ИСТИҚЛОЛ, ПРЕЗИДЕНТ ВА ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

17 март 2026, Сешанбе
4


БА ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ”
Миллати тоҷик дар раванди таърих борҳо бо имтиҳонҳои сахт рӯ ба рӯ шуд, аммо маҳз такя ба тамаддуни куҳан ва фарҳанги ғанӣ миллатро аз парокандагӣ нигоҳ дошт. Тамаддуни ориёӣ барои мо танҳо гузашта нест, балки он пояи маънавии имрӯз ва сарчашмаи мондагорӣ барои фардост.


Ин тамаддун дар забони ширини тоҷикӣ зинда аст, дар ҳар калимае, ки аз меҳру эҳтиром саршор мебошад. Он дар осори безаволи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абулқосими Фирдавсӣ муҷассам аст.
Асрҳо сипарӣ шуда бошад ҳам, руҳу андешаи миллатро осори ниёгони мо ғизо медиҳанд. Он дар оинҳо, расму суннатҳо, тарзи зиндагӣ ва ҳатто дар ахлоқи мардум ҷараён дорад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷомеаи Тоҷикистон ба худшиносии амиқ ниёз дошт. Солҳои душвор нишон доданд, ки бе такя ба арзишҳои таърихӣ ва фарҳангӣ миллат устувор буда наметавонад. Дар ҳамин замина, бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи эҳёи тамаддуни ориёӣ ба як самти муҳими сиёсати фарҳангӣ табдил ёфт. Ин раванд на шиор, балки барномаи амал гардид. Маҳз дар чунин шароит асари арзишманди Пешвои миллат – “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ” (2006) ба як оинаи худшиносии миллӣ табдил ёфта, тоҷиконро ба дарки амиқи решаҳои тамаддуни ориёӣ раҳнамоӣ кард.
Воқеан, тоҷикон эҳсос карданд, ки реша доранд ва метавонанд бо ифтихор аз гузашта бо эътимод ба сӯи фардо қадам гузоранд. Ин эҳсоси худшиносӣ тадриҷан ба як неруи маънавӣ табдил ёфт, ки ҷомеаро ба ваҳдат, сулҳу субот ва созандагӣ раҳнамун шуд. Миллат дарк намуд, ки тамаддуни ориёӣ танҳо саҳифаи куҳани таърих нест, балки пояи маънавии имрӯзи мост.
Боиси хушҳолист, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2025 баён намуданд: “Ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар бунёд намудани Конуни тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд”.
Воқеан, эҳёи тамаддуни ориёӣ маънои зинда сохтани хотираи таърихӣ ва мероси фарҳангии миллати тоҷикро дорад. Нашри осори ниёгон, таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, таваҷҷуҳ ба покии забон, нишонаи онанд, ки миллат таърихи гузаштаи худро ҳифз ва зинда нигоҳ медорад.
Ҷавонон, ки пушту паноҳи миллатанд, мебояд таърихи гузаштаи худро омӯзанд ва баҳри сохтани фардои неки давлат кӯшиш намоянд. Тавре Пешвои миллат низ иброз медоранд: “Чун сухан дар бораи таърих ва тамаддуни ориёиҳо меравад, қаламрави паҳновари зиндагӣ ва амалиёти низомӣ ва бархӯрдҳои нахустини давлатҳои ориёиҳо, динҳо ва фарҳангҳои онҳоро омӯхтан зарур аст. Зеро миллати мо то имрӯз чи гуна масири пурпечу тоби таърихро дар таркиби давлатҳои ориёӣ ва ғайриориёӣ тай кардааст, бояд мавриди алоқамандии мардуми мо, бавижа ҷавонон қарор гирад”. Имрӯзҳо ҷавонон бо иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ, намоишҳои анъанавӣ ва омӯзиши ҳунарҳои миллӣ бештар бо таърихи худ ошно мешаванд. Онҳо худро меросбари як тамаддуни куҳан медонанд ва бо эҳсоси ифтихор дар чорабиниҳои фарҳангӣ ширкат меварзанд. Ин эҳсос худ ба худ пайдо нашуда, балки натиҷаи сиёсати пайгирона ва арҷгузорӣ ба мероси гузашта аст.
Бояд зикр намуд, ки эҳёи тамаддуни ориёӣ танҳо кори давлат нест. Он аз ҳар хонавода оғоз мешавад. Вақте падару модар ба фарзанд аз таърихи ниёгон қисса мекунанд, вақте китобхонӣ ба як одат табдил меёбад, вақте ҳар кас ба забону фарҳанги худ эҳтиром мегузорад ва бо забони ноби тоҷикӣ сухан мегӯяд, пояҳои маънавии миллат мустаҳкам мешаванд.
Эҳёи тамаддуни ориёӣ рамзи ифтихор ва пойдории миллат аст. Миллате, ки гузаштаашро мешиносад ва аз он неру мегирад, метавонад ояндаи худро бо эътимод бисозад. Тамаддуни ориёӣ барои тоҷикон на танҳо хотираи таърих, балки чароғи роҳнамои фардост.


Басона САТТОРЗОДА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.03.2026 №: 52