ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. МУТТАҲИДӢ БА ХОТИРИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ОБУ ИҚЛИМ

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. МУТТАҲИДӢ БА ХОТИРИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ОБУ ИҚЛИМ

22 май 2023, Душанбе
57
0
Давоми ду рӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси 5-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид. Конфронси мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ  ва Бонки ҷаҳонӣ созмон дода шуда, дар он намояндагони вазоратҳои дахлдори кишварҳои Осиёи Марказӣ, созмонҳои байналмилалӣ, институтҳои илмию молиявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд. 
Ҳадаф аз баргузории Конфронс омӯзиши мушкилоту камбудиҳо дар иҷрои уҳдадориҳои иқлимии Созишномаи Париж аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, баррасии имкони ҳамкориҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани устувории муҳити зист, об, захираҳои энергетикӣ ва озуқаворӣ дар минтақа мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи Конфронс муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Мавлодод Абдуқодир чунин гуфт: “Конфронс тавассути амалҳои мушаххас ба ҳалли мушкилот ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим дар пешбурди сиёсати экологӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт. Ин имконият медиҳад, ки кишварҳои мо муттаҳид шуда, ба иҷрои уҳдадориҳои худ оид ба кам кардани газҳои гулхонаӣ ва, бо ин восита, коҳиш додани гармшавии глобалии Замин ноил гарданд. Ин бисёр муҳим аст, зеро тағйирёбии иқлим ба обшавии пуршиддати пиряхҳо таъсири манфӣ расонда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва ҳифзи захираҳои оби минтақа хатари ҷиддӣ дорад. Ҳоло барои мониторинги пиряхҳо шарики ҳамкорӣ меҷӯем, ки аз мо корҳои таъхирнопазирро талаб мекунад. Таъсис ва амалисозии Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар ҳалли ин мушкилот мусоидат менамояд".
– Ба мизбони Конфронс – Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳаббати самимие, ки мо ҳамеша эҳсос мекунем ва ба ҳамтоёну шарикони рушд сипос мегӯям, – изҳор дошт зимни оғози суханронӣ Татяна Проскурякова, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ.  Ӯ афзуд, вақте ки дар ин ҷо ба кӯҳҳо, ҳавои тоза, оби соф ва гулҳои садбаргу лола менигарам, дар бораи тағйирёбии иқлим фикр намудан мушкил аст. Аммо онҳое, ки дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд, дигаргуншавии иқлимро, аллакай, мушоҳида менамоянд.    
Бо тағйирёбии иқлим аввал фаъолияти  соҳаи саноат осеб мебинад. Мо бояд дар бораи тартиб додани нақша ва инкишофи корҳои худ биандешем, ки ҳамаи мамлакатҳои манфиатдорро муттаҳид месозад. Мо мехоҳем бештар ба тадбирҳои минтақавӣ ва глобалии марбут ба устувории иқлим тамаркуз намоем. Аз ин рӯ, ҳоло гузориши аввалин ва лоиҳаҳои муҳим барои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳия карда истодаем, ки тамоми бахшҳоро фаро мегиранд ва бо коҳиш ёфтани хавфҳо ва рушди “иқтисоди сабз” дар Осиёи Марказӣ  мусоидат менамоянд. Минбаъд ҳамаи сармоягузориҳои нави Бонки ҷаҳонӣ ба татбиқи Созишномаи Париж равона мешаванд. Бори дигар ба кишвари ташаббускор – Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ барои ҳадафҳои ба манфиати ҳамаи мо гузошташуда, изҳори сипос менамоям. Мо мефаҳмем, ки татбиқи чунин ҳадафҳои бузург осон нест. Аз ин рӯ, мо шуморо дастгирӣ менамоем. 
Дар рафти Конфронс намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон,  тариқи онлайн дар бораи вазъи имрӯзаи таъсири тағйирёбии иқлим ба кишварҳояшон гузориш доданд. Намояндагони ин мамлакатҳо таъкид доштанд, ки масъалаҳои бе ин ҳам нигаронкунандаи норасоии об, мушкилот дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла камшавии чарогоҳҳо, проблемаҳои вобаста ба камчинии неруи барқ ва чандин дигар масъалаҳои ҳалталаб, аз таъсири дигаргуншавии иқлим дучанд афзудандаанд. Гуфта шуд, ки ин камбудиҳо мушкили умумиминтақавӣ ва ҷаҳон буда, муттаҳидии кишварҳоро тақозо менамояд. 
Раймундас Кароблис, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар навбати худ гуфт, ки ҳамкории дарозмуддат кишварҳои минтақаро муттаҳид месозад. Сарфи назар аз хусусиятҳои хеле гуногуни Осиёи Марказӣ, моро зарур аст, ки барои кам кардани таъсири дигаргуншавии иқлим корҳои воқеӣ анҷом диҳем. Дар ин бора, аллакай, зиёд гуфтанд. Ман танҳо мехоҳам аз обшавии пиряхҳое, ки бояд ҳифз шаванд, бигӯям: намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаббусашон дар сатҳи ҷаҳонӣ истиқбол менамоянд ва мо онро бодиққат назорат мекунем. Инчунин, ташкили бомуваффақияти Саммити ҷаҳонии об дар шаҳри Ню-Йорк дар қароргоҳи СММ бо кишвари Нидерланд боиси таҳсин аст. Ғайр аз ин, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дастгирӣ менамоем. Бо дарназардошти мавқеи стратегии геополитикии Тоҷикистон, мо мебинем, ки ин кишвар дар ҳалли мушкилоти энергетика ва об дар тамоми минтақа нақши хеле муҳим мебозад. Барои мисол, Неругоҳи барқи обии “Роғун” дорои потенсиали тағйири воқеии истеҳсоли неруи барқ буда, дар мутобиқшавии иқлим саҳми назаррас мегузорад.
Воқеан, дар шароити минтақаи Осиёи Марказӣ ҳалли мушкилоти иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим танҳо тавассути ҳамкориҳои минтақавӣ имконпазир аст. Конфронс ҳамчун платформаи пешбурд ва густариши муколамаи минтақавӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳо роҷеъ ба афзалиятҳои миллии иқлим ва маблағгузории он хизмат мекунад. Дар робита ба ин, Татяна Проскурякова, директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ, чунин изҳор дошт:
– Хеле муҳим аст, ки Конфронс дар мавзуи «Тағйирёбии иқлим ва рушд» баргузор гардид, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки бо рушди иқтисодӣ мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим бештар имконпазир аст. Бонки ҷаҳонӣ мусоидаткунандаи молиявӣ буда, бузургтарин маблағгузори лоиҳаҳои мутобиқшавӣ ба дигаргуншавии иқлим дар саросари ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Масалан, соли гузашта Бонки ҷаҳонӣ ба ҷаҳон дар самти тағйирёбии иқлим 32 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардааст. Ҳоло мо дар марҳилаи таҳияи харитаи роҳи таҳаввулоти Бонк қарор дорем ва нақша аст, ки рӯзномаи худро каме тағйир диҳем ва таваҷҷуҳро ба экология зиёд созем. Дар давоми кори Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ 5 миллиард доллар маблағ ҷудо шудааст. Умуман, мо фарогири дастгирии соҳаҳои хеле зиёд ҳастем ва ҳоло иқтидори маблағгузории мо 12 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ташкилоти мо, асосан, ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дигар проблемаҳои глобалӣ бахшида шуда, ба маблағгузории сармояи инсонӣ манфиатдор аст, зеро рушди дарозмуддати иқтисодии ҳар як кишвар аз солимии аҳолии он вобаста мебошад ва сармоягузорӣ ба тағйирёбии иқлим ҳам ба сифат ва саломатии аҳолӣ вобаста аст. Ҳоло маблағи калонтарини мо барои аз нав барқарор кардани захираҳои оби Тоҷикистон равона шудааст. Аз ин рӯ, моҳи январи соли ҷорӣ барои аудит ва таҳкими техникии Неругоҳи барқи обии “Роғун” лоиҳаи ёрии техникиро тасдиқ кардем.
Зафар Маҳмудов, директори иҷроияи Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ, ба таъкиди гуфтаҳои боло чунин изҳор дошт:
– Мо хеле хушнудем, ки тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ дар  Тоҷикистон барои Конфронси навбатӣ оид ба тағйирёбии иқлим ҷамъ омаданд. Ҳамаи мамлакатҳои Осиё мисле, ки дар ҳавзаи калони баҳри Арал ҷойгиранд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан як мушкилот доранд ва ин ҳам марбут ба об аст. Мо захираҳои обро қариб барои ҳамаи соҳаҳои тараққиёт истифода мебарем. Аз ин рӯ, ташкили ин Конфронс имкони мубодилаи таҷрибаро фароҳам меорад. Имрӯз мо  суханронии Татяна Проскуряковаро шунидем ва хабари хеле хуш доданд, ки акнун ҳамаи лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ бидуни истисно ба татбиқи Созишномаи Париж мусоидат хоҳанд кард. Умедворем, ки дар доираи Конфронс мо метавонем бисёр масъалаҳои муттаҳидсозии минтақаро барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳал намоем. 
Ҳангоми ҷамъбасти натиҷаҳои Конфронс пешниҳодҳои асосии ҳамаи ҷаласаҳо ва мубоҳисаҳои баёнгардида баррасӣ шуданд, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо дар татбиқи уҳдадориҳои глобалии иқлим ёрӣ мерасонанд.  
Бахши хеле муҳими Конфронс ҷавонон ва ҷомеа буданд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи татбиқи сиёсати иқлим дар минтақа мебошанд.
Хуллас, Конфронси мазкур як марҳилаи омодагӣ ба ташкили павилони навбатии Осиёи Марказӣ дар Конфронси 28-уми Ҷонибҳо (COP-28) мебошад, ки консепсияҳо ва стратегияҳои оқилонаи иқлими кишварҳои минтақаро муаррифӣ хоҳад кард.
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.05.2023 №: 106 - 107
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив