ШОМИ ШАНБЕ
![]()
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ШОҲИ САҲНА»
Дар ин филворд ба ифтихори зодрӯзи шоҳи саҳнаи тоҷик – Ҳошим Гадоев (10-уми май), номи қаҳрамонҳои офаридаи ӯ (ҳам дар кино ва ҳам дар театр) ҷой дода шудаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «САЁҲАТ»:
1. Чилучорчашма 2. Сафеддара 3. Гармчашма 4. Қаратоғ 5. Муғтеппа
6. Даштиҷум 7. ЗЕВС 8. Ҳулбук 9. Хуррамшаҳр 10. Арбоб 11. Искандаркӯл
12. Чилдухтарон 13. Балҷувон.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ЛИДИЯ ЛИТВЯК. АВВАЛИН ШАҲРВАНДИ ШУРАВӢ, КИ БА “КИТОБИ РЕКОРДҲОИ ГИННЕСС” ШОМИЛ ШУД
Аҷиб аст, аввалин шаҳрванди шуравӣ, ки ба “Китоби рекордҳои Гиннесс” шомил шуда буд, духтари ҷавон буд! Аммо на барои зебоӣ.
Лидия Владимировна Литвяк (18-уми августи 1921 – 1-уми августи 1943) лётчики ҳавопаймои шуравӣ, ас-командири парвоз, лейтенанти хурди гвардия ва муваффақтарин лётчикзани Ҷанги дуюми ҷаҳон буд. Литвякро бо лақаби "Савсани сафед" мешиносанд.
Вай ба “Китоби рекордҳои Гиннесс” ҳамчун лётчикзане шомил шудааст, ки дар таърихи авиатсияи ҳарбӣ шумораи бештари пирӯзӣ дар ҷангҳои ҳавоиро ба даст овардааст. 23-юми феврали соли 1943 аввалин мукофоти ҷангии худ – ордени Ситораи Сурхро гирифт.
Литвяк давоми як сол дар фронт 268 парвози ҷангиро анҷом дода, 15 самолёти душманро сарнагун ва муваффақтарин зани қиркунанда (женщина истребитель) гардид. Вай дар синни камтар аз 22-солагӣ дар набардҳои фронти Миус кушта шуд. Соли 1990 Литвяк пас аз марг ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ ва соли 1993 ба унвони Қаҳрамони Русия мушарраф гардид.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ
Гурӯҳи сайёҳон аз ғоре, ки танҳо як маротиба иҷозати вуруд доштанд, убур мекарданд. Бинобар торикӣ, ҳеҷ чиз наменамуд. Пас аз каме рафтан, зери пойҳои худ сангҳои гунонгунро эҳсос намуданд. Дар ин асно роҳбалад гуфт:
– Инҳо сангҳои ҳасрат ҳастанд. Ҳар кас бо худ гирад, ҳасрат мехӯрад ва ҳар касе нагирад низ ҳасрат хоҳад хӯрд.
Бархе андешиданд: “Аз ин сангҳо гирем ё нагирем ҳар ду як натиҷа медиҳад, пас чаро бори худро гарон кунем?”. Аз ин рӯ, сангҳоро нагирифтанд. Бархеи дигар ба худ гуфтанд: «Ҳар чи бодо бод, каме бо худ мебарем».
Чун аз ғор берун омаданд, диданд, ки сангҳо гаронбаҳоянд. Онҳое, ки сангҳоро нагирифта буданд, дар ҳасрат месӯхтанд. Онҳое, ки гирифта буданд, ҳасрат хӯрданд, ки чаро бештар нагирифтанд.
Зиндагӣ низ чунин аст: агар аз дороӣ бебаҳра бошем, ҳасрат мехӯрем ва агар доро низ бошем, боз ҳам дар ҳасрати бештари он ҳастем. Пас мебояд ба ҳар чизи доштаамон қаноат варзем.
Таҳияи Кароматулло АТО
ХАТОҲОИ ТАҚДИРСӮЗИ СУДӢ
ИШТИБОҲЕ, КИ ҲАЁТИ ИНСОНИ БЕГУНОҲРО СӮХТ
Ин яке аз фоҷиабортарин ишти-боҳоти судӣ дар таърихи шуравӣ буд, ки на танҳо боиси марги як инсони бегуноҳ шуд, балки ба ҷинояткорӣ аслӣ имкон дод, солҳои зиёд қатли одамонро идома диҳад.
Соли 1978 дар шаҳри Шахтии вилояти Ростови Русия Елена Закотноваи 9-сола бо дасти Андрей Чикатило, ки бо лақаби “Қотили Ростов” машҳур буд, кушта шуд. Полис зери фишори роҳбарият, ки талаб мекард, бояд ҷиноят зудтар кушода шавад, Александр Кравченко ном шахсро гумонбар донист. Ҳарчанд Кравченко ва ҳамсараш бо далелҳо ба тафтишот исбот карданд, ки дар вақти содир шудани ҷиноят дар хона машғули тамошои телевизор буданд, вале нишондоди онҳо ба инобат гирифта нашуд. Ниҳоят марди бегуноҳ зери фишори сахти ҷисмониву равонӣ ва бо ваъдаи он ки агар ба куштор иқрор шавад, нисбат ба ӯ ҳукми қатл татбиқ намегардад, гуноҳи нокардаро ба гардан гирифт.
Дар ҳамин асоси сохта ӯро соли 1979 зиндонӣ ва соли 1983 қатл карданд. Танҳо соли 1990, вақте Андрей Чикатилои қотил боздошт ва тафсилоти куштори Елена Закотноваро нақл кард, маълум шуд, ки Александр Кравченко комилан бегуноҳ будааст.
Т
аҳияи Фирӯз РАҲМОНИЁН
ДИҚҚАТ!
РУБРИКАИ НАВ
10 БОҒИ ЗЕБОТАРИН ДАР ҶАҲОН
Агар шумо хоҳиши сайругашт дар майдонҳои кабудизор ва гулбоғҳоро надошта бошед ҳам, тавсифи 10 боғи зеботарини ҷаҳон шуморо бетараф нахоҳад гузошт. Баъзеи ин боғҳоро дар асри XVI сохтаанд, аммо то имрӯз бо санъати меъморӣ ва ёдгориҳои фарҳангии он замон ба таври комил ҳифз шудаанд. Тамошои ин боғҳо ба одам эҳсоси оромӣ мебахшанд, зеро аз ҷиҳати визуалӣ хеле зебо мебошанд.
1. Боғҳои қасри Версал
Боғҳои қасри Версал дар масоҳати зиёда аз ҳашт километри мураббаъ тул кашида, ба рӯйхати яке аз зеботарин боғҳои Аврупо дохил шудааст. Мавриди зикр аст, ки қасри Людовик XIV, ки бо фармоиши ӯ сохта шудааст, дар боғи мазкур ҷойгир аст, зеро ҳоким дар майдонҳои сабзу тару тоза сайругашт карданро дӯст медошт. Ҳоло миллионҳо сайёҳ ҳамасола танҳо барои тамошову саёҳат дар байни фаввораҳои чун барф сафед ва рустаниҳои ширадори боғ меоянд.
Боғ, воқеан, хеле зебост. Бесабаб нест, ки он дар шумораи зеботарин минтақаи тамошобоби Фаронса ҷой гирифтааст. Дар боғ шумо пайраҳаҳои мураккаб ва манзараҳои сатҳи ҳамвори кӯл ва гулҳои рангаи аҷибро хоҳед дид.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
НАБАРДИ ПУРҚУРБОНИТАРИНИ
ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
1. Муҳорибаи Сталинград (17-уми июли соли 1942 – 2-юми феврали соли 1943). Ин муҳориба ҳамчун ҳодисаи хунинтарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба таърих ворид шудааст. Дар ин набард ИҶШС 1 миллиону 130 ҳазор ва Германияву иттифоқчиёнаш 1,5 миллион нафар талафот доштанд.
