ОЛАМ МУДОМ АМОН БОД! МАЪНИИ ШЕЪРИ АБДУСАТТОРИ РАҲМОН БАРОИ БАЧАҲО
Ашъори махсуси бачаҳо яке аз бахшҳои арзишманди мероси адабии Абдусаттори Раҳмон мебошад. Номбурда яке аз шоирони шинохта ва дӯстдоштаи бачаҳо буда, барои кӯдакону наврасон ашъори ҷолибу марғуб эҷод менамояд.
Боиси ёдоварист, ки ашъори гуногунранги шоир дар китобҳои дарсии мактабӣ низ рӯйи чоп омада, пешниҳоди тамоми хонандагони тоҷик гаштаанд. Имрӯз аз боғчаи бачагон сар карда, то наврасон касе нест, ки шеърҳои «Мо амак шудем!», «Нинихобонӣ», «Пешвои миллат» ва амсоли онҳоро надонад. Ё ба маҷмуаҳои назмию насрии шоир – «Амак шудам», «Чанори пур аз лона», «Бача раҳгардон шавад...», «Рассоми чирадаст», «Туҳфаи сеюм» ошно набошад. Пайдост, ки асарҳои шоир дар радифи осори дӯстдоштаи фарзандони мо хондаву омӯхта мешаванд.
Насими форами баҳорӣ, осмони беғубори истиқлол ва фазои ороми кишвар ба Абдусаттори Раҳмон имкон додааст, то маҷмуаи нави хешро «Хонаи мо – гулхона» ном ниҳад. Он фарогири шеъру тарона ва чистону афсонаҳои шоир буда, чун барги сабз пешниҳоди хонандагон гардид.
Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ дар пешгуфтори ҳамин маҷмуа дар хусуси маҳорати шоирӣ ва адиби дӯстдоштаи бачаҳо будани Абдусаттори Раҳмон ҳарфҳои шоиста нигоштааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки Абдусаттори Раҳмон эҷодкори пурҳунар буда, имрӯз яке аз чеҳраҳои намоёни адабиёти кӯдаки мо маҳсуб мешавад. Вай ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ нахустин машқҳои қаламашро чоп кардаву садоқаташро ба атфол то кунун нигоҳ доштааст.
Дарвоқеъ, Абдусаттори Раҳмон шоири маҳбуб, ширинкалом ва дӯстдоштаи бачаҳост. Ҳар як шеъри шоир кӯдаконро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун месозад. Шеъри шоир бо забони равону сода, оҳанги маҳину шунидании бачаҳо эҷод шудааст. Панду андарз, ахлоқи ҳамида, эҳтироми калонсолон, дӯстдоштани табиати биҳиштосои кишвар бо тамоми набототу ҷамодоташ, арҷгузоштан ба арзишҳои миллӣ, рӯй овардан ба китобхонию илмдӯстӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва монанди инҳо аз вижагиҳои меҳварии мундариҷаи ашъори шоир мебошанд.
Шеъри зерини шоир, ки «Бо Амон бозӣ кардем» ном дорад, мавзуи сулҳу дӯстӣ, дур будани тиру камон аз миёни мардум, то абад партавафшон будани ливои сулҳ дар фазои беғубори кишвар, аз гуфтаи бибию бобои худ панд гирифтани бачаҳо ва аз хурдӣ дур кардани кинаву надомат аз тинати онҳоро тавсифу ситоиш намудааст, ки ҷолиб аст:
Бо Амон бозӣ кардем,
Мо камонбозӣ кардем.
Бибим ин ҷо гузар кард,
Истоду як назар кард.
Гуфто ба мо: «Чӣ бозист?!
Магар дигар бозӣ нест?!
Олам, ки дар фиғон аст,
Аз дасти ин камон аст».
Мо аз каминҳо ҷастем,
Камонҳоро шикастем.
Гуфтем: «Зинда бодо
Сулҳу сафои дунё!
Олам мудом амон бод!
Бетиру бекамон бод!».
Бибиям «Офарин!» гуфт,
Каф кушода, «омин» гуфт.
Дар хусуси ҳадафноку нишонрас суруда шудани ин шеъри шоир Ҷӯра Ҳошимӣ ба маврид оварда, ки Абдусаттори Раҳмон чун шоири рамузфаҳми бачаҳо ҳаёти кӯдакон, ботин, руҳу равони онҳоро коршиносона дарк мекунад. Табиист, ки чунин шеър ба дили хонанда беҳтар роҳ меёбад ва ӯро таҳти таъсири хеш қарор медиҳад. Дар ашъори адиб ҳар сухане рӯйи саҳфа омада, ҳадафмандона гуфта шудааст.
Шеъри «Суруди Ватан» яке аз шеърҳои дигари равону хушоҳанги шоир мебошад, ки маҷмуаи «Хонаи мо – гулхона»-и Абдусаттори Раҳмонро рангу ҷилои дигар бахшидааст. Шоир тавассути ин шеъри ҳикматбори хеш дар қалби бачаҳо меҳри халқу диёр, дӯст доштани Модар-Ватанро мепарварад ва онҳо бо як ҳиссиёти тамом ин шеърро замзамаву аз бар мекунанд:
Мехондам суруд
Дар васфи Ватан,
Ҳамовозам шуд
Бобоҷони ман.
