ҚАРОРИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ташкили комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудуди
Мутобиқи моддаҳои 13 ва 57 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд, №13 дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:
Раиси комиссия
Саидов Илҳом Сайфуллоевич - сартабиби Дармонгоҳи стоматологии вилояти Суғд
Муовини раиси комиссия
Исматова Кимёбиби Амонбоевна - мудири Муассисаи таълимии томактабии №23 шаҳри Хуҷанд
Котиби комиссия
Азизов Назирҷон Эргашевич - муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети фанҳои дақиқ ва технологияи инноватсионии Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд»
Аъзои комиссия:
Мансурова Марҳабохон Каримовна - омӯзгори синфҳои ибтидоии Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд
Умаров Орифҷон Ғаниевич - директори Муассисаи таълимии давлатӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд
Олимова Зайнабҷон Маҳмудовна - муҳандиси шуъбаи фурӯши Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»
Исобоев Иномҷон Мӯҳсинович - сармуҳандиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Матбааи Ношир»
Почаев Иномҷон Исломбоевич - роҳбари Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд»
Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна - директори Бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳри Хуҷанд
қароргоҳ – шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, №36, (бинои филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Хуҷанд).
Раиси Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Худоёрзода
Котиби Комиссияи марказии
интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Самадзода
ш. Душанбе, 17 майи соли 2023, №188
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Шарҳҳо (0)