимоя намудем. Чи тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунанд, мо набояд фаромӯш кунем, ки, пеш аз ҳама, тоҷикем. Як Ватан, як давлат ва як сарзамин дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Набояд ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст диҳем, чунки он оқибати ногувор пеш меорад. “Роғун” барои миллати тоҷик аҳамияти бузурги стратегӣ дорад, зеро ба воситаи он мо тамоми мардуми кишварро бо барқ таъмин намуда, ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ, яъне ба даст овардани истиқлолияти энегергетикӣ, ноил мешавем.
Амаки Хушвахт бодиққат ба Ҷовид нигоҳ карда гуфт:
– Албатта, хуб аст, ки ҷавонон ба таърихи миллати тоҷик мароқ доранд. Набояд фаромӯш кард, ки “Роғун” ин на танҳо таърих, балки иқтисодиёт, обрӯ ва нангу номуси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Барои сохтмони ин Неругоҳ мо миллиардҳо сомонӣ сарф намудем. Албатта, ҳамаи ин масрафҳо дар оянда барои мо даҳчанд бармегарданд. Мутахассисони мамлакатҳои зиёд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, тасдиқ намуданд, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” барои минтақа ягон зарар надорад. Ман ин масъаларо барои он ба ёд меорам, ки ҳанӯз ба бунёди Неругоҳ оғоз накарда, душманони хориҷӣ ва дохилӣ фитна ангехтанд, ки гӯё сохтмони НБО “Роғун” барои табиати Осиёи Марказӣ хатар дорад. Ҳатто онро гӯё мо сохта ҳам наметавониста бошем. Аммо мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ бо гузарондани таҳқиқоти илмӣ исбот намуданд, ки сохтмони НБО “Роғун” фоидаи зиёд дошта, ҳеҷ зараре надорад.
Ҳамагон хомӯш шуданд ва амаки Умар, ки то ҳанӯз ба гуфтаҳои дӯстонаш бодиққат гӯш мекард, ба сухан даромад:
– Аз ҳама асосияшро набояд фаромӯш кард, ки “Роғун” маҳсули дасти мо – тоҷикон, аст. Нотавонбинон як замоне ба ободии водии Вахш низ боварӣ надоштанд, вале хаёлашон ботил баромад. Он акнун ба як диёри гулгулшукуфон табдил ёфтааст. Он рӯз дур нест, ки “Роғун” ҳам бо пуррагӣ нурпош мегардад. Бо ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо сохтмонро аз сари нав оғоз кардем. Ба қавле, бо нӯги нохун кохи нурро бунёд намуда истодаем. Ҳар як муҳандис, коргузор, сохтмончӣ – ҳар шахсе, ки дар ин Неругоҳ саҳми худро гузоштааст, барои миллати тоҷик хидмати бузург кардааст. Ҳангоми ба анҷом расидани сохтмони НБО “Роғун” ҳадафи стратегӣ амалӣ мешавад, шаҳрвандон бо неруи барқ ҳамеша таъмин хоҳанд шуд. Мо умед дорем, ки шумо – ҷавонон, меҳнати онҳоеро, ки дар сохтмони на танҳо “Роғун”, балки дигар иншоотҳои Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, фаромӯш намекунед ва барои боз ҳам ободу зебо шудани Ватани азизамон кӯшиш хоҳед кард.
– Ташаккур, барои маълумоти бебаҳоятон, падарони азиз, – гӯён Ҷовид аз ошхона берун шуда, ҷониби Неругоҳ дида дӯхт.
Ман ҳам бояд дар бораи таърих ва тавоноии “Роғун” мақола нависам ва ба мардум дар бораи аҳамияти он хабар диҳам, лекин ҳис карда истодаам, ки барои ин ҳамаро дар як мақола ҷойгир намудан қаламам оҷизӣ мекашад. Аз ҳама муҳимаш бовар дорам, ки ин иншооти азим бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои минтақаро мунаввар хоҳад кард...
Маҳмуд ШАРИФЗОДА, донишҷӯйи ДМТ, барандаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
