АБУМАҲМУДИ ХУҶАНДӢ. МОДЕЛҲОИ РАСАДХОНАИ ДОНИШМАНДИ ТОҶИК ДАР ОЛМОН ВА ТУРКИЯ
Моделҳои расадхонаи шаҳри Рай, ки бо роҳбарии Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва дастгирии молиявии амири Рай аз оли Буя – Фахруддавла (953 - 997) дар болои кӯҳи Таборак сохта шудааст, ҳоло осорхонаҳои Олмон ва Туркияро оро медиҳанд. Хостем дар бораи ин расадхона ба хонандагони рӯзнома маълумот диҳем.
Машҳуртарин асбоби сохтаи донишманди бузурги тоҷик Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар ин расадхона “Судси Фахрӣ” мебошад, ки тавассути он кунҷи майли эклиптика (доират-ул-буруҷ) бар ҳамвории экватор (истиво)-и осмониро дар асоси дарёфти баландии Офтоб дар лаҳзаҳои инқилоби тобистона (22-юми июн) ва зимистона (22-юми декабр) муайян кард, ки барои соли 994 ба 23º 32′ 21′′ баробар аст. Ин нишондод саҳеҳтарин андозагирӣ дар он замон маҳсуб меёфт, зеро то замони Абумаҳмуди Хуҷандӣ тамоми ҳодисаҳо бо саҳеҳии дақиқа муайян мешуданд, Хуҷандӣ бошад, онро то ба сония расонд.
Дар бораи саҳеҳии судси Хуҷандӣ, Берунӣ, ки аз сохту тарзи истифодаи он бохабар буд, дар китоби “Геодезия” навиштааст: “Ва ин судс аз лиҳози бузургӣ ва дурустӣ, ба ҳар чи пеш ва пас аз он ба кор рафта, бартарӣ дорад...”. Ҳамчунин, Абумаҳмуди Хуҷандӣ арзи шаҳри Райро низ муайян кард, ки ба 35º 34′ 15′′ баробар аст.
Дар бораи сохт ва тарзи истифодаи ин судс Абурайҳони Берунӣ дар асараш “Геодезия” («Андар муайян кардани ҳад барои мушаххас кардани масофаи байни маҳалҳои зисти мардум») аз рисолаи худи Хуҷандӣ «Рисола фӣ тасҳеҳ ал-майл ва арз ал-балад» овардааст: “Ва сипас, Абумаҳмуд Ҳомид ибни Хизри Хуҷандӣ бо фармони Фахруддавла, дар кӯҳи Таборак, шаҳри Рай, ду девори мутавозӣ (параллел) бар хатти нисфуннаҳор (меридиан) ба фосилаи ҳафт зироъ (тақр. 3,5 м) аз якдигар сохт ва бар рӯйи ду девор тоқе зад, ки дар миёни он сӯрохи гирд ба қутри як ваҷаб (тақр. 20 см) сохта буд. Ва маркази ин сӯрохро маркази судси доираи азиме ба қутри ҳаштод зироъ (тақр. 40 м) қарор дод, ки бар хатти нисфуннаҳор ду девор ниҳода буд; сатҳи он судс бо тахта ва рӯйи тахта бо сафҳаи биринҷӣ пӯшида шуда ва ҳар як аз дараҷоти муҳити он ба сесаду шаст қисмат тақсим шуда буд, ки ҳар қисмате намояндаи даҳ сония буд. Офтоб аз ин сӯрох ба сатҳи нисфуннаҳор метобид. Ва Абумаҳмуд чанбаре ба андозаи нуре, ки бар замин меафтод, сохт, ки маркази он маҳали тақотеи ошкори ду қутри он буд; ин чанбарро бар муҳити равшании Офтоб мегузошт ва аз рӯйи маҳали қарор гирифтани он фосилаи миёни Офтоб ва самтурраъс (зенит)-ро ба даст меовард”.
Сохти расадхонаи Рай ва тарзи ҷойгиршавии судс дар он аз тарафи олимони зиёд, аз ҷумла устод Хуршед Абдуллозода бозсозӣ гардидааст.
Баъди тақрибан чаҳор аср донишманди дигари бузурги тоҷик Ҷамшеди Кошонӣ дар расадхонаи Самарқанд, бо роҳбарии Улуғбек, судси Хуҷандиро аз нав, аммо ба андозаи ду баробар бузургтар месозад, ки дар натиҷа саҳеҳияти мушоҳидаҳо низ беҳтар мешаванд. Ҳамчунин, судси Абумаҳмудро дар расадхонаҳои шаҳри Ҷайпур, Деҳлӣ, Банорас, Муттра ва Уҷҷайн сохта, асрҳои зиёде истифода бурдаанд.
То сохтани телескоп аз тарафи Галилео Галилей “Судси Фахрӣ” дақиқтарин ва муҳимтарин асбоби расадии нуҷумӣ ба ҳисоб мерафт.
Модели дар расм овардашуда (расми 1), дар Осорхонаи Пажӯҳишгоҳи таърихи илмҳои арабу исломии Донишгоҳи Ҳёти Франкфурти лаби Майн қарор дошта, бо миқёси 1:30 сохта шуда, бару дарозиаш 100 см ва баландиаш 70 см буда, аз чӯб сохта шудааст.
Ҳамчунин, модели ба ин монанд дар Осорхонаи таърихи илм ва техникаи исломӣ дар боғи Гултеппаи Туркия ба намоиш гузошта шудааст (расми 2).
Ризои БАҲРОМЗОД, номзади илмҳои физикаю математика
