МОДАР ВА ФАЛСАФАИ МЕҲР

10 март 2026, Сешанбе
5


Модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Эмомалӣ РАҲМОН


Ҳар сол, вақте баҳор ба остонаи зиндагӣ меояд ва дар ҳаво бӯйи бедоршавии табиат густурда мешавад, қалби инсон низ ба бедорӣ мерасад. Дар ин рӯзҳо, ки осмон софтар ва руҳу андеша нармтар мешавад, ҷашни Рӯзи Модар (8-уми март) дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо шаъну шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ин рӯз дар ҷомеаи мо танҳо як иди тақвимӣ нест, балки лаҳзаи арҷгузорӣ ба муқаддастарин рисолати зиндагӣ аст; рисолате, ки аз домони модар оғоз меёбад ва то охири умр мисли оҳанги ором дар паси ҳамаи корҳои инсон садо медиҳад. Истиқлол ба мо имкон дод, ки арзишҳои миллиро бо руҳи нав эҳё намоем, суннатҳои некро дар сатҳи миллӣ арҷ бигузорем ва ба модар ҳамчун пояи хонадон, чун сарчашмаи ахлоқ ва маърифат, чун рамзи муҳаббати беғараз бо эҳтироми самимӣ ва шоиста рӯ оварем. Гулҳое, ки дар ин рӯз тақдим мешаванд, табассумҳое, ки дар чеҳраҳо мешукуфанд, суханҳои нек ва дуоҳои фарзандон, ҳама ба як маънӣ бармегарданд, маънии сипос.
Аммо Рӯзи Модар танҳо рӯзи табрик гуфтан нест. Ин рӯз, агар ба маънии амиқаш гӯш диҳем, рӯзи бознигарӣ аст. Рӯзи он ки инсон аз шитоби рӯзгор як лаҳза берун меояд, ба гузашта менигарад, ба оғози роҳ менигарад ва мефаҳмад, ки аввалин ҷаҳони ӯ кӣ буд. Модар аввалин ҷаҳони инсон аст. Пеш аз он ки чашм ба рӯшноии берун боз шавад, дил ба гармии модар одат мекунад. Пеш аз он ки забон сухан ёд гирад, гӯш лаҳни меҳрро мешиносад. Пеш аз он ки ақл далел талаб кунад, руҳ амният меҷӯяд. Ва ин амниятро бештар аз ҳама оғӯши модар медиҳад. Дар оғӯши модар на танҳо ҷисм ором мешавад, андеша ҳам ором мешавад ва оромии андеша нахустин зинаи рушд аст, зеро зеҳн дар фазои тарс қад намекашад, зеҳн дар фазои амният ҷуръати парвоз пайдо мекунад.
Модар барои фарзанд танҳо сарчашмаи муҳаббат нест, ӯ мактаби муҳаббат аст. Муҳаббатро дар зиндагӣ ҳама мехоҳанд, аммо на ҳама медонанд, ки муҳаббат танҳо эҳсос нест, муҳаббат одоб аст, масъулият аст, сабр аст ва тавони дидани дигарон аст. Модар ин одобро бо суханҳои зиёд намеомӯзонад, ӯ онро бо ҳузури худ меомӯзонад. Кӯдак муҳаббатро аз он мефаҳмад, ки модар чи гуна ба ӯ менигарад, чи гуна дар лаҳзаи беморӣ ё хастагӣ ӯро ором мекунад, чи гуна тарсро ба умед табдил медиҳад, чи гуна хатоеро мефаҳмонад. Тарбияи модар бисёр вақт лаҳни ором аст, як нигоҳ аст, як сукут аст, ки ба мавқеъ рост меояд ва ҳамин ҷузъиёти нозук дар зеҳни кӯдак асоси муносибати ӯро бо ҷаҳон мегузорад.
Нақши модар дар тарбияи фарзанд дар чанд самти асосӣ равшан мешавад, аммо дар зиндагӣ ин самтҳо ҷудо нестанд, ҳамаашон дар як рӯд ҷорӣ мешаванд. Дар сатҳи ахлоқӣ, модар ба фарзанд ростгӯйӣ, ҳурмат, покизагӣ, меҳнатдӯстӣ ва масъулиятро меомӯзонад. Ин омӯзиш бештар бо намуна аст. Фарзанд пеш аз он ки суханро қабул кунад, рафторро мебинад. Агар дар хона сухан бо эҳтиром гуфта шавад, эҳтиром табиӣ мешавад. Агар дар хона хашм қонун бошад, хашм одат мешавад. Аз ҳамин сабаб, модар дар тарбия, пеш аз ҳама, бо ахлоқи худ тарбия мекунад. Дар сатҳи эҳсосӣ ва равонӣ модар ба фарзанд эҳсоси амният медиҳад. Амният маънои он нест, ки кӯдак ҳеҷ гоҳ мушкил набинад, амният маънои он аст, ки кӯдак бидонад пушти ӯ муҳаббат ҳаст. Вақте кӯдак медонад, ки, ҳатто, агар хато кунад ҳам ӯро мешунаванд, ӯ ҷуръати таҷриба кардан пайдо мекунад. Ҷуръати таҷриба кардан, баъдтар, ба ҷуръати омӯзиш табдил меёбад.
Дар сатҳи зеҳнӣ ва фарҳангӣ модар аввалин муаллим аст. Аввалин калимаҳо, аввалин қиссаҳо, аввалин дуоҳо, аввалин сурудҳои гаҳвора, аввалин саволҳо ва аввалин ҷавобҳо, ҳама дар фазои модар ба вуҷуд меоянд. Забони модар танҳо воситаи гуфтор нест, он роҳи фикр кардан аст. Кӯдак тавассути забон ҷаҳонро ба маъно табдил медиҳад. Вақте модар бо кӯдак суҳбат мекунад, савол медиҳад, аз саволи кӯдак хурсанд мешавад, ӯ дар асл зеҳнро бедор мекунад. Ҳатто, одитарин гуфтугӯ дар ошхона ё дар роҳ метавонад як дарси зиндаи маърифат бошад, агар дар он меҳр, диққат ва эҳтиром ба фикри кӯдак ҳузур дошта бошад.
Дар сатҳи иҷтимоӣ, модар ба фарзанд муносибатро меомӯзонад. Муносибат бо ҳамсоя, бо хешу табор, бо меҳмон, бо калонсол, бо хурдсол. Фарзанд аз модар мефаҳмад, ки саховат чист, ҳамдардӣ чист, бахшиш чист. Ӯ мефаҳмад, ки дар ҷомеа инсонро на танҳо бо донишу қувват, балки бо инсонгарӣ мешиносанд. Ҳамин дарсҳо, баъдтар, ба фарҳанги шаҳрванди солим табдил меёбанд.
Дар фарҳанги мо дуо ҷойгоҳи баланд дорад. Дуои модарро мардум ҳамчун нур мешиносанд. Аммо дуо ҳамеша бо амал ҳамроҳ мешавад. Модар бо дуо фарзандро ором мекунад, бо амал фарзандро қавӣ мекунад. Модар бо дуо умед медиҳад, бо амал роҳ нишон медиҳад. Модар бо дуо дилро гарм мекунад, бо амал ҷаҳонбиниро месозад. Ва ҳамин ҷо тарбия ба фалсафа мерасад. Фалсафа на танҳо андешаҳои китобист, фалсафа тарзи зиндагист. Модар дар ҳар рӯзе, ки фарзандро ба ростӣ даъват мекунад, дар ҳар рӯзе, ки ӯро ба меҳнат одат медиҳад, дар ҳар рӯзе, ки ба ӯ мефаҳмонад инсон бояд бо одамон инсонӣ бошад, дар асл фалсафаи зиндагиро меомӯзонад.
Пас, Рӯзи Модарро метавон ҳамчун рӯзи ваъда низ тасаввур кард. Ваъдаи он ки мо муҳаббатро дар хона бештар мекунем. Ваъдаи он ки масъулиятро тақсим мекунем. Ваъдаи он ки ба фарзандон одоби қадршиносиро меомӯзем. Ваъдаи он ки модарро танҳо дар як рӯз ба ёд намеорем, балки дар ҳар рӯз бо як амали нек қадр мекунем. Зеро муҳаббат, агар танҳо дар сухан бимонад, зуд фаромӯш мешавад. Аммо муҳаббат, агар ба амал табдил ёбад, ба фарҳанг табдил меёбад. Фарҳанг бошад, миллатро месозад.


Фарҳод РАҲИМӢ, академики АМИТ

Санаи нашр: 10.03.2026 №: 46