2. Мудофиаи Москва (30-юми сентябри соли 1941 – 20-уми апрели соли 1942). Ҳамлаи фашистон дучори буҳрон шуд, қувва ва руҳияи артиши Германия шикаст хӯрд. Талафоти шуравӣ 926,2 ҳазор нафар ва Олмон 581,9 ҳазор нафар буд.
3. Мудофиаи Киев (17-уми июл – 26-уми сентябри соли 1941). Таслими Киев ба вайроншавии воқеии ҷабҳаи Ҷанубу Ғарбӣ оварда расонд, сарбозони шуравӣ ба таври оммавӣ силоҳро партофтанд ва ба душман таслим шуданд.
4. Муҳорибаи Днепр (24-уми август – 23-юми декабри соли 1943). Дар ин набард аз ҳар ду ҷониб то 4 миллион нафар иштирок кард ва ҷабҳаи ҷангҳо 1400 км тул кашид. ИҶШС 417 ҳазор нафар ва Олмон 400 ҳазор кушта доданд.
5. Озодкунии Берлин (16-уми апрел – 8-уми майи соли 1945). Дар майдони ҷанг ИҶШС бо иттифоқчиён 81 ҳазор ва Германия тақрибан 400 ҳазор нафарро талаф доданд.
Таҳияи С. СУННАТӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
6 МИЛЛИОН БАРОИ ВАҚТХУШӢ
Баъди саргардониҳои зиёд чун Иван Крилов, нависанда ва шоири шаҳири рус, ниҳоят барои иҷора хона меёбад, соҳибхона шартномаеро пешниҳод мекунад, ки ӯ шинос шудаву имзо гузорад. Дар як банди ҳуҷҷат омада буд: «Агар аз беаҳамиятии иҷорашин мабодо хона даргирад, ӯ бояд 60 000 рубл ҷарима супорад». Шоири шӯхтабиат дар ҳамин банд боз ду ноли дигар илова намудаву шартномаро имзо мекунад. Чун соҳиби хона сабаби «масхарабозӣ»-и Криловро мепурсад, ӯ мегӯяд:
– Бародар, ман ба хотири вақтхушии шумо шартномаро таҳрир кардам. Бинед, 6 миллион аз 60 ҳазор дида чӣ қадар гӯшнавозтар аст. Барои мани камбағал бошад, фарқ надорад, зеро на инро пардохт карда метавонаму на онро ва на сигор мекашам, ки хонаи шумо сӯзад.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ШАЛЯПИН
Нафаре, ки бениҳоят сарватманд ва баобрӯ буд, сарояндаи машҳури рус Шаляпинро даъват мекунад, ки дар зодрӯзи ҳамсараш ҳунарнамоӣ кунад.
– Ман ба шумо 1000 доллар медиҳам, агар дар охир сурудхонии хонуми маро гӯш карда, назди меҳмонон ӯро каме тавсиф намоед.
– Ман медонистам, ки шумо аз ман ҳамин чизро хоҳиш мекунед, набошад дар 100 доллар омада хизмат мекардам, – мегӯяд Шаляпин.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
АЗ ФАЪОЛИЯТИ САРМУРАББИҲОИ КОМЁБ
ЖОЗЕ МОУРИНЮ
Жозе Моуринюи португалӣ яке аз муваффақтарин мураббиёни футбол аст, ки бо фаъолияташ дар бошгоҳҳои "Порту", "Челси", "Интер", "Реал", "Манчестер Юнайтед", "Тоттенҳэм" ва "Рома" шинохта шудааст. Вай дар чемпионати миллии чор кишвари гуногун (Португалия, Англия, Испания ва Италия) ғолиб омадааст.
Жозе Моуриню соли 2005 бо "Челси" қаҳрамони Англия шуд ва орзуи 50-солаи клуб ва мухлисони онро амалӣ намуд.
Жозе Моуриню то ҳол ягона мураббие аст, ки дар ҳар се мусобиқаи бузурги Аврупо – Лигаи чемпионҳо («Порту» 2004, «Интер» 2010) Лигаи Аврупо/Ҷоми УЕФА («Порту» 2003, «Манчестер Юнайтед» 2017) ва Лигаи конференсия («Рома» 2022) ғолиб омадааст. Жозе Моуриню аз ҷониби ФИФА беҳтарин мураббии ҷаҳон дар соли 2010 эътироф гардид. Вай, инчунин, аз ҷониби нашрияҳои дигар, аз ҷумла IFFHS (2004, 2005, 2010 ва 2012), Мураббии сол эълон шудааст. Жозе Моуриню соли 2015 аз ҷониби Федератсияи футболи Португалия беҳтарин мураббии португалии аср эътироф гардид.
Аз русӣ тарҷимаи Сайфулло АШУРОВ
1,5 МИЛЛИОН ДОЛЛАР Ё АРЗИШИ ЯК СУХАН
Боре Алберт Эйнштейн ба ҷопони ҷопоние, ки борхалтаашро то ҳуҷраи хобаш овард, ба ҷойи чойпулӣ соядаст дод, зеро пул додан дар Ҷопон одат нест. Дар дастнавис чунин ҳарфҳо буданд: «Зиндагии орому хоксорона назар ба ташвиши доимӣ ва ҷустуҷӯйи шуҳрат шодии бештар меорад». Дар соли 2017 ин дастнавис ба маблағи беш аз 1,5 миллион доллари ИМА фурӯхта шуд.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
ПАЙОМАДИ ХИҶОЛАТБОРИ МАРДУМФИРЕБӢ
Марде саросема ба дукони гӯштфурӯш даромада, пурсид: «Мурғ доред?».
Фурӯшанда дари яхдонро кушода, дид, ки як дона мурғ мондааст чун онро гирифта болои тарозу гузошт, яку ним кило баромад.
Мард пурсид: «Калонтарашро надоред?».
Фурӯшанда мурғро ба яхдон гузошт ва гӯё мурғи дигарро гирифта бошад, дубора онро болои тарозу гузошт. Бо дасташ ноаён як гӯшаи тарозуро зер кард. Ин дафъа ақрабак ду кило нишон дод.
Харидор хурсанд шуд ва гуфт: «Хуб, ман ҳар дуро мегирам».
Ин вақт қассоб дар ҷояш шах шуда, дигар чи кор карданашро намедонист. Танҳо фаҳмид, ки чӣ гуна як фиреби хурд инсонро ба хиҷолати бузург ва ҳолати ногувор рӯ ба рӯ мекунад.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР
ПУЛ СОҲИБИ ФАВТИДААШРО АЗ ГӮР БЕРУН КАРД…
Ҷиту Мунда аз иёлати Одишаи Ҳиндустон турбати хоҳари фавтидаашро аз қабр бароварда, ба бонк бурд, то марги ӯро собит карда, маблағро аз ҳисоби бонкиаш гирад, зеро кормандони бонк аз ӯ талаб мекарданд, ки соҳиби маблағи дар суратҳисоббударо биёрад.
Ҳодиса дар филиали Маллипоси Бонки маҳаллии Одиша дар минтақаи Патана рух додааст. Ҷиту Мунда аз ҳисоби хоҳари марҳумаш 20 ҳазор рупияро бояд мегирифт. Хоҳарбузургаш Калра Мундаи 56-сола буда, 26-уми январи соли 2026 вафот кардааст. Ҷиту баъд аз чандин маротиба муроҷиат ба бонк, маҷбур шуда, ба ин кор даст задааст.
Ӯ гуфт: «Ман чандин бор ба бонк рафтам ва кормандон гуфтанд, ки соҳиби ҳисобро биёр. Гарчанде ман гуфтам, ки ӯ фавтидааст, онҳо гӯш накарданд, бинобар ин, қабрро кофта, пайкараи хоҳарамро ҳамчун далел овардам.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
КӮҲИ ДАСТНОРАС
Бино ба маълумоти Wikipedia, Кайлас (маънояш «сафед ба сони булӯр», баландияш 6638 метр, Тибети Ғарбӣ, Чин) ягона кӯҳе мебошад, ки то ҳанӯз онро инсон фатҳ накардааст.
Зикр мегардад, ки баъзе динҳои қадимии Ҳиндустон, Чин ва Непал кӯҳи Кайласро муқаддас медонанд, аз ин рӯ, барои фатҳи он иҷозат намедиҳанд.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки соли 1985 кӯҳнаварди машҳури итолиёвӣ Райнҳолд Андреас Месснер (аввалин шахсе, ки ҳамаи 14 кӯҳи беш аз 8-ҳазорметраи ҷаҳонро фатҳ намудааст)
қасди фатҳи кӯҳро кард ва ҳатто ҳукуматдорони Чин ҳам ба ӯ иҷозат дода буданд, аммо дар лаҳзаҳои охирин Месснер бо сабабҳои номаълум аз ин раъйи худ даст кашид.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛО
АЗ ХУД АСАРЕ БИГУЗОР
Подшоҳе ҳангоми гузаштан аз канори боғе пирмардеро дид, ки бо заҳмат дар ҳоли шинондани ниҳоли чормағз буд. Бо тааҷҷуб гуфт: “Солҳо мебояд, то чормағз самар бидиҳад. Ту, ки онро шояд набинӣ, чаро мешинонӣ?”.
Пирамард оромона гуфт: “Дигарон шинонданду мо хӯрдем, мо ҳам мешинонем, то дигарон бихӯранд”.
Ин посух подшоҳро мутаассир кард ва ба пирмард як халта тилло дод. Пирмард хандиду гуфт: “Бубинед шоҳам, дарахти ман зуд бор овард”.
Подшоҳ бештар ба ҳайрат омаду ба ӯ халтаи дигари тиллоро бахшиду рафт.
Ҳикмат: агар фақат ба фикри имрӯз ва худат бошӣ, ҳеҷ асаре аз ту боқӣ намемонад. Инсони воқеӣ касест, ки барои оянда ва дигарон кореро анҷом медиҳад.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
ПАНД БАРОИ КӮДАКОН
Дар масали пандомӯзе омадааст: пирмарде пайваста ба кӯдакон бозичаҳои шишагию фағфурӣ туҳфа мекард. Аз ин амали ӯ волидон норозиёна мегуфтанд: «Аз ин чи фоида, охир бозичаҳо нозуканд ва кӯдакон онҳоро мешикананд!».
Пирмард ҷавоб дод: «Бале, аммо ин барои онҳо дарс аст, зеро чун калон шаванд, касе дили хешро ба онҳо хоҳад бахшид ва он низ нозук аст. Пас, кӯдакон бояд аз ҳоло муносибати эҳтиёткоронаро бо атрофиён биомӯзанд”.
Таҳияи Хуршед ТОЛИБОВ
ОЁ МЕДОНЕД?
Тавре коршиносон мегӯянд, ақибнокӣ давидан ба саломатӣ ниҳоят муфид аст. Он мушакҳои баданро қавӣ гардонда, дардҳои камарро, ки бар асари хамида роҳ рафтан ба вуҷуд омадаанд, бамаротиб камтар мекунад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
Чаро Девори бузурги Чин аз кайҳон наметобад
Бо вуҷуди яке аз бузургтарин ва машҳуртарин ёдгориҳои таърихии ҷаҳон будан, Девори бузурги Чинро аз кайҳон бо чашми одӣ дида намешавад. Кайҳоннавардон ва олимон ин далелро тасдиқ кардаанд.
Сабаби асосии ноаён будани он аз баландии хеле зиёд дар он аст, ки девор паҳноии нисбатан борик дорад ва ранги он ба ранги кӯҳҳо ва табиати гирду атрофаш хеле монанд аст.
Ҳарчанд, баъзан бо истифода аз дастгоҳҳои махсус ё дурбинҳои пурқувват мумкин аст баъзе қисмҳои онро дид, вале бо чашми одӣ диданаш қариб ғайриимкон аст.
Таҳияи Муҳаммад АМИН
