ЛЕНИНГРАД. ТУЛОНИТАРИН ВА ХУНИНТАРИН МУҲОСИРА ДАР ТАЪРИХ
Муҳосираи Ленинград аз сӯйи фашистон дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ яке аз тулонитарин ва хунинтарин муҳосираи шаҳри калон дар асри XX буд.
Ҳалқаи атрофи шаҳр 8-уми сентябри соли 1941, вақте ки олмониҳо, финҳо ва иттифоқчиёни онҳо муҳосираро ба анҷом расонданд, баста шуд. Аз ин ба баъд алоқа бо Ленингради муҳосирашуда танҳо тавассути кӯли Ладога амалӣ мешуд. Гитлер умедвор буд, ки аҳолии Ленинградро маҷбур мекунад, ки дар натиҷаи муҳосира аз гуруснагӣ таслим шаванд. Аммо роҳбарияти шуравӣ нақшаҳои ӯро аз байн бурда, таъминоти шаҳрро тавассути кӯли Ладога дар тобистон бо ёрии киштиҳо ва дар зимистон тавассути роҳи дар рӯйи ях сохташуда ташкил карданд.
Муҳосираи шаҳри Ленинград, ки “Гаҳвораи инқилоб” номида мешуд, ба мушкилоти зиёди таъминоти озуқаворӣ оварда расонд: бисёр одамон дар хонаҳои сард аз гуруснагӣ ва ях бастан мефавтиданд. Бо вуҷуди ин, ленинградиҳо таслим шуданро рад карданд. Гитлер аз хашм фармон дод, ки шаҳрро аз рӯйи замин нест кунанд.
Барои амалӣ намудани ин нақшаи зиддиинсонӣ гитлерчиён аз ягон амали даҳшатбор даст накашиданд: ба сари сокинони шаҳр тақрибан 150 ҳазор снаряд ва зиёда аз 107 ҳазор адад бомбаҳои оташзо партоб карда шуд. Дар натиҷаи бомбаборон тақрибан 3 ҳазор бино хароб ва зиёда аз 7 ҳазор бино осеб дид. Сокинони шаҳри муҳосирашуда ҳатто фикр намекарданд, ки ба ишғолгарон таслим шаванд ва дар муддати кӯтоҳ дастаҳои муҳофизони халқӣ таъсис ёфтанд.
Вазъи сокинони шаҳр торафт бадтар мешуд. Нон хом (нимпаз) буда, он ҳам аз панҷяки омехтаҳо иборат буд. Бемориҳои синга ва дистрофия сар шуд. Захираи сӯзишворӣ ба поён расида, илова бар ин, дар хонаҳои истиқоматӣ интиқоли барқ қатъ гардид. Қубури об аз кор баромад, 78 км шабакаи обу корез вайрон гардид. Дар моҳи сентябр-ноябри соли 1941 дар шаҳр 251 маротиба ҳушдори ҳамлаи ҳавоӣ садо дод. Давомнокии миёнаи ҳаррӯзаи тирпарронӣ дар моҳи ноябри соли 1941 ба 9 соат расид.
Дар давоми муҳосира аз зарби тир ва азоби гуруснагӣ зиёда аз 641 ҳазор нафар (аз рӯйи маълумоти дигар, на камтар аз 1 миллион нафар) вафот карданд, даҳҳо ҳазор нафар ҳангоми эвакуатсия (кӯчонидан) ҳалок шуданд. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи фавт, эвакуатсия ва даъватҳои иловагӣ ба артиш, аҳолии Ленинград дар давраи сентябри соли 1941 то сентябри соли 1942 то 1 миллиону 837 ҳазор нафар коҳиш ёфта, ҳамагӣ 707 ҳазор нафарро ташкил дод. Дар шароити вазнинтарини муҳосира, коргарони шаҳр ба фронт силоҳ, таҷҳизот, либос ва аслиҳа медоданд. Мубориза барои Ленинград шадид буд.
Халқи тоҷик дар қатори дигар сокинони шуравӣ ба муҳофизону аҳолии Ленинград ёрӣ мерасонд.Танҳо тобистони соли 1942 аз Тоҷикистон ба онҳо 2 миллиону 225 ҳазор рубл, 150 тонна ғалла, 130 тонна сабзавот, 80 тонна меваи тару тоза ва хушкмева, инчунин, 2 250 сар чорво фиристода шуд.
Бо вуҷуди гуруснагӣ ва тирпарронӣ, шаҳр мубориза ва зиндагиро идома дод. Корхонаҳо, аз ҷумла ба номи Киров (дар 4 км аз хатти фронт), кори худро қатъ накарда, маҳсулоти ҳарбӣ истеҳсол мекарданд.
Ниҳоят, 18-уми январи соли 1943 қӯшунҳои фронтҳои Волхов ва Ленинград муттаҳид шуданд ва бо ин роҳ муҳосираи Ленинградро шикастанд. Соати 23:00 ҳамон рӯз тавассути радио муждаи шикасти муҳосира паҳн гардид. 6-уми феврали соли 1943 аввалин қатора баъд аз оғози муҳосира ба Ленинград омад, ки ба шаҳри муҳосирашуда орд, гӯшт ва дигар маҳсулоти зарурӣ овард. Дар моҳи май сохтмони шохаи дуюми роҳи оҳан ба анҷом расид ва ҳаҷми интиқол хеле афзуд. Аллакай дар моҳи сентябр таъминот тавассути роҳи оҳан чунон самаранок шуд, ки зарурати истифодаи хатсайри кӯли Ладога аз байн рафт. Гуруснагӣ дигар ба Ленинград таҳдид накард.
Сайфиддин СУННАТӢ, “Ҷумҳурият”
