МАОРИФ. ТАЪЛИМИ ҲАМГИРО ЧӢ ДОД?

15 апрел 2026, Чоршанбе
36

Бо китоби дарсӣ таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз ҳадафҳои шоистаи таҳсин аст ва дар ин амр Ҳукумати мамлакат ба маориф, таълиму тарбия ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ ва сарчашмаи захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи хос дорад. Масъалаи беҳтар шудани сифати китобҳои дарсӣ ва бознигарии мазмуну мундариҷаи онҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидаанд, зеро таълифи китобҳои дарсӣ ҳам аз ҷумлаи воситаҳои муҳими болоравии сифати тадрису таълим дар муассисаҳои таълимист.

Бояд тазаккур дод, ки то соли 1994 хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фанҳои “Забони тоҷикӣ” ва “Хониш”-ро дар алоҳидагӣ меомӯхтанд. Тайи сӣ сол мешавад, ки ин фанҳо аз байн рафта, ба ҷойи онҳо фанни “Забони модарӣ” ба шакли ҳамгиро таълим дода мешавад. Таҷрибаи беш аз сисола нишон медиҳад, ки мазмуни ду фанро дар як китоб ҷой додан кори сода набудааст ва муаллифон низ чандон ба ҳадаф нарасидаанд. 
Таълими ҳамгиро худ мушкил аст, зеро он ба дарси омехта шабоҳат дорад ва фаъолиятҳои гуногунро тақозо мекунад. Ин аст, ки дар педагогика солҳост, ки перомуни он бисёр мегӯянду менависанд, вале то ҳол як китоби воқеии ҳамгиро ба миён наомадааст. Барои омӯзгорон, ҳатто, дастури методие, ки намунаи беҳтарини дарси ҳамгироро фаро гирифта бошанд, пешниҳод нашудааст. Барои хонандагони хурдсол, ки тафаккури мушаххас доранд, омӯхтани малакаҳои калидии хониш (хониши адабӣ) ва навиштан (забони тоҷикӣ) мувофиқтар аст. Хондан ва навиштан ду малакаи калидии ифодагари саводнокии шахс бояд мушаххас омӯхта шавад, чуноне ки дар кишварҳои дигар мекунанд. Ҳатто, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ фанҳоро ба таври ҷудогона меомӯзанд, на ҳамгиро.
Омӯзгорон аз оғози ҷорӣ гардидани таълими ҳамгиро доир ба ин шакли таълим ва душвориҳои он сухан мегӯянд. Аз суҳбат бо омӯзгорон ва нафароне, ки бевосита бо омӯзгорон аз рӯйи вазифа сарукор мегиранд, чунин бармеояд, ки онҳо то ҳол моҳияти таълими ҳамгироро нафаҳмидаанд. Ин нуктаро устод М. Лутфуллоев низ эътироф карда навишта буданд: “Ҷорӣ намудани таълими ҳамгирои фанҳо дар амал кори саҳл набуда, мушкилиҳои зиёде дорад, ки яке аз онҳо масъалаи муаллим аст. Воқеан, ин масъала ҳоло ҳам ҳалли худро интизор аст ва агар муносибат ва мазмуни кори мо дар ин соҳа ҳамин тавр бошаду ҳамин тавр давом бикунад, ин масъала ҳеҷ гоҳ ҳал нахоҳад шуд” (М. Лутфуллоев “Осор”, ҷ. 4. Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ, саҳ. 270 – 280).
Аз тарафи олимони соҳа ягон мавод, ягон дастури методӣ дар мавзуи ҳамгиро то имрӯз коркард нашудааст ва аксари омӯзгорон имрӯз на танҳо маънои ин истилоҳ, балки худи ҳамин вожаро нафаҳмидаанд.
Имрӯз зиёда аз 80 фоизи омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар деҳот ба таълиму тарбияи кӯдакон машғуланд. Магар бо бовар гуфта мешавад, ки ин омӯзгорон аз шакли таълими ҳамгиро бохабар ҳастанду дар дарсҳои ҳамарӯзаашон аз он истифода менамоянд? Магар касе ё мақомоте гуфта метавонад, ки дар ҷумҳурӣ шакли таълими ҳамгироро дар муассисаҳои таълимӣ татбиқ менамоянд? То имрӯз дар ягон ҳисобот таҳлили дарси ҳамгиро дида мешавад? Вақти он расидааст, ки аз ин монеаи ба таври сунъӣ эҷодшуда даст бикашему ғами фарзондони миллат ва омӯзгоронро хӯрем. Илоҷи кор танҳо даст кашидан аз шакли таълими “ҳамгиро”-и сохтаю бофта ва “назария”-и пурра таҳқиқнашуда асту бас.
Беҳтарин амал, барои пешгирӣ ва аз буҳрони амиқ раҳондани таълими забони тоҷикӣ ва хониш дар синфҳои ибтидоӣ (1 – 4) аз шакли ҳамгиро ҳарчи зудтар даст кашида, таълими фанҳои “Хониши адабӣ” ва “Забони тоҷикӣ” дар алоҳидагӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин самт, пеш аз ҳама, масъулин вазифадоранд, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳангоми суханронияшон дар Рӯзи дониш дар кушодашавии Гимназияи №4-и шаҳри Душанбе (соли 2021) ҷиҳати дар синфҳои ибтидоӣ (1 – 4) аз ҳисоби фанни забони модарӣ ҷорӣ намудани фанҳои забону хониш ироа гардида буд, иҷро намоянд. Супориши мазкур баъдан дар Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми ноябри соли 2021, № 24/10-519, банди 32, дарҷ гардида буд. Мутаассифона, ин дастур ва ин банди Нақша то имрӯз беиҷро мондааст, ҳол он ки муҳлати иҷрои он солҳои 2021 – 2022 буд.
