ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. ЭЪТИРОФИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

30 март 2026, Душанбе
6


Таҷрибаи робитаҳои байналмилалӣ ва иштирок дар конфронсҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки эҳтиром ба арзишҳои моддӣ ва маънавии ҳар як миллат одатан бо санаҳои муҳим ва ҷашну рӯйдодҳои таърихӣ алоқаманд аст. Ин гуна вобастагӣ аҳамияти умумибашарии чунин санаҳоро таъкид намуда, зарурати баррасии онҳоро ҳамчун масъалаи калидӣ нишон медиҳад.
Бо ҳамин асос, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки як рӯз ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад.
Дар замони имрӯз инсоният бо мушкилоти ҷиддии тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидааст, ки яке аз онҳо обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи асосии оби тоза, танзимкунандаи низоми иқлим ва омили муҳими рушди устувор барои миллионҳо нафар аҳамияти ҳаётан муҳим доранд. Бо дарназардошти ин, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намуд. Ин ташаббус аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо татбиқ шуд.
Қабули қатънома оид ба эълони соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян намудани 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҷавоб ба нигарониҳои афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба камшавии захираҳои криосфера мебошад. Ин иқдом идомаи сиёсати фаъолонаи Тоҷикистон дар самти масъалаҳои об ва иқлим ба ҳисоб меравад.
Бахусус давоми ду даҳсолаи охир бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи пиряхҳо ба самти муҳими сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтааст. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки обшавии пиряхҳо на танҳо мушкили миллӣ, балки мушкили сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Бо ташаббуси Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки намояндагони даҳҳо кишвар ва созмонҳои байналмилалиро муттаҳид намуд. Дар ин ҳамоиш масъалаҳои амнияти об, озуқаворӣ, энергетика ва таъсири тағйирёбии иқлим мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Мақсади асосии конфронс ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ ба онҳо буд.
Пиряхҳо зиёда аз 70 фоизи захираҳои оби ширинро нигоҳ медоранд ва барои таъмини ҳаёти инсон аҳамияти бузург доранд. Дар Тоҷикистон ҳазорҳо пирях мавҷуд буда, онҳо манбаи асосии дарёҳои минтақа мебошанд.
Обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба чунин паёмадҳо оварда расонад:
 зиёд гардидани хатари селу обхезиҳо;
 таъсири манфӣ ба амнияти озуқаворӣ;
 коҳиши имкониятҳои энергетикӣ;
 кам шудани оби нӯшокӣ;
 баланд шудани сатҳи уқёнусҳо.
Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ин масъала махсусан муҳим аст, зеро аксари дарёҳо аз пиряхҳо сарчашма мегиранд.
Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ Тоҷикистон як қатор пешниҳодҳои муҳимро ба миён гузоштааст, аз ҷумла таъсиси марказҳои илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ.
Бо вуҷуди саҳми ночиз дар партобҳои газҳои гулхонаӣ, Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим мавқеи фаъол дорад. Қисми зиёди неруи барқ дар кишвар аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мешавад.
Эълони 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамчун майдони муттаҳидсозии талошҳои давлатҳо барои ҳифзи муҳити зист хизмат мекунад.
Дар шароити кунунӣ масъалаи тағйирёбии иқлим ва камшавии захираҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти асосии башарият табдил ёфтааст. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги пиряхҳо мебошад, дар ҳалли ин масъала нақши калидӣ мебозад.
Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои обӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зарурати рушди илми пиряхшиносиро таъкид кардаанд. Аз ҷумла, пешниҳод оид ба табдил додани Маркази омӯзиши пиряхҳо ба институт аҳамияти бузурги илмӣ дорад.
Таъсиси институти махсус имкон медиҳад, ки таҳқиқоти илмӣ густариш ёфта, мониторинги пиряхҳо дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардад. Инчунин, он барои омода намудани мутахассисони ҷавон ва рушди илм мусоидат мекунад.
Таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи гармшавии глобалӣ пиряхҳо тадриҷан коҳиш ёфта истодаанд. Ин раванд метавонад ба зиёдшавии офатҳои табиӣ ва таъсири манфӣ ба иқтисодиёт оварда расонад.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешсаф дар масъалаҳои об ва иқлим эътироф шудааст. Ташаббусҳои он, аз ҷумла эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, дастгирии васеи ҷомеаи ҷаҳониро ба даст овардаанд.
Дар маҷмуъ, ҳифзи пиряхҳо на танҳо масъалаи экологӣ, балки масъалаи амнияти глобалӣ мебошад. Тоҷикистон бо сиёсати дурандешона ва ташаббусҳои созандаи худ дар ин самт саҳми арзанда мегузорад.


Рамазон ИЗАТУЛЛОЗОДА, Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз

Санаи нашр: 20.03.2026 №: 55