ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

25 май 2023, Панҷшанбе
79
0
 
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Боргоҳи илму маърифат бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуд.
Раванди дарс дар муассисаи нави таълимии 2-ошёна, ки барои 400 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст, бо забонҳои русӣ ва англисист.
Коллеҷ дорои 8 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ буда, ҳар яки он дорои мизу курсӣ, тахтаи электронӣ ва дигар аёниятҳои хониш мебошад. Бо ифтитоҳи бинои нави Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” 20 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуд.
Таълимгоҳ дорои синфхонаи компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, чопи маводи дарсӣ, толори маҷлис барои 100 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, барои омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ шароити зарурӣ фароҳам аст.
Масоҳати умумии Коллеҷ 12 садяк заминро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти нави соҳаи маориф бо саҳми соҳибкори ватанӣ Тимур Гусейнов соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 20 нафар бинокори маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири донишомӯзӣ дар Коллеҷи нави хусусӣ ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро дар самти тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф намуна арзёбӣ карданд.
Дар муассисаи нави таълимӣ тарбияи мутахассисон мутобиқ ба меъёрҳои замони муосир ба роҳ монда шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шудаанд. 
Иттилоъ дода шуд, ки Коллеҷи хусусии омӯзгории “Асосгузор” мутахассисони донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ва компютериро дар сатҳи баланд тайёр менамояд.   
Синфхонаи компютерии муассисаи нави таълимӣ бо технологияи муосир ва пайваст ба шабакаи интернет муҷаҳҳаз мебошад.
Китобхонаи замонавиаш бо адабиёти дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, барои донишҷӯён шароити зарурӣ таъмин гардидааст.  Донишҷӯён имкон доранд, ки аз ин боргоҳи илму маърифат босамар истифода намуда, савияи донишу малакаи хешро сайқал диҳанд. 
Дар ин макон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” - солҳои 2020-2040 имконияти васеъ муҳайё мебошад.
Ҳамаи тадбирҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири таълиму тарбияи донишҷӯён равона карда шудаанд.  
 
 
ШИНОСОӢ БО ЛОИҲАИ БАНАҚШАГИРИИ ҚИСМИ  МАРКАЗИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
 
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи банақшагирии маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисми маркази шаҳри Турсунзода шинос шуданд.
 
Мутобиқи маълумот ҷиҳати татбиқи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода 128 гектар замин илова гардида, масоҳати умумии маркази шаҳр ба 778 гектар расонда мешавад, ки ин барои 100 ҳазор аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Аз рӯи нақшаи муфассали банақшагирии шаҳр дар масоҳати 86 гектар 270 бинои истиқоматии 6, 9, 10 ва 16 - ошёна сохта мавриди истифода қарор дода мешавад.
Иншооти зикршуда дар заминаи манзилҳои як ва дуқабата ва хобгоҳҳои дуошёна, инчунин, биноҳои куҳнаву фарсудаи маҳаллаҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва қисми марказии шаҳр бунёд мегарданд.
Баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди зист ба аҳолии шаҳр иншооти ҷамъиятию маъмурӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, боғчаҳои кӯдакона, боғи фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишию солимгардонӣ ва иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар муҳлати муайян бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд.   
Ҳамзамон, дар ҷараёни татбиқи амалии нақшаи муфассали банақшагирии маҳаллаҳои марказии шаҳр 28 километр роҳи байнишаҳрӣ таъмиру навсозӣ мегардад, ки дар самти таъмини ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунад. 
Лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” омода шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба роҳбарияти шаҳр ва дигар масъулони иншооти сохташаванда ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои бунёдӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Лозим ба таъкид аст, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 400 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз қариб 90 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст.  
Бояд зикр намуд, ки солҳои минбаъда бо татбиқи нақшаи генералии шаҳри Турсунзода симои маҳаллаҳо ва маркази шаҳр зебову назаррабо гардида, ҳамзамон, ҷойҳои нави корӣ муҳайё мешаванд, ки дар самти боз ҳам беҳтару хубтар шудани сатҳу сифати зиндагии сокинон мусоидат менамояд.
 
ИФТИТОҲИ БИНОИ ШУЪБАИ МИНТАҚАВИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТҲОИ МУТАШАККИЛИ ВКД ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Бинои нав аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар он барои кормандони мақомоти милитсия тамоми инфрасохтори зарурӣ бо назардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст.
Иншоот бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии як гектар замин бунёд гардидааст.
Мувофиқи лоиҳа бинои нав барои пешбурди фаъолияти самараноки дастаи махсуси зудамали шуъба пешбинӣ гардида, дорои 24 ҷойи хоб барои афсарон мебошад.
Бинои навбунёд аз маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Маҷлисгоҳ бо нишастгоҳҳои замонавӣ таъмин буда, барои гузарондани чорабиниҳо ва мулоқотҳо пешбинӣ гардидааст.
Дар китобхонаи электронӣ номгӯи зиёди адабиёти соҳавӣ ва асарҳои илмию бадеии тозанашр мавҷуданд, ки кормандон метавонанд дар вақти муносиб ба мутолиа машғул шуда, дониш, малака ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.
Барои ба варзиш машғул шудани кормандони шуъба, хусусан дастаи зудамал, майдон ва як толори варзишӣ сохта шудааст. Майдону толор бо тарҳи муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии машқу тамрин таъмин аст. Масоҳати майдони варзишӣ 600 ва толори варзишӣ 120 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
 
 
 
НАВСОЗИИ СИЛСИЛАҲОИ 5 ВА 6-И ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ «ШИРКАТИ АЛЮМИНИЙИ ТОҶИК» 
24  май,  дар  идомаи  сафари  корӣ дар шаҳри Турсунзода, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» шинос шуданд.
Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и «Ширкати алюминийи тоҷик» бо назардоштаи талаботи муосир дар се марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он афзоиш додани устувории саноати металлургӣ мебошад.
Муҳлати амалишавии марҳилаи аввали лоиҳа 14 моҳро ташкил медиҳад ва иқтидори истеҳсолӣ дар ин марҳила 80 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.  
Марҳилаи дуюми таҷдиду навсозӣ солҳои 2025 – 2026-ро дар бар гирифта, дар ин давра қисми боқимондаи силсилаи 6-и истеҳсолоти электролиз навсозӣ шуда, филизи истеҳсолшаванда дар як сол 70 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод.
Дар марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳа, ки 14 моҳ муқаррар гардидааст, силсилаи 5-и истеҳсолоти электролиз пурра навсозӣ ва дар он технологияҳои нави истеҳсоли алюминий васлу насб мегардад. Иқтидори истеҳсолӣ дар ин марҳила аз рӯи лоиҳа солона ба 150 ҳазор тонна маҳсулот хоҳад расид.
Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ширкати алюминийи тоҷик» дар заминаи асосноккунии техникӣ – иқтисодии Ширкати чинии «GAMI» дар ҳамкорӣ бо «China machinery engineering corporation» бо истифода аз навтарин технологияҳои системаи автоматонии идораи равандҳои технологӣ ва таъминоти худкори гилхок сурат мегирад.
Аснои муаррифии лоиҳаи навсозии силсилаҳои мазкур иттилоъ дода шуд, ки татбиқи пурраи он дар асоси талаботи муосир имкон медиҳад, ки истифодаи қувваи барқ зиёда аз як маротиба коҳиш дода шуда, маҳсулнокии гилхок, алюминийи фтордор, криолит ва анод бамаротиб беҳтар карда шавад. Зеро, ба гуфтаи масъулон, технологияи мавҷудаи электролизёрҳо дар Ширкат, ки қисми зиёди онҳо ба солҳои пеш тааллуқ доранд, аллакай, куҳна гардида, боиси талафёбии гилхок ва ифлосшавии он шуда, хароҷоти меҳнатро афзун менамоянд.
Ҷорӣ кардани технологияи пешқадами ҷаҳонӣ дар раванди истеҳсолот бо навсозии пурраи силсилаҳои 5 ва 6-и ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» то соли 2027 иқтидори истеҳсолиро то 300 ҳазор тонна дар як сол мерасонад.
Ба андешаи мутахассисон, васлу насби технологияи нави истеҳсолӣ имкон фароҳам месозад, ки тавассути сарфаи неруи барқ, автоматикунонии раванди истеҳсолот, риояи меъёрҳои технологии истеҳсолот ва баланд шудани сифати маҳсулоти ниҳоӣ арзиши алюминий коҳиш дода шавад.
Ҳамин тариқ, паз аз навсозии пурра ва дубора ба фаъолият оғоз кардани силсилаҳои мазкур 1 ҳазору 500 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии технологияи истеҳсоли алюминий дар силсилаҳои 5 ва 6 ба масъулон ҷиҳати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои бунёдкориву муҷаҳҳазсозӣ дастурҳои мушаххас доданд.
ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» аз ҷумлаи истеҳсол-кунандагони азими ҷаҳонии алюминий буда, дар асоси татбиқи тадбирҳои созанда тайи солҳои зиёд нуфузи худро ҳамчун Ширкати аз ҳама босуръат рушдкунандаи мамлакат нигоҳ доштааст. Маҳсулоти истеҳсолии ин корхонаи азими саноатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидори зиёд доранд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки бунёду ба истифода додани корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ дар мамлакат дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки ашёи хоми ватанӣ то марҳилаи ниҳоӣ коркард шуда, бо ин васила, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот афзоиш дода шавад ва барои шаҳрвандон ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд.
 
