ҶАШНИ ПИРӮЗӢ

07 май 2026, Панҷшанбе
13


Инсоният тули мавҷудият ҳазорон ҷангу низоъ ва даргириҳоро аз сар гузарондааст, ки боиси бадбахтӣ, мусибат, сарафкандагӣ, нодорӣ, бесуботӣ, беморӣ, ранҷурӣ ва фоҷиаи инсонӣ гардида, миллияту халқиятҳои ҷаҳонро ба ҳолати карахтию фақр мубтало кардаанд. Ин аст, ки инсони мутараққии ҷаҳон дар ҳар вазъу ҳоле ва ҳар давру замоне зидди ҷанг ва алайҳи даргириҳои бемаънӣ будаву ҳаст. Албатта, ҷангу набардҳое, ки хусусияти дифоӣ доранд, аз ин қоидаи умумӣ истисноанд. Ба ин маъно, ҳар ҷангу набарде, ки як миллият ва ё халқият аз ҳайсияту ҳувият ва ҳадду марзи худ дар баробари таҳдиду тааррузу таҳоҷуми хориҷӣ дифоъ мекунад, ҳаққоният дорад.
Ҷанг дар ҳама ҳолат, мусибати инсонӣ маҳсуб меёбад ва дар баробари он, фарҳангу тамаддун бояд ҷангу низоъро маҳдуд кунад. Дар давоми садаи бистум қатлу куштор ва истибдоду муҷозоти одамӣ ба дараҷае афзуд, ки барои ифодаи онҳо вожаю истилоҳоти нав сохтанд. Истилоҳи “генотсид” (соли 1944 сохта шуд ва дар гардиши фикрию сиёсӣ қарор гирифт) ба маънои маҳвсозии насли одамӣ мавриди истифодаи фаровон қарор гирифт. Худхоҳию худкомагии ҳукуматдорони ҷаҳонӣ боиси аз байн рафтани ҳаёти мардумони зиёди сайёраи инсонӣ гардид. Ҷанги якуми ҷаҳон (солҳои 1914-1918) 26 миллион ва Ҷанги дуюми ҷаҳон (солҳои 1939-1945) 53 миллиону 547 ҳазор куштаро ба бор овард. Тибқи омори расмӣ, агар дар Ҷанги якуми ҷаҳон 50 дарсади аҳолии осоиштаи мамолики ба ҷанг даргир ҳалок шуда бошад, дар ҷараёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ин рақам ба 60 дарсад мерасад. Ба сухани дигар, дар ҷараёни ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ аҳолии ғайринизомӣ низ сахт талаф ёфтааст. Омори расмӣ шоҳиди 54 миллион куштаи Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҷабҳаҳот мебошад. Акнун таваҷҷуҳ намоед, ки чӣ қадар мардуми бегуноҳ қурбони хоҳишу ҳавасҳои бемаънии ҷангҷӯёну фитнагарон гардидаанд ва ин раванд баъди ду ҷанги ҷаҳонӣ дар байни абарқудратон идома ёфта, то имрӯз домани аҳолии осоиштаи баъзе мамолики сайёраро сар надода истодааст.
Асри бистум дар худ ду ҷанги бузурги ҷаҳониро ғунҷоиш дод, ки ба бадбахтии мардуми манотиқи мухталифи сайёраи мо боис гардид. Ҷанги якуми ҷаҳон, ки солҳои 1914-1918 байни гурӯҳи давлатҳои аврупоӣ сурат гирифт, фақру бенавоӣ ва ноамнию бесуботиро дар ҷаҳони онвақта мутаҳаммил сохта, роҳи саодату хушбахтии мардумро муддатҳои тулонӣ барбаст. Дар натиҷа, ҷомеаҳои ҷангзада ба дардҳои ногувори равонӣ, уқдаҳои ботинӣ ва фишору тазйиқҳои иҷтимоию сиёсӣ гирифтор шуда, дар ҳолати дилшикастагӣ, худбохтагӣ ва навмедию нобоварӣ ба сар бурданд.
Ҳамин гуна беморию ранҷурӣ ва фақру бенавойиро садҳо карат зиёдтар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1939 – 1945) ба мардуми сайёра «эҳдо» намуд. Муҳимтар аз ҳама, бар асари ин ҷанги мудҳиш ҷони миллионҳо нафар одамони сайёра ба коми нестию нобудӣ афтида, миллионҳо кӯдакони оилаю хонаводаҳо заҳри ятимию бекасиро маҷбуран ва ғайриихтиёр чашидаанд. Аз ин дида мусибате сахттар барои насли инсонӣ набуда ва нест.
