ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СИПАҲСОЛОРИ АРСАИ ИЛМ

СИПАҲСОЛОРИ АРСАИ ИЛМ

24 май 2023, Чоршанбе
16
0
Яке аз шахсиятҳои бузург, донишманди нотакрор, сиёсатмадори барҷаста, муаррихи варзида, ховаршиноси бузурги Машриқзамин, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик академик Бобоҷон Ғафуров мебошад. Ин абармарди миллат аз зумраи он ашхоси донишманди илму фарҳанги тоҷикон аст, ки бо хизматҳои волою шоёни худ нақши некашро дар таърихи на танҳо халқи бузурги тоҷик, балки дигар халқиятҳо гузоштааст. Беҳуда нест, ки ховаршиноси бузурги амрикоӣ Ричард Фрай дар ҳаққи ӯ чунин суханони саршор аз меҳру ихлосро иброз доштааст: «Одамон меоянду мераванд ва баъзеҳоро пас аз як сол фаромӯш мекунанд, аммо одамеро ба мисли академик Б. Ғафуров ҳеҷ аз хотир намебароранд. Ӯ умре ба халқ хизмат карда, ҳамеша дар ғами мардум зиндагиву эҷод намуд».
Академик Бобоҷон Ғафуров ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда, ба омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи худ ҷиддан камари ҳиммат мебандад. 
Бояд гуфт, ки донишманди тоҷик Бобоҷон Ғафуров яке аз аввалин шахсиятҳое мебошад, ки барои муаррифии миллати тоҷик умри пурбаракати худро сарф карда, ба омӯхтани таърихи халқи мутамаддини тоҷик шуруъ намуд. Ҷасорату мардонагӣ ва ватанпарастӣ ба ӯ имконият медиҳад, ки дар ин ҷодаи пешгирифтааш муваффақ шавад ва бузургии халқи тоҷикро дар назди ҷумҳуриҳои гуногунмиллати  собиқ Иттиҳоди Шуравӣ нишон диҳад.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳамроҳии олими намоёни рус Н. Н. Проноров китоби машҳури худро таҳти унвони «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти Ватан» ба хотири руҳбаланд гардидани иштирокчиёни ҷанг бар муқобили фашистон менависад. Соли 1947 асари дигари худ: «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро навишта, пешкаши дӯстдорону ҳаводорони таърихи халқи тоҷик менамояд ва ин китоб обрӯву эътибори ӯро дар байни олимону донишмандони на танҳо Тоҷикистон, балки ҷаҳон низ, афзун мегардонад.
Бобоҷон Ғафуров соли 1956 директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои ИҶШС таъин мегардад ва дар муддати кӯтоҳ онро ба маркази бузургтарини ховаршиносӣ табдил медиҳад. Ховаршиноси олмонӣ Монфред Лоренс бо самимият дар хусуси ин чеҳраи тобони миллат мегӯяд: «Ман дар табиат қаҳраборо дидаам, ки каҳро ба худ мекашад, оҳанраборо дидаам, ки оҳанро ба худ мекашад, вале то ҳол одамраборо надида будам, ки ба атрофи худ одамро ҷалб кунад. Хушнудам, ба ман мушарраф гардидааст, ки дар шахси Бобоҷон Ғафуров одамраборо дидаам, ки тамоми ховаршиносони ҷаҳонро, қатъи назар аз рӯи ҷаҳонбиниашон дар атрофи худ муттаҳид кардааст».
Мавсуф асари мукаммали худро доир ба таърихи халқи тоҷик бо номи «Тоҷикон» соли 1972 дар шаҳри Москва бо забони русӣ нашр намуд ва, ба ин васила, барои миллати худ қаҳрамонии бемисл анҷом дод. Беҳуда нест, ки нависандаи қирғиз Чингиз Айматов чунин суханони ибратангезро дар ҳаққи олим баён доштааст: «Бобоҷон Ғафуров бузургтарин чеҳра дар олами илм буда, бо ҷустуҷӯйи доманадор, бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш – тоҷиконро дар сафҳаҳои таърихи ҷаҳониён муаррифӣ созад. Дар солҳои фаъолияти ӯ навиштани китоби «Тоҷикон», бешак, қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳаққиқ таълифи чунин шоҳасар насиб мегардад». Дарвоқеъ, эҷоди чунин асар, ки бештар ба як халқ бахшида шудааст, дар замони Иттиҳоди Шуравӣ ҷасорату далерӣ  ва мардонагиро талаб менамояд.” 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд: «Бобоҷон Ғафуров иқдоми ватандӯстонаи Садриддин Айниро идома дода, баробари фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ таърихи қадимаи миллаташро ба шакли як асари ҷомеъ аз замонҳои қадимтарин то рӯзҳои мо навишта, пойдевори истиқлолият ва худшиносии тоҷиконро ҷовидона сохт». Дар ҳақиқат, олими забардасти тоҷик барои таълифи ин асар, ки саргузашти тоҷиконро аз умқи таърих то Инқилоби Октябри соли 1917 дар бар мегирад, қариб 2000 сарчашмаи илмиро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор додааст. Академики шинохтаи рус Б. Литвинский дар ситоиши бузургии ин асар менависад, ки «китоби «Тоҷикон» дар миёни баҳри азими  консепсия ва назариёти гуногун ҳамчун ҷазираи зебои илм ва таърихнигории ҳақиқӣ арзи ҳастӣ намуд. Бинобар ин, метавон ӯро, бешубҳа, сипаҳсолори арсаи илм номид».
 
Бахтиёр МУНАВВАРОВ,  
Муҳаммад САИДЗОДА,  омӯзгорони
Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат 
Санаи нашр: 23.05.2023 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив