ШОМИ ШАНБЕ
ФИЛВОРДИ «ТОҶИКОНА»
Дар ин филворд филмҳои истеҳсоли Болливуд (Ҳиндустон) нуҳуфтаанд, ки номи зебои тоҷикона доранду дар онҳо нақши асосиро Дилип Кумар, Раҷ Капур, Дҳармендра, Амитабҳ Баччан, Ракҳи Гулзор, Санҷай Датт, Шоҳрух Хон ва Каҷол бозидаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. ШОКИР
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ҲУНАР»:
1. Ҳабибулло 2. Убайдулло 3. Аловуддин 4. Раҷабалӣ 5. Ато 6. Ҳошим 7. Марям
8. Носир 9. Раҷабгул 10. Мушаррафа 11. Дилбар 12. Аслӣ 13. Гурминҷ
14. Зоҳир 15. Бахтулҷамол 16. Шералӣ 17. Аслан
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
МАВЛУДА ВА ЯК МУЪҶИЗА
Мавлуда Латифова то 13-солагӣ ба дасту по пойафзол пӯшида, роҳ мегашт. Сарнавишти ин духтараки тоҷик баъди роҳ ёфтани як навораш дар интернет ба куллӣ тағйир ёфт. Казбек Кудзаев, ҷарроҳи пластикӣ ва ортопеди маъруф аз Осетияи Шимолӣ, ӯро барои муолиҷа ба Владикавказ даъват карда, на танҳо ҷарроҳиашро ройгон гузаронд, балки роҳкиро, ҷойи хоб ва дигар шароити будубоши Мавлуда ва волидонашро таъмин намуд. Ҳоло Мавлуда 17-сола аст. Чанде пеш ӯ ба як барномаи телевизиони “Русия” (Песни от всей души), ки дар он Казбек Кудзаев иштирок дошт, даъват шуд. Яке аз лаҳзаҳои таъсирбахши барнома маҳз вохӯрии Кудзаев бо (акнун собиқ) бемораш аз Тоҷикистон буд, зеро Мавлуда бо пойи худ ҳаракат карда, назди табибаш омад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ОЁ МЕДОНЕД?
Вақте кроссворд мегӯ-ем, хурду бузург медонанд, ки сухан дар бораи чи меравад. Чун шартҳои душворфаҳм надорад, қариб барои ҳама як машғулияти дӯстдошта маҳсуб меёбад. Ҳатто дар замони муосир нафаронеро пайдо кардан мумкин аст, ки нисфи умрашонро ба омӯзишу таҳияи кроссвордҳо гузарондаанд. Фарзи мисол, нависандаи камошнои амрикоӣ Адриан Белл тули 50 сол, аниқтараш аз соли 1930 то соли 1980, ба рӯзномаи машҳури "Таймс" беш аз 4500 кроссворд ирсол намуда, ҳамаро ба ҳайрат овардааст.
Бо вуҷуди ин, фикр мекунам, кам касоне огоҳанд, ки кроссвордҳо таърихи ниҳоят қадимӣ доранд, ки дар тасаввури аксарият намеғунҷанд. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки нахустин намунаҳои монанд ба кроссворди имрӯза, ки ҳангоми ковишҳои археологӣ дар Помпея ёфт шудаанд, ба асрҳои I – IV мутааллиқ будаанд. Аниқтараш олимон исбот намудаанд, ки кроссвордҳо ҳанӯз дар солҳои 79-уми эраи мо вуҷуд доштаанд. Аз рӯйи тахмин Италия, Амрико ва Британияи Кабир ватани кроссворд эътироф гардидаанд.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
ЗАРБАИ ОШНО ҶОНКОҲ АСТ
Тилло бо болғаи оҳанӣ суфта мешавад, то шакл гирад, оҳан ҳам. Вақте ба тилло зарба мезананд, ҳеҷ садое намедиҳад, аммо вақте оҳан кӯбида мешавад, садои баланд мебарорад.
Рӯзе тилло ба оҳан гуфт: “Мо ҳар ду якранг кӯбида мешавем. Ман ҳеҷ садое намебарорам, ту чаро ин қадар фарёд мезанӣ?”.