– Ватан, – мегуфтам, –
Туӣ ҷаҳонам.
Бобоям мегуфт:
«Дар номат ҷонам!»
Аз муҳтавои шеър бармеояд, ки набера чизе дар тавсифи Ватан мегӯяду бобо онро тақвият медиҳад ва ба ин васила, эҳсоси умумият, идомати наслҳову анъанаҳо ба вуҷуд меояд. Шоир дар шеърҳои “Лонаи боми бобо”, “Болини бебаҳо”, “Панди модар”, “Хонаи мо – гулхона” меҳру навозиши қаҳрамони асосии шеърҳо – бибию бобоён ва шафқату рағбати онҳоро нисбат ба набераҳои худ ва дӯст доштани набераҳо бобоҳои хешро бо як маҳорати хосса ва созгор ба табъу завқи бачаҳо ва муҳим аз ҳама, бо забони равону содаи бачагона тасвир намудааст. Боиси ёдоварист, ки бахшҳои дигари маҷмуаи “Хонаи мо – гулхона”-ро афсонаву чистонҳои манзум ва шеърҳои тарҷуманамудаи Абдусаттори Раҳмон фаро мегиранд.
Афсонаву чистонҳое, ки дар маҷмуа ҷойгир шудаанд ҳам аз ҷиҳати мазмун ва ҳам аз ҷиҳати забону оҳанг писанди бачаҳо гаштаанд. Яъне, бачаҳо баъди мутолааи ҳар як афсонаву чистонҳои назмӣ, ашъори ҳаҷвии бачагонаи шоир зуд ба мазмуну муҳтавои онҳо ошно мегарданд ва онҳоро аз бар мекунанд.
Дар маҷмуаи мавриди назар чанде аз ашъори ҳаҷвии шоир ҷой дода шудаанд, ки онҳо низ аз шеърҳои гуворою дилкаши бачаҳо буда, дар онҳо камбуду навоқиси баъзе аз бачаҳо, амсоли танбалию нодонӣ, пурхӯрию пурхобӣ, дурӯғгӯию дурӯягии онҳо зери тозиёнаи танқид кашида шудаанд.
Масалан, дар шеъри зерини шоир, ки «Бадбахтӣ» ном дорад, танбалию беодобӣ ва нописандии яке аз бачаҳои мактаб – Чатоқалӣ чунин мазаммат шудааст:
Наояд Чатоқалӣ
Рӯзе ба мактаб агар,
Бошад ба мо ҳамон рӯз
Аз ҳама рӯзи беҳтар:
Осуда монад он рӯз
Ҳама касу ҳама чиз.
Ҳам дафтару ҳам китоб,
Тахтаю курсию миз.
Чистонҳои манзуми шоир низ шавқовару мароқангез буда, зуд ба дилу дидаи бачаҳо ҷой мегиранд. Чистонҳои “Чойник”, “Қалам” “Ошёнбар” (лифт), “Чатр” ва монанди инҳо аз чистонҳои дӯстдоштаи бачаҳо мебошанд ва имрӯз қариб ҳамаи бачаҳои мо ин чистонҳоро аз ёд медонанд.
Масалан, чистони зерин, ки ҷавобаш ошёнбар (лифт) аст, чунин ба назм дароварда шудааст:
Оғӯшашро кушояд,
Зуд оғӯшат намояд.
Боло хоҳӣ, барорад,
Поён хоҳӣ, фарорад.
Бахши хотимавии маҷмуаи “Хонаи мо – гулхона”-ро ашъори аз дигар забон ба забони тоҷикӣ тарҷуманамудаи Абдусаттори Раҳмон фаро мегирад. Ашъори тарҷуманамудаи ӯро шеърҳои Гукас Сирунян (Арманистон), Эдвард Милитонян (Арманистон), Нина Галиновская (Белоруссия), Ирма Маласидзе (Гурҷистон), Гела Сускиридзе (Гурҷистон), Васил Гулеури (Гурҷистон), Қуат Адис (Қазоқистон), Қанибек Ҷунушев (Қирғизистон), Владимир Руснак (Молдова), Георге Блэнару (Молдова), Гашам Исобейлӣ (Озарбойҷон) ва монанди инҳо дар бар мегирад. Аз ин бахши маҷмуа маълум мегардад, ки муаллиф дар ҷодаи тарҷума низ дасти тавоно дорад.
Дар маҷмуъ, доираи тасвир ва мундариҷаи мавзуъҳо дар ашъори кӯдакони Абдусаттори Раҳмон доманадор буда, ҳар як байти шеъраш бачаҳоро ба хондани китоб, ҳунаромӯзӣ ва таълиму тарбияи шоиста гирифтан ҳидоят мекунад.
Ин аст, ки китоби пурмағзи “Хонаи мо – гулхона”-ро сазвори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ медонем.
Маҳмурод РАҲМОНОВ,
номзади илмҳои филология, устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав
