ХАТҲОИ УФУҚӢ. ЧАРО ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ БА ОН АҲАМИЯТ НАМЕДИҲАНД?
Хатҳои уфуқӣ яке аз талаботи асосии роҳсозӣ буда, саҳми он дар таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт муҳим арзёбӣ мешавад. Набудани хатҳои уфуқӣ ба қоидавайронкунӣ, садамаҳои нақлиётӣ ва дар ниҳоят ҳалокати одамон оварда мерасонад. Аз ҷумла, дар ҳавои туман мавҷуд набудани хатҳои уфуқӣ пайомадҳои нохуш дорад.
Роҳи Душанбе – Ваҳдат – Норак хеле ҳамвору ҳангоми сафар роҳат аст. Аммо нигоҳубини роҳ аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо масъулияти бештарро тақозо дорад. Дар роҳи мазкур шуруъ аз дарвозаи Душанбе (маъруф ба 9-ум километр) то дохили шаҳри Ваҳдат ва аз маркази шаҳр то деҳаи Сурхтеппа, ки ҳудуди Ҷамоати деҳоти Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат мебошад (то наздикии нақби «Хатлон»), хатҳои уфуқии роҳ дар натиҷаи боду борон дар баъзе ҷойҳо пурра ва дар баъзеи дигар қисман тоза шуда, ба рангмолӣ ниёз доранд. Ин дар ҳолест, ки роҳи мазкур аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дошта, ҳамарӯза ҳазорҳо васитаи нақлиёт аз ин масир мегузаранд.
Карим Расулзода, сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Ваҳдат, дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» гуфт, ки дар ҳудуди шаҳр 107 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта мавҷуд аст, ки роҳи болозикр низ, дар тавозуни муассисаи онҳо мебошад.
– Яке аз сабабҳои тез-тез тоза шудани хатҳои уфуқӣ сифати пасти рангест, ки дар роҳҳо истифода мешавад. Барои ранг кардан бошад, маблағ зарур аст, – илова кард номбурда.
Маврид ба зикр аст, ки муваффақ шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол мебошад. Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои зиёд ба анҷом расида, беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард бунёд гардид.
Инчунин, дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар се сол (2019, 2020, 2021) бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд ва таъмиру таҷдиди беш аз 4,5 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ ва дохили шаҳру ноҳияҳо анҷом дода шуд.
Лоиҳаҳои дар соҳаи роҳу нақлиёт амалигардида имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар зарфи ду соли охир бист зина боло рафта, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлат зинаи панҷоҳумро ишғол менамояд.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил ёфт, яъне робитаи заминии байни ҳамаи минтақаҳои он дар чор фасли сол таъмин гардид.
Ҳолати мавҷудаи хатҳои уфуқии роҳи ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз масъулони идораҳои нигаҳдории роҳ тақозо менамояд, ки барои нигоҳдории хуби ин роҳи бо заҳмат ва харҷи миллионҳо доллар бунёдгашта, пешгирӣ аз қонуншиканӣ ва садамаҳои нақлиётӣ, ҳифзи саломатии ронандагону пиёдагардон – сари вақт хушнамо кардани хатҳои уфуқӣ чораҷӯӣ намоянд.
Инчунин, ҳолати назди бозори маъруф ба «Стансия»-и шаҳри Ваҳдат низ, аз масъулон андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо дорад. Ин бозор дар канори шоҳроҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷойгир буда, истгоҳ надорад, ки дар натиҷа боиси тамбашавии зиёди нақлиёт мегардад.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.02.2023 №: 29
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)