МАСТУРАИ ҶАСУР. АЗ РАНҶИ АҚИБГОҲ ТО БАРҚАРОРСОЗИИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Ашӯрполвон ва Саидабону худ аз донишу маърифат бебаҳра бошанд ҳам, духтарашон Мастураи 7-соларо ба мактаби деҳа бурданд. Ӯ дар Мадрасаи Болои деҳа аз соли 1936 то соли 1943 ҳамроҳи писарону духтарони синни гуногун аз 7 то 16-сола мехонд. Соли 1943 соли охирини таҳсил буд ва акнун бо сабаби талотуми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар дарсҳо танҳо духтарон иштирок мекарданд ва сафи онҳо ҳам торафт кам мешуд. Омӯзгорон ва писарони 15-16-соларо ба ҶБВ (1941-1945) ва аз онҳо хурдтарро ба корҳои ақибгоҳ сафарбар карда буданд. Аз ин сабаб, ҳукумати онвақта маҷбур буд як гурӯҳ занону духтарони болаёқати русторо ба таълиму тарбияи фарзандони мардум, ба кори маориф ҷалб кунад. Мастураи 15-сола дар он радиф буд. Ӯ акнун на ҳамчун шогирд, балки ба сифати омӯзгори ҷавонтарини деҳа ба ҳамдеҳагони худ гоҳ рақам меомӯхту гоҳ забони модарӣ.
Мастура аз он ҷанги хонумонсӯз захми ҳамешабоз дар дил дорад. Бародари ягонааш Мирзоқулӣ аз майдони ҷанги зиддифашистӣ барнагашт, бехаттухабар гардид, баъди солҳо ба ҷустанаш қариб ҳама мазорҳои ҷанговарони кишвари шуравиро гашт, аммо аз ӯ нишоне нест. Риштаи умед наканд ва писари калониашро ном ниҳод Мирзоқулӣ...
Ин сарафрозии ӯ бахти омӯзгори одии деҳа буданаш, обрӯи дар вазифаҳои директори мактаби деҳааш, мудири шуъбаи занони комитети партиявии шаҳри Истаравшан, он замон Ӯротеппа (1953-1954), ҷонишини раиси комиҷроияи Истаравшан шуда кор карданаш буд.
Мавсуф пас аз соли 1930, ки ноҳияи маъмурии Ғончӣ ташкил ёфт, бо талоши зиёд баҳри ободии он кӯшид. Соли 1955 маълумоти олӣ гирифт. Аз соли 1960 ӯ чун фарзанди шоистаи ин хоку диёр ба корҳои роҳбарӣ ҷалб шуд. Солҳои 1960-1975 котиби комитети партиявӣ, раиси комиҷроияи ноҳияи Ғончӣ буд. Ранҷи роҳбарӣ он замон барои як бонуи озодандеш хорошикан буд.
Мастура ҷое сахттар аз оҳан буду ҷое нармтар аз гул. Ӯ ҳаргиз пайи шуҳрат ва худнамоӣ нарафт, медалу мукофоти зиёдаш подоши ранҷу талоши бесобиқааш мебошанд. Зани ҷаҳонгашта ҳам буд, ба даҳҳо давлатҳои хориҷӣ сафар намуд. Аз масъалаҳои душворҳал барои Мастура хондану соҳибкасб шудани духтарони рустоҳои дурдаст буд. Бо ҳамин мақсад ӯ фаъолияти худро дар ин самт ҷон бахшид. Акнун ӯро зарур меомад, то духтарони болаёқатро якҷо сарҷамъ намояд, моҳияти хонданро фаҳмонад ва, аз ҳама муҳим, падару модарони духтаронро барои ба роҳи дур фиристодани духтаронашон баҳри таҳсил розӣ карда тавонад. Аз як сӯ, захми ҷисмониву руҳонии ҶБВ ҳанӯз аз ёдҳо нарафта буд. Аз сӯи дигар, мардум ҳанӯз омода набуданд фарзандони худ, бавижа, духтарони қадраси худро ба хондан ба роҳи дур фиристонанд. Нангу номус мекарданд ва ҳам метарсиданд. Мастура пеш аз оғози кор ин ҳамаро дарк карда буд ва ин бор ҷилави ҷасоратро сахт гирифт. Азм кард, то духтарони деҳаву ноҳияаш ҳатман соҳибмаълумот бошанд. Хушбахтона, чанд кас байни мардум тарафдори ин иқдом шуданд, аммо санги маломат ҳам кам набуд. Кор то ҷое расид, ки қаҳрамони мо кафолати хондану хабаргирии духтаронро дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ба зимма гирифт. Ҳамин тавр, ҳар сол даҳ-понздаҳ духтар ба мактабҳои олӣ фиристода ва бо маълумоти олии соҳаҳои гуногун фаро гирифта шуданд. Онҳо имрӯз пизишк, муҳандис, кишоварз, шоир, ҳунарпеша, раиси хоҷагӣ ва дигар мутахассисони варзидаанд. Муҳаббат Турсунова, Муаззама Сиддиқова, Назокат Кенҷаева, Латофат Кенҷаева, Хурсанд Саъдуллоева, Шукрӣ Саъдиева, Иқбол Раҳимова, Муниса Абдулвоҳидова... аз онҳое ҳастанд, ки оинаи ибратанду пайроҳаи кӯчаки онҳо ба шоҳроҳи азиме бадал ёфта. Орзуҳои Мастура як-як амалӣ гаштанд, дар кишвар маҳви бесаводӣ шуд. Ҷанги хонумонсӯзи ватанӣ паси сар монд. НБО “Норак” бунёд гардид, ба деҳаҳои дурдасттарин сими барқ кашида шуд, сохтмони НБО “Роғун” оғоз ёфт, аммо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз ёфту ба сараш борони ғам рехт. Ӯ ҳамчун вакили халқ барои ҳимояи Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон дар сессияҳои VIII-Х Шурои Олии Тоҷикистон иштирок дошт. Дили ҳассоси ӯро тақдири миллат фигор месохт. Ниҳоят рӯзе расид, ки маҳз бо корнамоиҳои Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон, хиради азалии мардум ва ҷоннисориҳои фарзандонаш сулҳи деринтизори мо омад!
Мастура аз тарафи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордени Шараф дараҷаи І мукофотонида шуд. Ҳукумати вилояти Суғд Мастураро ба ҳаҷҷи акбар фиристод. Ордену медалҳо, ифтихорномаву нишонҳои сарисинагии зиёд дорад, Мастура аз аҳди шуравӣ, низ бо медалҳо сарфароз гардидааст, аммо ордени Шараф барои ӯ чун нишони хидматҳояш барои таҳкими ваҳдату озодӣ ва пойдории миллати куҳанбунёди тоҷик ифтихори дигаре дорад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