Оҳан гуфт: “Оҳане туро мезанад, аз асли худат нест, аммо маро ҳамҷинси худам мезанад. Аз ин рӯ, вақте аз худӣ зарба мехӯрӣ, дардаш бештар ва таҳаммулаш воқеан, сахт аст”.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ҶОЗИ. ШЕРИ НОБИНОЕ, КИ СОЛҲО БА ШАРОФАТИ ГАЛАИ ШЕРОН ЗИНДАГӢ МЕКАРД
Дар Боғи миллии Аддои Африқои Ҷанубӣ як воқеаи ғайриодие ба вуқуъ пайваст. Модашери солхӯрда бо чашмони нобино тавонист 5 сол дар шароите зинда монад, ки шикор шарти зарурии мавҷудият аст. Ҳарчанд дар танҳоӣ ин амал ғайриимкон менамуд.
Аҷиб ин аст, ки тули ҳамин панҷ соли нобиноӣ галаи шерон пайваста дар паҳлуяш буданду ӯро роҳнамоӣ ва ҳимоя менамуданд. Вақти шикор худашон корҳои душворро ба ҷо меоварданд, вале сайдро бо модарашон баробар тақсим мекарданд. Бо ин амал шерон Ҷозиро қувват мебахшиданд.
Ҳикояи Ҷози бар он далолат мекунад, ки ҳатто дар байни даррандаҳо ғамхории мутақобила ва ҳамбастагӣ вуҷуд дорад.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ҚУДРАТИ МОДАР
Аз гул пурсиданд:
– Чаро ин қадар зебоӣ?
Гул гуфт:
– Зебоии ман заррае аз чеҳраи модар аст.
Офтобро пурсиданд:
– Оё аз ту гармтар мавҷуде ҳаст?
Гуфт:
– Оре! Гармтарин мавҷуд дили модар аст.
Аз кӯҳ пурсиданд:
– Ин ҳама устувориро аз кӣ омӯхтӣ?
Гуфт:
– Аз матонати модар.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
РОССИНИ
Оҳангсози маъруф дар сари пирӣ хонашин, ки шуд, якбора чун кӯдак ба ошхона дил баст. Аниқтараш ба пухтупаз. Аз қазо як мусиқишиноси навхат, ки худро қаблан ҳамчун мухлиси ашаддии ӯ муаррифӣ карда буд, қатори дигарон ба хонаи Россини даъват шуд. Баробари сари хони идона нишастан, ҷавон бе он ки аз касе иҷозат пурсад, ба таърифу тавсифи соҳибхона пардохт. Чун меҳмонон аз дӯстони ҳамешагии Россини буданд, ҳушу гӯш ба хӯроки гарм ба маърузачӣ чандон гӯш намедоданд. Соҳибхона барои аз хиҷолат раҳондани ҷавони хушчақчақ ба дастархон ишора карда мегӯяд:
– Акнун мазаи тушбераро таъриф кунед, дӯстам. Онро ҳам худи ман «оҳанг бастам».
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
МИХАИЛ СВЕТЛОВ
Аз зарфиятҳои Светлов буд, ки ба омаду ноомадиҳо танҳо рӯйи хуш медод ва ҳеҷ гоҳ лаб ба шиква во намекард. Ҳатто шиораш дар зиндагӣ ин буд, ки шоир бояд хушбахтияшро ҳамҷо бо мардум бинаду андуҳашро дар танҳоӣ. Аз лутфҳои мондагораш дар бораи қомати хами мӯйсафедон ин аст, ки мегуфт:
– Медонед, ки аломати савол (?) ҳамон хитоб (!)-ест, ки камол ёфтааст.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
10 футболбозе, ки аз ҳама бештар ҷоиза ба даст овардаанд
3. ҲОССАМ АШУР – 39 ҶОИЗА
Ҳоссам Ашур, футболбози мисрӣ, аз соли 2004 то соли 2020 дар бошгоҳи «Ал Аҳлӣ»-и Қоҳира (Миср) бозӣ карда, аксари ҷоизаҳояшро бо ин клуб ба даст овардааст. Аз ҷумла, ӯ зимни бозӣ дар «Ал Аҳлӣ» 13 маротиба чемпиони Миср гардида, ғолиби шашкаратаи Лигаи қаҳрамонҳои CAF шуда, 11 ҷоми миллиро ба даст овардааст. Ҳоссам Ашур, инчунин, барандаи панҷ Суперҷоми CAF, се Ҷоми Миср ва ғолиби Ҷоми конфедератсия – CAF – 2014 шудааст.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
МУҶАССАМАИ ҒАЙРИОДӢ
Дар шаҳри Раумаи Финляндия дар даруни об муҷассамаи биринҷии "Одами мутолаакунанда" гузошта шудааст. Он тасвири мардест, ки дар ҳоли "ғарқ шудан" ба мутолааи китоб идома медиҳад. Ҳайкал рамзи ишқу ҳавас ба хондан, ғарқ шудан ба дониш ва қобилияти ҷудо гардидан аз ҷаҳони беруна мебошад.
Таҳияи З. РАҶАБ
ҚАБРИСТОНИ КИШТИҲОИ 2600-СОЛА ДАР ҚАЪРИ БАҲР
Дар қаъри баҳри Эгей 5 киштӣ, ки чортои он 2600 сол таърих дошта, охирин дар ибтидои асри XIX сохта шудааст, кашф гардид. Барои омӯхтани “қабристони киштиҳо” ба ғаввосон лозим омад, ки зиёда аз 120 маротиба ба чуқурии аз 3 то 45 метр қаъри об раванд. Дар “қабристон” онҳо, инчунин, амфораҳои сершумор ва зиёда аз 20 лангари Византияро пайдо карданд.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
КАШФИ ҶАЗИРАИ НАВ ДАР АНТАРКТИДА
Бино ба иттилои Институти тадқиқоти қутбӣ ва баҳрии ба номи Алфред Вегенер (AWI), аз 8-уми феврали соли 2026 гурӯҳи иборат аз 93 нафар олим қисми шимолу ғарбии баҳри Уэдделларо таҳқиқ мекарданд. Дар ҷараёни ин корҳо ҷазирае кашф гардид, ки қаблан дар харитаҳои баҳрӣ танҳо ҳамчун минтақаи хатарнок ишора шуда буд.
«Аз тиреза мо “айсберг”-еро дидем, ки хеле ифлос менамуд. Ҳангоми наздиктар шудан гуфтем, ки эҳтимол ин санг аст. Баъдан, самти ҳаракатро тағйир дода, ба он тараф равон шудем ва равшан гардид, ки дар пеши мо ҷазира аст», – гуфтааст иштирокчии экспедитсия Саймон Дройттер.
Тибқи арзёбиҳо, дарозии ҷазира, ки айни замон ном надорад, тақрибан 130 метр, паҳноияш 50 метр ва баландии он аз сатҳи баҳр тақрибан 16 метрро ташкил медиҳад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ХОЛААТ МУРАД
Ҳангоми сафар ба ноҳияи Айнӣ, дар роҳи деҳаи Такфон калонсолеро дидем, ки пиёда равон аст. Мошинро нигоҳ дошта гуфтем:
– Холаҷон савор шавед, то хонаатон мерасонем.
Хуб гуфта, ба мошин савор шуд ва дар наздикии шаҳр мошинро нигоҳ дошта, гуфт:
– Бачаҷон, ман ҳамин ҷо мефароям.
Аз мошин фаромада, баъд аз дуо гуфт:
– Холаат мурад, ҷони хола, хеле савоб гирифтӣ.
Ман дар ҳайрат афтода гуфтам:
– Чаро дуои бад мекунед? Холаам ба шумо чӣ бадӣ кардааст, ки мурданашро мехоҳед?
Зан узр пурсида, гуфт:
– Ман холаат гуфта, худамро дар назар дорам, бачаҷон. Ин як навъ навозиш аст, ту наранҷ.
Масалан, ватани бобоиро ҳарчи бештар ба тамошо рафта, мардумони маҳалро хубтар шиносед, то ҳангоми суҳбат мисли ман хиҷолат нашавед.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
БАЛАНДТАРИН МЕҲМОНХОНАИ ҶАҲОН ДАР ДУБАЙ ҶОЙ ДОРАД
Тибқи иттилои сомонаи “vedomosti.ru”, айни замон баландтарин меҳмонхонаи ҷаҳон бо номи “Ciel Dubai Marina” дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб қомат афрохтааст. Баландии он 377 метрро ташкил дода, аз 82 ошёна ва 1004 ҳуҷра иборат аст.
Тавре гуфта мешавад, сохтмони ин меҳмонхонаи панҷситорадор панҷ сол идома ёфта, барои бунёдаш 540 миллион доллари ИМА харҷ гардидааст.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛОҲ
ЁРИ БОВАФО
Вақте ки Михаил Шолохов ҷилди аввали романи дар ҷаҳон машҳураш "Дони ором"-ро навишт, синнаш ба 23 ҳам нарасида буд. Соҳиби Ҷоизаи Нобел Шолохов соҳибдилонро насиҳат мекунад: “Китобро самимона дӯст доред. Он на танҳо дӯсти беҳтарин, ҳамчунин, то ба охир ёри бовафои шумост!".
Таҳияи З. РАҶАБ
РӮЗЕ ШУМО МЕФАҲМЕД...
Маслиҳати тағйирдиҳандаи ҳаёт
Рӯзе шумо мефаҳмед, одамоне ҳастанд, ки ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунанд, аммо барои ин шумо бояд хиёнатҳои зиёдеро таҳаммул кунед.
Рӯзе шумо мефаҳмед, ки зебоии зоҳирӣ дар муқоиса бо зебоии ботинӣ ҳеҷ чиз нест, зеро ҳама чиз дар берун то борони аввал тоб меоранд. Вале он чизе ки дар дохил аст, ҳамеша месӯзад. Ҳатто, агар он ба ангиштҳои қариб намоён табдил ёфта бошад ҳам. Аммо танҳо даҳони худро пӯшед ва оҳиста-оҳиста нафас кашед, оташ тадриҷан афзоиш меёбад ва шуморо гарм мекунад.
Рӯзе шумо мефаҳмед, ки бисёре аз мақолу афоризмҳое, ки аз ҷаҳони атрофатон шунидаед, арзиш надоранд, гарчанде зебоанд, ҷуз суханбозӣ чизи дигаре нест. Танҳо он ҳақиқатҳое, ки шумо барои худ кашф кардаед, муҳиманд.
Рӯзе шумо мефаҳмед, ки меҳрубонӣ, нармӣ, ишқу муҳаббат ва ғамхорӣ зуҳуроти қувваи ботинӣ мебошанд, на заъф.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
АДОЛАТИ АМИР
Рӯзе ду мард ба дарбори Амир омаданд. Яке деҳқон ва дигаре доро буданд, ки дар бораи як порча замин баҳс доштанд.
Марди доро бо овози баланд гуфт:
– Эй Амир, ин замин аз ман аст, зеро солҳо онро нигоҳ доштаам.
Деҳқон бо тамкин гуфт:
– Ман сухани зиёд надорам, аммо ҳақиқат ин аст, ки ин замин аз падарам ба ман мерос мондааст.
Амир каме фикр кард ва гуфт:
– Ҳақиқатро на бо овози баланд, балки бо далел бояд гуфт.
Баъд аз таҳқиқ маълум шуд, ки ҳақ ба ҷониби деҳқон аст. Амир заминро ба ӯ дод ва ба марди доро гуфт:
– Агарчи суханат баланду бурро бошад, аммо ҳақиқат надошта бошад, арзише надорад.
Ҳама дарбориён аз адолати ӯ дар ҳайрат монданд.
Таҳияи З. ҚУДБИДДИН
ИХТИРОИ АВВАЛИН ТЕЛЕФОНИ МОБИЛИИ НАВЪИ “DINA-TAC”
Мартин Купер, муҳандиси ширкати «Motorola» (ИМА), нафаре мебошад, ки соли 1973 бори аввал телефони мобилии навъи “Dina-TAC”-ро ихтироъ кардааст.
Ҳаҷми он 22,5х12.5х3,75 см буда, вазнаш 1, 15 килограммро ташкил медод. Ҳамон замон қувваи батареяи он танҳо барои 20 дақиқа суҳбат кардан мерасиду халос. Барои дубора пур кардан бошад, 10 соат вақт лозим буд. Ин телефони мобилӣ он вақтҳо тақрибан 4000 доллари ИМА арзиш дошт.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМ
