НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ВОХӮРӢ БО СОБИҚАДОРОН
Дар доираи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фурӯғи маърифат” бо иштироки раиси Шурои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон – Ғайбулло Афзалов дар мавзуи “Китобхонӣ – асоси тафаккури солим” ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора аз Шурои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Зикр гардид, ки дар ҳамоишҳое, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гаштанд, роҳбарият ва аъзои Ҳаракати мазкур бо сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, сарбозону афсарони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вохӯрию мулоқот доир намуда, дар мавзуъҳои ҳимояи марзу буми муқаддаси Ватан, эҳёи арзишҳои миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, омилҳои пешгирии гаравиши ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва таассуби динӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суҳбат намуданд.
Дар оянда баргузории чунин ҳамоишҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ, роҳандозӣ гашта, зимни он мавзуъҳои муҳими рӯз баррасӣ хоҳанд гашт.
Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА, “Ҷумҳурият”
БОСТОНШИНОСӢ. ҲАФРИЁТ ДАР НОҲИЯҲОИ ФАРХОРУ ДАНҒАРА
Дар ёдгории аҳди биринҷии Чилтанбобои ноҳияи Фархор экспедитсияи муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳо ва Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия, аз 1 майи соли ҷорӣ идома дорад. Дар он муҳаққиқон С. Бобомуллоев, доктори илмҳои таърих (роҳбари гурӯҳ), М. Наврӯзбеков, антрополог, М. Шарифов ва аз ҷониби Россия Н.М. Виноградова, доктори илмҳои таърих ширкат меварзанд.
Дар натиҷаи ҳафриёт ба бостоншиносон муяссар гардид, ки якчанд қабрҳои замони маданияти Вахшро пайдо намоянд, ки ҷасадҳо бо хусусияти хоси маросимӣ дафн карда шудаанд.
Корҳои бостоншиносӣ дар ин ёдгорӣ то 30 майи соли 2023 идома меёбанд.
Инчунин, аз 29 апрели соли 2023 дар ёдгории таърихии Золи Зари ноҳияи Данғара экспедитсияи муштараки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Миссияи бостоншиносии Маркази миллии илмҳои Фаронса ҳафриёт мебаранд. Ба ин ҳафриёт академик Ю.Яқубов, Т.Г. Филимонова, номзади илмҳои таърих, А. Қараев, И. Ашурмадов ва аз ҷониби бостоншиносони Фаронса Матилд Желен, Валер Бомбо, Реми Ламбер, Албан Сантеноа, Ҳерман Жозеф Зейен ва Марк Песел ҷалб шуданд.
Корҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Золи Зари ноҳияи Данғара аз соли 2021 идома доранд. Аз натиҷаи ҳафриётҳо маълум шуд, ки ёдгории Золи Зар ба давраи Юнону Бохтар мутааллиқ аст. Дигар ёдгориҳои таърихии мансуб ба ин давра дар мавзеъҳои Пушинг, Ғиҷовак, Паркамчӣ, Ёхсу, Маликова, Мазори Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин ёфт шуда, оғози корҳои бостоншиносӣ дар онҳо дар назар аст.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ёдгории Золи Зар то 7 июни соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт.
ОЛИМПИАДАИ АВРУПОӢ. ТОҶИКДУХТАР ДАР БАЙНИ НАМОЯНДАГОНИ 55 ДАВЛАТ ҶОЙИ СЕЮМРО СОҲИБ ГАРДИД
Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии фанҳои табиӣ – риёзӣ, ки рӯзҳои 18 – 19 май баргузор гардид, Аниса Буриева ва Фараҳноз Нормуродзода, ки шогирдони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе мебошанд, аз фанни математика сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 13 то 18 апрели соли равон дар Ҷумҳурии Словения 12-умин Олимпиадаи аврупоӣ аз фанни математика барои духтарон (European Girls’ Mathematical Olympiad) баргузор гардида буд, ки дар он 213 нафар хонанда аз 55 кишвари олам, аз ҷумла ИМА, Чин, Австралия, Олмон, Канада, Англия, Япония, Исроил, Бразилия, Фаронса, Мексика, Швейтсария, Арабистони Саудӣ, Колумбия ва Юнон, иштирок доштанд. Дар ин рақобати зеҳнии сатҳи ҷаҳонӣ талабаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Аниса Буриева Парчами Тоҷикистонро боло бардошта, ҷойи сеюмро ишғол намуд. Ҳамзамон, хонандаи ҳамин муассиса Фараҳноз Нормуродзода сазовори ҷойи ифтихорӣ гашт, ки боиси таҳсину офарин аст.
Маъмурияти Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар саҳифаи фейсбукии худ пирӯзии хонандагонашро чунин таъкид намудааст: «Тамоми шароите, ки дар муассиса фароҳам овардем, барои рушду пешрафти шогирдон пешбинӣ гаштааст. Умед аст, ки дар оянда сафи парчамбардорони кишвар дар соҳаи илмҳои дақиқ зиёд мегардад ва Парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар сатҳи байналмилалӣ борҳо баланд хоҳад шуд.
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 19.05.2023 №: 105
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)