Аз батни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941 – 1945) тавлид ёфт, ки барои манотиқи дар ин ҷанг шомилбуда асароти сахт гузошт. Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони гитлерӣ бар хоки Иттиҳоди Шуравӣ оғоз ёфт, ҳудуди панҷ сол амну суботи ҷомеаи онвақтаи Иттиҳоди Шуравии нав аз кашмакашҳои дохиливу хориҷӣ халосёфтаро, ки Тоҷикистони азизи мо як ҷузъи он маҳсуб мешуд, халалдор сохт.
Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизми олмонӣ салтанати истилогунаро қариб дар тамоми ҷаҳон барканда, роҳи тараққиёти минбаъдаи бисёр мамолики таҳти тасарруфи мустабидони берунӣ қарордоштаро муайян кард. Ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ бар Олмони гитлерӣ ғалаба ва пирӯзии адолат бар разолат, рӯшанӣ бар торикӣ, хайр бар шар, некӣ бар бадӣ, ақл бар ҷаҳл, меҳру вафо бар ҷабру ҷафо, покӣ бар палидӣ ва дар маҷмуъ, ҳастӣ бар нестӣ мебошад. Дар ғалаба бар фашизми гитлерӣ, ки бар ивази хуни миллионҳо сарсупурдагони Ватан ба даст омадааст, тамоми мардуми шуравӣ, аз ҷумла намояндагони Тоҷикистон низ, саҳм доранд.
Дифоъ аз Ватан ва ҷанг ба хотири ба вартаи асорат науфтодани мардуми шуравӣ, ки онро ҷиддитарин хатар – фашизми олмонӣ таҳдид мекард, ба қарз, фарз ва амри виҷдони ҳар як шаҳрванди солимақли Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёфт.
Даъвати роҳбарияти давлати шуравӣ ба ҷанг барои аз хоки Ватан рондани истилогарони олмонӣ дар Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва дар кӯтоҳтарин муҳлат мардуми манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран ба ҷанг сафарбар шуданд. Шиорҳои асосӣ ва саросарӣ дар он замон “Ҳама ба фронт, ба ҳифзи Модар – Ватан”, “Ватан – Модар даъват мекунад” буданд. Ин шиорҳои аз назари сиёсию иҷтимоӣ дархӯр тавонистанд, ки дар миқёси табақаҳои мухталифи ҷомеаи шуравӣ, минҷумла мардуми заҳматқарини Тоҷикистон, оташи қаҳру ғазаби мардумро бар зидди истилогарони олмонӣ афзун созанд ва раванди муборизаҳои адолатхоҳонаро вусъати тоза бахшанд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам зиёда аз 290 ҳазор нафар фарзанди ғаюри миллат бар ҷабҳаҳо сафарбар шуда, алайҳи фашизм мубориза бурда, наздик ба 60 нафар унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравиро сазовор гардиданд. Дар ақибгоҳ ҳам халқи азизи тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳадафмандона заҳмат кашида, барои сангарҳои ҷангӣ ҳазорон тонна маҳсулоти ғизоӣ, анвои гуногуни озуқаворӣ ва лавозимоти ҷангӣ фиристода, аз ин тариқ дар раванди пирӯзӣ саҳми муносиб гузоштанд.


Нозим НУРЗОДА, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи нашр: 07.05.2026 №: 88