ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАРВ. НАЗАРЕ БА ШАҲРҲОИ  БОСТОНИИ ОРИЁНЗАМИН

МАРВ. НАЗАРЕ БА ШАҲРҲОИ  БОСТОНИИ ОРИЁНЗАМИН

19 май 2023, Ҷумъа
19
0
 
Мардуми ориёиасл дар сарзамини бузурги аҷдодии хеш – Ориёнзамин, давоми ҳазорсолаҳо, садҳо шаҳрҳои зебо ва марказҳои илму фарҳанг ва ҳунарро офаридаанд. Дар ин силсила шаҳрҳои куҳани онон – Балх, Бухоро, Исфаҳон, Марв, Нишопур, Самарқанд, Шероз, Ҳирот ва ғайра на танҳо дар тамаддуни ориёиаслҳо, балки умумибашарӣ нақши арзандае доранд. Онҳо дар баробари даврони рушди воло, боз шикастҳои сангинеро ҳам дидаанд, ки бар асари онҳо Балху Марв пурра хароб гардиданду ҳоло танҳо харобаҳо ва ахбори сарчашмаҳо оид ба офаридаҳо ва корномаҳои фарзандони бузурги онон ба ёдгор мондаанд. Баҳри ёдбуду поси хотири ниёгон, чанде аз саҳифаҳои таърихи Марви бостонро варақ мезанем. 
Ковишҳои бостоншиносон собит карданд, ки дар ҳазорсолаи 4 то милод (6 ҳазор сол пеш аз замони мо) – дар асрҳои мису биринҷӣ, дар поёноби рӯди Марғоб ва дар канори биёбон, беш аз 150 деҳа ва шаҳракҳои кишоварзон бунёд ёфта буданд.      
Ба шарофати рушди онҳо ва талаботи ҷомеа, Марв на танҳо маркази маъмурӣ, динӣ ва савдову ҳунармандии ин мулк, балки ба шаҳри зебо ва пурфайзе табдил ёфта буд. Бостоншиносон дар маркази он харобаи маъбади бузурги ориёнро кушоданд, ки дар сохтмонаш зиёда аз як миллион хишти хоми калонҳаҷм истифода шудааст.
Мулк ва шаҳри Марв дар Авесто номбар шудаанд: 
“Севумин (пас аз Эронвиҷ ва Суғд - У. Э.), сарзамин ва кишвари неке, ки ман, Аҳура Маздо, офаридам, Марви неруманду пок буд” (Вандидод. Фаргарди якум,6). 
Аз ин ахбори куҳан, ҳамчунин, бармеояд, ки он замон зери номи “кишвари Марв” тамоми минтақаи доманаи шимолии Кабудкӯҳро дар назар доштаанд, ки марказаш шаҳри Марв буд.
Дар миёнаҳои ҳазораи 2 то милод, ба сабаби гармои ниҳоят шадиду тулонӣ, оби рӯди Марғоб, чун дигар рӯдҳои сершумори минтақа, кам ё хушк шудааст ва сокинони шаҳру деҳоти атроф, аз ин мавзеъ кӯч бастаанд. 
Бо фарорасии иқлими мусоид, рӯд аз нав хурӯшон гардида, дар болотар аз мавзеи шаҳри аввалин, Марви навро бунёд карданд. Ин мулк ва марказаш дар навиштаҷоти Кӯҳи Бесутун (садаи 5 то милод), ки бо фармони Дорои Бузург сабт шуда буд, бо номи Марғуш акс ёфтааст, вале дар сарчашмаҳои Юнони бостон онро Марғиён гуфтаанд. 
Истилои Александри Македонӣ ба шаҳру мулки Марв зараре наовардааст. Пас аз марги ӯ, сарлашкараш Селевк шоҳи Ориёнзамин шуд ва писараш Антиох (набераи Спитамен) – ро ҳокими бахши шарқии он таъин кард. 
Он замон ориёни кӯчӣ – сакоиҳо ҳар гоҳ ба водиҳои кишоварзон ҳуҷумҳои ғоратгарона мекарданд. Азбаски шаҳру деҳоти мулки Марғиён дар канори биёбони азим ҷойгир буданд, аз тохтутозҳои онон ҳамеша зарар медиданд.  
Чун Антиох вазифаро ба даст гирифт, ба мулки Марғиён омада онро аз назар гузаронд ва фармон дод, ки воҳаи Марвро бо девор печонанд то кӯчиён барои ғорат ба он ворид нашаванд. Географ ва муаррихи бузурги аҳди бостон – Страбон (садаи 1 милодӣ) навишта, ки дарозии девор 1500 стадий (1 стадий =176,6 м) – 236 км аст. Харобаҳои девор то ба ҳоло мавҷуданд ва аз ҷониби бостоншиносон омӯхта шудаанд. 
Бунёди чунин девор аз муҳим будани мулку шаҳри Марв барои давлати Селевкиён ва мавҷудияти имкониятҳои бузурги иқтисодӣ ва аҳолии сершумори он шаҳодат медиҳанд. Муаррихони он даврон хабар додаанд, ки Марғиён дорои боғу токзорҳо, ғаллазорҳои азим ва чарогоҳҳои паҳновар аст, ки ҳамасола ҳосили фаровоне медиҳанд.  
Дар рамаҳои сершумори аҳли мулк,   гов, гӯсфанд, буз, хачир, шутурону аспони хушзот, аз ҷумла яке аз зотҳои куҳану хуби аспи ориён – “нисоӣ”, парвариш меёфт, ки ҳоло онро “ахалтекинӣ” меноманд. 
 
Дар аҳди давлати Порт ва пас Сосониён, Марв ва деҳу шаҳракҳои сершумори вилояти Марғиён ба маркази калони кишоварзӣ, ҳунармандӣ, савдо ва илму фарҳанги Ориёнзамин табдил ёфт. Маҳз рушди бузурги иқтисодиву фарҳангии Марғиён буд, ки шахсиятҳои машҳури он даврони Ориёнзамин – табиб Барзуя, Бузургмеҳри донишманд, Борбади мутриб ва садҳо дигарон ба воя расиданд. 
Бар асари ҷангҳои сершумор, сипоҳи давлати Сосониён дар ғарб бо Визонтиё, дар шарқ бо туркҳои Олтой заиф гашта буд.  
Дар ин даврон дини ислом зуҳур кард ва сипоҳи арабҳо аввал ба Визонтиё, пасон ба Эрон ҳуҷум кард: соли 637 дар Қодисиё ва 642 дар Наҳованд, ба сипоҳи сосониён зарбаҳои сангине зад. Шоҳаншоҳ Яздигурд шикаст хӯрда, ба Марв фирор кард ва соли 651 кушта шуд. Арабҳо шаҳру воҳаи Марвро забт карданд. 
Аз соли 651 то ба сари қудрат омадани сулолаи Тоҳириён - дар соли 821, Марв маркази ҳарбию сиёсии Хуросони Бузург буд. Дар аҳди ҳукмронии Саффориён ва бахусус Сомониён, шаҳру вилоят ба яке аз минтақаҳои хеле пешрафтаи Ориёнзамин табдил ёфтанд. 
Шаҳру вилояти Марв макони истеҳсоли абрешим, пашм, пахта, чарми хушсифат, гилему намадҳо, матоъҳои гуногун, либосу пойафзолҳои хушсифат, арғамчинҳо, хаймаҳо ва дигар маҳсулоти муҳим буданд.  
Заргарӣ, кулолӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо хеле рушд карда буданд. Зарфҳои сафолин, шишагӣ, филизӣ, асбобҳои корӣ ва ғайра низ, фаровон истеҳсол ва ба тамоми кишварҳои атроф бурда мешуданд. 
Маҳсулоти ғизоии Марв низ, ҷолиб буданд. Панир, равғани кунҷид, ҳалвоҳо, кулчақанд ва нони Марв беҳамто буданд. Нонҳои хушсурату оламшумули имрӯзаи Самарқанд, аслан нони Марванд ва марвиҳои дар садаи 18 ба ин шаҳр кӯчондашуда, ин ҳунари волои миллӣ ва бобоиро бо худ овардаанд. 
Бо шикасти давлати Сомониён, Марв ҳам мисли дигар шаҳрҳои Хуросони Бузург мавқеи пешинаи худро аз даст дод ва дар садаи 11 ба ҳуҷуму ғоратгариҳои қабилаҳои ғӯзҳои бодиянишин дучор омад. 
Наҷмуддин Абубакри Муҳаммад - шоир ва муаррихи форсизабонон, машҳур бо номи Ар - Ровандӣ, шоҳиди ин бадбахтиҳои марвиён буд. Ӯ соли 1221 дар асари “Роҳатуссудур” навишта: “Ғӯзҳо се рӯз Марвро ғорат карданд: рӯзи аввал ашёҳои заррину симин ва маводу либосҳои абрешимро, рӯзи дуюм – асбобҳои биринҷӣ, мисиву оҳаниро, рӯзи сеюм – бистару болин ва кӯзаҳои сафолиро”. 
Замони ҳукмронии Салчуқиён Марв пойтахт буд ва ба шарофати Низомулмулк – вазири тавоно ва басо хирадманд, ки авзои шаҳру вилоят ва, умуман, давлатро ба низом оварда буд, хеле рушд кард ва аз нав ба яке аз марказҳои муҳими Ориёнзамин табдил ёфт.
Дар садаи 16 шаҳру вилояти Марв тобеи хонигарии Бухоро буданд ва туркманҳои биёбоннишин, чун садаҳои гузашта, доимо ба ноҳияҳои он ҳуҷумҳои ғоратгарона мекарданд. Соли 1785 онҳо ба Марв ҳуҷум карданд ва амири Бухоро, Шоҳмурод онҳоро шикаст дода натавонист. Пас сарбанди калони рӯди Марғобро, ки ба шаҳру атрофи он об медод, пурра хароб кард. Аҳолии атрофи шаҳр аз тарси туркманҳо, асосан, ба Афғонистону Эрон паноҳ бурданд. Аммо Шоҳмурод 70 ҳазор сокинро кӯчонда ба Бухоро ва Самарқанд овард. Вилояти Марв ба дасти туркманҳо монд. 
ХУЛОСА
Боиси таассуф аст, ки бар асари шикастҳои сангини дар садаҳои 13 – 18 ба сари шаҳру вилояти Марв – яке аз марказҳои басо куҳану ботамаддуни Ориёнзамин ва зодгоҳи ҳазорҳо фарзандони номдори ориён, аз ҷумла Борбад, Бузургмеҳр, Абумуслим, шоирон – Абулҳасан Кисоӣ, Башшори Марвазӣ ва дигарон, танҳо харобаҳо боқӣ мондаанд. 
 
Усмон ЭШОНЗОДА, бостоншинос
Санаи нашр: 18.05.2023 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив