ҶОЙГОҲИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУДИРИЯТИ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК, ФОРСИЗАБОН ВА ОРИЁӢ
Дар бораи ҷойгоҳи фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон лозим медонам хотираеро ёдоварӣ намоям. Як сол пеш Теҳрон рафта будам. Такси гирифтам, то ба «Синамопарк» биравам. Ронандаи такси як шахси мураттаб буд. Аз ман пурсид, аз куҷоӣ? Гуфтам аз кишвари Афғонистон. Гуфт забони мардуми Тоҷикистону Афғонистон монанди Эрон форсӣ аст ва ману шумо ҳамзабонем. Дар бораи ҷашнҳои бостонӣ, монанди Наврӯз, Чилла, Меҳргон, Сада ва ғайра сухан гуфт ва ибрози нигаронӣ кард, ки ба ин ҷашнҳо ғайр аз Тоҷикистон дар кишварҳои дигари форсизабон чандон таваҷҷуҳ намешавад. Аз ман пурсид, медонӣ чаро дар Тоҷикистон ба ҷашнҳои ориёӣ таваҷҷуҳ мешавад ва ин ҷашнҳо ба хубӣ баргузор мегарданд? То ман ибрози назар кунам, гуфт: «Дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, фарзанди асили ориёӣ Президент аст, ки қадри фарҳангу ҷашнҳои ориёӣ ва ниёконро медонад. Таъкид кард, ки кишварҳои форсизабон ниёз доранд монанди Эмомалӣ Раҳмон аз фарзандони асили ориёии худ роҳбар дошта бошанд».
Ин назари як шаҳрванди эронӣ дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки хеле маънодор аст. Чаро? Барои ин ки баёнгари ҷойгоҳи фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон дар берун аз марзҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва назари воқеӣ ва дақиқ низ аст.
Агар таваҷҷуҳ намоем, ончунон ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарҳанг, суннат ва ҷашнҳои ниёкон арҷ мегузорад ва аз ин фарҳанг посдорӣ мекунад, дар дигар кишварҳои форсизабон ба фарҳанги ориёӣ чандон таваҷҷуҳ нест ва, ҳатто, бо фарҳанги ниёкони бумӣ мухолифат мешавад. Баръакс нисбат ба фарҳанг ва ҷашнҳои ориёӣ бемеҳрӣ сурат мегирад. Хушбахтона, ба гуфтаи ҳамон шаҳрванди эронӣ, Тоҷикистон фарзанди асили ориёӣ монанди Эмомалӣ Раҳмон дорад, ки бо миллати тоҷик аз фарҳанг ва ҷашнҳои ориёӣ посдорӣ ва ин фарҳангро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Маҳатма Ганди гуфта буд: «Фарҳанги кишварҳои ҷаҳон бояд ба фарҳанги Ҳинд монанди насим бивазад ва бо ин вазиш байни фарҳанги Ҳинд бо фарҳангҳои ҷаҳон таодул эҷод шавад, ки муҷиби шукуфоии ҳарчи бештари фарҳанги Ҳинд ва ҷаҳон шавад. Аммо фарҳанге, ки қасди таҳоҷум ва аз байн бурдани фарҳанги Ҳиндро дошта бошад, он фарҳанг мавриди пазириши мо нест».
Сиёсати фарҳангии Эмомалӣ Раҳмон исботи ҳамин сухани Ганди аст, зеро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фарҳанги кишварҳои ҷаҳон таассуб надорад ва мехоҳад мардуми тоҷик бо фарҳанги кишварҳои ҷаҳон ошно бишаванд ва фарҳанги тоҷик ва кишварҳои ҷаҳон бо ҳам таодул дошта бошанд ва ба шукуфоӣ бирасанд. Аммо фарҳанге, ки бихоҳад фарҳангу забони тоҷикро ҳазф кунад ва ҷойи фарҳангу забони тоҷикро бигирад, мухолифи чунин таҳоҷуми фарҳангӣ аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба хубӣ тавзеҳ медиҳад, ки фарҳангу забон барои як миллат чӣ қадар муҳим аст: «Агар ба таърихи забонҳои ҷаҳон аз оғози пайдоиш то имрӯз нигарем, мебинем, ки забони ҳар миллат дар ҳамаи давраҳои таърихӣ дар сатҳи тараққиёти тафаккур ва андешаи соҳибони он қарор дошта, дараҷаи пешрафти моддӣ ва маънавии онро инъикос мекунад. Ба ибораи дигар, миллат ҳар қадар пешрафта ва созандатар бошад, забон ҳам ба ҳамон андоза тавоно, зоянда ва поянда аст». Дуруст аст, ки фарҳанги тоҷик барои Эмомалӣ Раҳмон хеле аҳамият дорад, аммо бино ба дарки дуруст ва илмие, ки аз коркарди ҷаҳонии фарҳанг дорад, дар сиёсату мудирияти фарҳанг бо фарҳанги тоҷик, ориёӣ, исломӣ ва ғарбӣ бархӯрди андешабарангез ва воқеъгаро дорад.
Дар бархе аз кишварҳо маъмулан дар мудирияти фарҳангҳо ифроту тафрит сурат мегирад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати фарҳангӣ бо таваҷҷуҳ ба меҳварияти фарҳанги миллӣ, мардумӣ ва бумии мардуми тоҷик ва сарзамини Тоҷикистон таомулу таодулро бо фарҳанги исломӣ ва модерн барқарор нигаҳ медорад.
Ин ки дар сиёсати фарҳангии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанги тоҷику ориёӣ дар меҳвар қарор дорад, барои ин аст, ки роҳбари ҳар кишвар дар қадами нахуст посдори фарҳанги мардум ва кишвари худ бояд бошад, зеро дар ҷаҳон даҳҳо кишвари исломӣ вуҷуд дорад, ки фарҳанги исломӣ байни онҳо муштарак аст ва ҳамин тавр, фарҳанги модерн низ дар кишварҳои ҷаҳон ба гунаҳои мутафовит вуҷуд дорад, аммо кишвари Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аст ва посдорию масъулияти фарҳанги бумии ин кишвар ва муаррифии он дар ҷаҳон бар дӯши Президент, давлат ва мардуми Тоҷикистон аст.
Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва мудирияти фарҳангии худ фаротар аз фарҳанги мардуми Тоҷикистон аз кулли фарҳанги ориёӣ ва тамоми форсизабонон ба номи «Фарҳанги ниёкон» посдорӣ мекунад. Ҳақиқат ин аст, ончунон ки аз фарҳанг ва ҷашнҳои ориёӣ дар Тоҷикистон посдорӣ мешавад, дар кишварҳои дигари форсизабон намешавад.
Яъқуб ЯСНО, Афғонистон