Гарчанде имрӯз китоби дарсии “Хониши адабӣ” ва “Забони тоҷикӣ” барои синфи 1-ум аз тарафи гурӯҳи корӣ дар асоси фармоиши вазири маориф ва илм (аз 23-юми декабри соли 2023, №1689) таҳия ва нашр гардида, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас шуда бошад ҳам, лекин то ҳол ба Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ворид намудани фанни “Хониши адабӣ” ба Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоде нашудааст. Гарчанде аз тарафи Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ омода гардидани китоби мазкур ва ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба Нақшаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 14-уми июли соли 2025, №17(94)-147 мактуб ирсол гардида бошад ҳам, ин масъала аз мадди назарҳо дур монд. Имрӯз омӯзгор дар даст китобҳои “Хониши адабӣ” ва “Забони тоҷикӣ” барои синфи 1-ро дорад, ки ҳам дар Шурои миллии таҳсилоти назди Вазорати маориф ва илм ва ҳам мушовараи Вазорат баррасӣ ва тасдиқ гардидааст, вале бинобар дар Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид нагаштани ин ду фанни таълимӣ имрӯз омӯзгор ин фанҳоро дар алоҳидагӣ ба хонанда дарс дода наметавонад.
Баъзе тарафдорон таълими ҳамгироро аз ҷиҳати иқтисодӣ самарабахш меҳисобанд. Яъне, ба ҷойи ду китоб як китоб нашр мешавад, ки ба фоидаи кор аст, аммо бар зарари маънавии хонандаю омӯзгор будани таълимро ба инобат нагирифтаанд. Ин навъи таълим чунин натиҷа дод, ки дар саводнокии хонандагони синфҳои ибтидоӣ тамоюли пастравӣ эҷод гардид. Принсипҳои дидактикии таълим, алоқамандии ҷузъҳои тому яклухти раванди таълими забону хониш сарфи назар шуданд. Масъалаи ғалатнависӣ доғи рӯз гашт.
Муҳим аз ҳама он буд, ки таълими ҳамгироро бо роҳи озмоиш санҷида, сипас умумӣ гардондан лозим буд. Бе таҳияи маводи методӣ, бе омода намудани омӯзгорон дар мактаб ба роҳ мондани ин таълим мушкилиҳои азим ба бор овард.
Дарси хониш вазифа ва ҳадафҳоеро амалӣ менамояд, ки, асосан, ба хониши равону бурро, таҳлилу таркиб кардани матн, нақл кардан, муайян кардани мавзуъ ва фикри асосӣ (ҳикмат)-и матн, оҳанги хониш, шиносоӣ бо унсурҳои ибтидоии адабиёт (афсона, ҳикоя, шеър, чистон), ташаккули малакаҳои мустақилона интихоб кардан ва хондани китобҳои бадеӣ ва ғайраҳо марбутанд. Ҳадафҳоеро баъзан дарси хониш ба дӯш дорад, ки хоси дарси забон буда наметавонад, бо вуҷуди он ки дар амалӣ сохтани як қатор мақсадҳо баробар хидмат менамоянд.
Айни замон, мушоҳида мегардад, ки фанни хониш ҳамчун фанни мустақил дар синфҳои ибтидоӣ вазифаи худро аз даст дода, боиси камтаваҷҷуҳии хонандагон ба китобхонӣ гаштааст. Луғатомӯзию инкишофи нутқ (бахусус нутқи хаттӣ), навиштани корҳои хаттии таълимӣ, фаро гирифтани муҳтавои илмии фанҳои таълим қариб ба дасти фаромӯшӣ рафт. Хондану навиштан ва дарки маънӣ душвор гардид.
Чунон ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, китобҳои амалкунандаи синфҳои ибтидоӣ ба таълими ҳамгиро мувофиқ нестанд ва мувофиқ гардондани онҳо низ ғайриимкон аст.
Дар хусуси сифати ин китобҳои дарсӣ Пешвои миллат зимни таҷлили Рӯзи дониш (17.08.2020) дар шаҳри Душанбе чунин баён доштанд: “.... аз таҳлилҳо бармеояд, ки аксари китобҳои дарсӣ хусусияти маълумотӣ доранд ва барои бедор намудани фикрронии мустақилонаи кӯдакону наврасон маводи нокифоя пешниҳод мекунанд”.
Ҳамчунин, бо бовар ба олимони тоҷик ишора карда буданд: “Бовар дорам, ки олимону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи мо ин мушкилотро дар муҳлатҳои наздик бартараф намуда, сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои китобҳои дарсиро ба талаботи замон мутобиқ мегардонанд”.
Имрӯз сохторҳои илмии Вазорати маориф ва илм мустақилона гӯё кореро анҷом дода наметавонанд. Тули 25 – 30 соли охир ба истиснои стандарту барномаҳои таълимии фаннӣ барои синфҳои ибтидоии 1 – 4 дигар стандарту барномаи таълимии фаннӣ аз ягон фанни таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳия ва тасдиқ нашудааст. Таҷрибаи ҷалби олимон ва мутахассисони соҳаи маориф дар таҳияи стандарту барномаҳои таълими фаннии мазкур нишон дод, ки ҳалли ин масъала мушкилие надорад. Дар сурати ҷалбу муваззаф гардондани мутахассисону олимони соҳа бе ҷалби мушовирони байналмилалӣ аз уҳдаи ин кор баромада мешавад.
Бинобар ин, вақти он расидааст, ки олимони соҳа муҳимияти барои синфҳои ибтидоии 1 – 4 ворид намудани фанни “Хониши адабӣ”-ро зарур шуморанд. Ва тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиши фанҳои “Хониши адабӣ” ва “Забони тоҷикӣ” (суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими кушодашавии Гимназияи №4-и шаҳри Душанбе, дар Рӯзи дониш) дар алоҳидагӣ таълим дода шавад.
Имрӯз сохторҳои илмии назди Вазорати маориф ва илм такя ба мушовирони байналмилалӣ карда, дар ҳамкорӣ бо муаллифон ба тариқи параллел китоби дарсию барномаҳои таълимии фаннӣ таҳия менамоянд. Ҳол он ки ҳар як китоби дарсӣ бояд тибқи талаботи Консепсияи таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи ВМИ ҶТ аз 28.08.2021, №12/1) таҳия гарданд. Яъне, китобҳои дарсӣ бояд дар асоси барномаҳои таълимии фаннии тасдиқгардида навишта шаванд, на барномаи таълимии фаннӣ аз рӯйи китоби дарсӣ.
Мушовироне, ки бо принсипҳои ахлоқию тарбиявии хоси мафкураи миллии мардуми тоҷик ошно нестанд, дар гумон аст, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ маслиҳатҳои муфид дода тавонанд. Магар олимони тоҷик мустақилона аз уҳдаи навиштани китобҳои дарсию барномаҳои таълимии фаннӣ намебароянд?


Саволи меҳварӣ ин аст, ки чаро то имрӯз барои ягон фанни таълимии синфҳои 5 – 11 стандарту барномаҳои таълимии фаннӣ таҷдиди назар нагардидааст.
Агар бо ҳамин суръату сифат дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бандҳои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷдиди назар кардани китобҳои дарсӣ ва стандарту барномаҳои таълимии фаннӣ иҷро мешуда бошад, ба ин зудӣ ҳеҷ гоҳ натиҷаи дилхоҳ ба даст оварда намешавад.
Бо ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем, ки ҳамасола чӣ қадар биноҳои замонавии муассисаҳои таҳсилоти умумии дорои тамоми шароит ба истифода дода мешаванд, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ватанамон аст. Лекин дар чунин шароити олӣ агар омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсии насли нав, барномаҳои таълимии фаннӣ, маводи таълимӣ – методии босифат таъмин карда нашаванд, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҳеҷ гоҳ натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Бинобар ин, таъмини маводи мазкур, пеш аз ҳама, бар дӯши муассисаҳои илмии зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм, ки олимони зиёд дар онҳо фаъолият доранд, вобастагӣ дорад. Барои синфҳои 1 – 11 149 фанни таълимӣ омӯзонда мешавад, ки барои ҳар як фан китобҳои дарсии насли нав зарур аст, вале то имрӯз аз ин теъдод ҳамагӣ 12 – 14 китоби насли нав таҳия гардидаасту халос. Он ҳам бошад, асосан, китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ.
Эҳтимол вақти он расидааст, ки иқтидори илмии соҳа бо ҷалби муаллифони китобҳои дарсӣ вазифадор карда шаванд, ки бо истифода аз маблағҳои ҷудогардида, таҳияи стандарту барномаҳои таълимии фаннӣ ва китобҳои дарсии насли навро мустақилона ба роҳ монда, омӯзгору хонандаи мактаби тоҷикро бо маводи таълимии босифат таъмин намоянд.

Абдуҷаббор АЛИЕВ, собиқадори соҳаи маориф

Санаи нашр: 15.04.2026 №: 69