 
 
ҶДММ «СИПАР ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ ПАРДОХТ
24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сипар гурӯҳ»-ро ба истифода доданд.
Корхонаи «Сипар гурӯҳ» дар доираи Солҳои рушди саноат, 2022-2026 ва татбиқи ҳадафҳои Барномаи давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 сохта шуда, самти фаъолияти асосии он ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.
Дар корхонаи навбунёд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст, дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст ва оянда ин нишондод меафзояд.
Тавре иттилоъ доданд, қисмҳои алоҳида барои омода намудани нақлиёти махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ, асосан, аз Ширкати «STREIT GROUP» -и Амороти Муттаҳидаи Араб дастрас мегарданд.
Иқтидори солонаи корхонаи нави саноатӣ ҷамъу васли 120 нақлиёт мебошад ва оянда бо назардошти талабот ин рақам афзоиш хоҳад ёфт.
Мошинҳои омодашавандаи корхона барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронда шудаанд. Ҳамчунин, оянда содироти он ба кишварҳои хориҷ дар назар аст.
Таъсис ва ба фаъолият оғоз кардани иншооти нави саноати мошинсозӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуд, аз иқдомҳои муҳиму самарабахш дар самти рушди соҳа дар мамлакат дониста мешавад.
Дар заминаи ба кор даромадани корхона дар шаҳри Турсунзода 100 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Дар асоси нақша кормандони корхона оянда аз ҷониби маъруфтарин ширкатҳои мошинсозии соҳавии кишварҳои пешрафта ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишии ҷамъу васлсозии ин намуди нақлиёт ҷалб мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо раванди истеҳсолот ва санҷиши техникии аввалин мошинҳои дар ин корхона омодашуда шинос шуданд.
Мутобиқати нақлиёти корхонаи мазкур аз рӯи баҳодиҳии мутахассисони соҳа ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонии мошинсозӣ мебошад.
Бунёди корхонаи нақлиётсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иқдомҳои назаррас дар самти татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат буда, ба таъкиди масъулон барои таъмир ва истеҳсоли дигар намуди техникаҳо дар дохил заминаи мусоидро ба вуҷуд меорад.
Санаи нашр: 25.05.2023 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив