АСОЛАТУ РИСОЛАТИ ШОҲОНА
![]()
Духтаре бо дили дарёӣ ва як ҷаҳон орзуҳои наку аз Кӯлоби бостонӣ ба шаҳри Душанбе омаду соҳибмаълумот гардид. Дар вазнинтарин рӯзҳои миллати мо, дар соли 1997, дар айёме, ки мардуми ҷангдидаву ғарибафтода ва озурдаҷони мо ба сухани нарму ширин чун малҳами захмҳо ниёз дошт, ба “Ховар” пайваст. Садои нозанину маҳини Шоҳона ба ишқи бепоёни шеъру шоирӣ омехта буд ва овояшро зуд ба дилҳо мерасонд.
Шояд ҳамин садои меҳру ишқ буд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат овози гӯшнавозаш ба мавҷҳои радиои навтаъсиси “Садои Душанбе” пайваст. Аз оғози фаъолият хоксориву фурӯтанӣ зару зевари Шоҳонабону Одиназода будааст. Барои ӯ кофӣ буд, ки садояш ба мардум бирасад, чеҳранамоӣ, худнамоӣ, “ситора шудан” дар сиришташ набуду нест. Медонист, ки хоҷа Ҳофиз чунин фармудааст:
Аз садои сухани ишқ надидам хуштар
Ёдгоре, ки дар гунбади даввор бимонд!
Муддате дар оинаи нилгун ҳам буд, назокатҳои ин корро дар ТВ “Сафина” фаро гирифт. Садоқату муҳаббаташ ба коғазу хома, пеша, ҳамкорон ва, пеш аз ҳама, ба Меҳан Шоҳонаро азизу мукаррам гардонд. Дар ҷомеаи рӯзноманигорӣ зуд номошно шуд. Соли 2015 сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” таъин шуд.
Ном ба одам шафоат мекунад гуфтаанд. Тасдиқи ҳамин гуфтаро дар симои Шоҳонабону ба рӯшанӣ метавон дид. Дар ҳама кор муносибаташ шоҳонаву хайрхоҳона аст. Аз хатти аслии фаъолият ва зиндагияш ҳувайдост, ки барои ӯ муҳимтарин ганҷ, ки бояд аз даст наравад, қиматтарин алмос, ки бояд нашканад, дил аст. Дили одам. Бовар дорад, ки коғазу қалам, вазифа ва масъулиятҳои гуногун барои дил бояд хидмат кунанд, на дил барои инҳо. Борҳо дили нозукашро бишкаста бошанд ҳам, ӯ нашкастааст ва аз он ки дар ҷаҳони дилаш гузаштҳои такрор ба такрор, сабру бахшиш намоди аслист, пушаймон нест.
Дили зебо, чеҳраи ҳамеша саршор аз табассум, дасти боз, ахлоқи сутудании тоҷиконаи Шоҳонабону беихтиёр дар замири дилхоҳ кас эҳтиром меангезад. Агар барои намунаи тоҷикона пӯшидан, ғурури шоистаи зани тоҷик доштан, адабу фарҳанги миллиро бонӣ будан бонуе ҷӯем, бешубҳа, яке аз онҳо Шоҳона аст.
Дар кори қалам ҳам пайваста ранҷ мекашад. Талошаш ин аст, ки “Бонувони Тоҷикистон”-ро ба оинаи тамомнамои зиндагиву фаъолияти занони некманиши кишвар табдил диҳад ва дар ин росто муваффақ ҳам шудааст. Китобҳои хубаш аз дили покаш паём мерасонанд. Ӯ аз “Хаёли ситорачин” ба оғӯши “Сад тарона” мерасад. Аз иффати “Сояи нигоҳ” ба “Оинаи ноз” пардохта, гул-гул мешукуфад. Бо шодии модариву фараҳи бепоён “Зодрӯзи Тоҷикистон”-ро ҷашн мегирад. Хурсандии кишвареро истиқбол мегирад, ки омадани Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми сулҳу ваҳдат оғози зодрӯз ва аз нав таваллуд шуданаш аст.
Аслан, ӯро падару модари равоншодаш чун гул парвардаанд. Иффату ҳаё, тамкину оромӣ ва озодагиву сарбаландияш аз тарбияти хуҷастаи хонаводагӣ сарчашма мегиранд. Аз ҳама чиз мегузарад, аммо аз ғурури зебандаи тоҷикона намегузарад. Нек медонад, ки занро дар ҷомеа сарфарозиву бениёзӣ мумтоз мегардонад.
Дар телефони дастӣ акси модарашро мебинаду ашк дар чашмонаш ҳалқа мезанад. Ҳамон азизе, ки замоне барояш гуфта буд:
Дар пичаву докаи сафедат ҷонам,
Дар ларзиши ҷисми баргибедат ҷонам.
Маъвои Худои ломакон дар дили туст,
Дар қалби накуи пурумедат ҷонам.
Ҳар боре дар суҳбаташ менишинем, аз оғоз то поён вожа-вожаи суханҳояш бо ҳазору як печутоб боз ҳам ба сарнавишти модари тоҷик, зани тоҷик гираҳ мехӯрад. Ӯ на танҳо аз тақдиру таҳсини занони мо мақолаву матлаб менависаду саҳифа-саҳифаи “Бонувони Тоҷикистон”-ро мисли боғбони нодиракору гулпарвари гулдаст оро медиҳад, балки дар андешаи он аст, ки чӣ кор бояд кард, то бонувону модарони мо ҷовидона хушбахту босафо бимонанд.
Гоҳе эҳсос мешавад, ки дар зиндагӣ ҳам Шоҳонабону бахту саодати хонаводагиро ба бисёр арзишҳои дигар бартарӣ додаву дар ин ҷодаи пуршараф ғолиби хастаҷон аст.
Ӯ ҳам имкон дошт, ки аз паси ҷоизаву унвонҳо бидавад, ба ҳама даст афшондаву дар сояи чанори ҳазорсолаи сарвода биншинад, дар шоирӣ даричаи эъҷозҳоро бикшояд, маҳфилҳои пурҳангома орояд, ҳамаро аз аксу наворҳои хеш пур кунад, аммо бо ҷавонмардии хоси худаш духтар, хоҳар, модар, сарвар ва ҳамсару кадбонуи намунавӣ буданро баргузид ва аз ин интихоби ҳумоюн лаҳзае пушаймон нест.
Бигзор, чунин рисолату асолати фаррухи Шоҳона Одиназода сад баҳори дигар поянда бимонад:
Бахти гул шодона дар оғӯши гулшан будан аст,
Тахти зан дар кулбаи хушбахти Меҳан будан аст.
Мо барои зан намеҷӯем унвону нишон,
Беҳтарин ҷоизаву унвони зан зан будан аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
