ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “АЛЛОМА АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ”

“АЛЛОМА АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ”

24 май 2023, Чоршанбе
61
0
Бо ин ном китоби Ҳасани Султон – узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро Сарредаксияи илми Энсиклопедияи Миллии тоҷик ба табъ расонд. Мавриди зикр мебошад, ки ЮНЕСКО 1050-солагии алломаро ба Феҳристи ҷашнвораҳои сол ворид намудааст. Ба навиштаи Ёқути Ҳамавӣ дар “Муъҷам-ул-удабо” “Абурайҳони Берунӣ марди хушбаёну хушбархурд ва некгуфтору некрафтор буд. Рӯзгор дигар касеро мисли ӯ дар донишу фаҳм ба вуҷуд наёвард”. Ҳақиқати ин гуфтаҳоро асарҳои алломаи давр бе ҳеҷ мушкилӣ ва боқӣ мондани андак шубҳа собит месозад. Махсусан, аз асари ӯ бо номи “Осор-ул-боқия”, ки ба чандин сол пеш таҳия гардида ва дар кишвар нашр шуда буд, олимон, пажӯҳишгарон, мутахассисон, рӯзноманигорон, омӯзгорон фаровон истифода кардаанд. Маълумотҳои дақиқу муҳимовардаи аллома дар шинохти идҳо, суннатҳо ва ғайра ба ин сабаб гардидаанд. Аммо ин ҳақиқатро низ бояд иброз дошт, ки дар бораи рӯзгору кори ӯ асаре мавҷуд набуд. Яъне, шинохти пурраи аллома ба ҳаводоронаш бе чунин як манбаъ имкон намедод.
Муаллифи китоб саъй ба харҷ додааст, то дар ин маврид маълумотҳои дурусту шоистаро рӯбарӯи хонандагон бигузорад. Ҳамчунин, водор намояд, ки аз зиндагониву кори аллома дар баробари ифтихор намудан, ибрат низ, бигиранд.
Ҷолиб он аст, ки Ҳасан Султон чун як олими саршинос бо истифодаи сарчашмаҳои гуногун дар бораи таълифи асарҳо, хусусияти илмии онҳо шарҳу тавзеҳи олимона медиҳад. Аз ҷумла, дар бораи “Китоб-ут-тафҳим” - и аллома, ки бо чанд ному тарзи навишт машҳур аст, менигорад...“Дар шеъри Масъуди Саъди Салмон омадааст:
Ба сол панҷоҳ аз ин пеш гуфт Бурайҳон
Бад - он китоб, ки кардаст номи ӯ “Тафҳим”.
Абурайҳони Берунӣ “Китоби тафҳим”-ро бо ду забон: форсӣ – тоҷикӣ ва арабӣ бо хоҳиши Райҳона ном духтари навомӯзи хоразмии муқими Ғазна таълиф кардааст... Аз баёни пухтаву ширин ва сабки расои нигориши илмии муаллифи китоб ҳамин ҳақиқат ба назар мерасад, ки Абурайҳони Берунӣ бар замми ин ки олими асили чанд бахши илм: риёзию нуҷум, таъриху ҷуғрофия ва маъданшиносиву дорушиносӣ ва ғайра этироф гардидааст, ҳамчунин, устоди забардасти забони модарии мо ва аз нахустин поягузорони забони илм ба ин забон маҳсуб мегардад.”
Ҳамин тавр, китоби “Аллома Абурайҳони Берунӣ” ба муносибати 1050-солагии ин олими асилу маъруф туҳфаи арзандаест ба ҳаводорони илм ва каломи бадеъ.
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”  
Санаи нашр: 23.05.2023 №: 108
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив