ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади эътирофи дастовардҳои бузург дар соҳаи тиб, фармон медиҳам:
1. Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шавад.
2. Фонди Ҷоизаи байналмилалии мазкур ташкил карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ва фонди онро таҳия ва тасдиқ намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 майи соли 2026, №1180
ШАРҲИ ФАРМОНИ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб”
Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон таъсис дода шуд.
Ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми камназир дар сатҳи байналмилалӣ буда, қадами муҳим дар самти омӯзиши осори илмии ин фарзанди фарзонаи мардуми тоҷик дар ҷаҳон мебошад ва барои рушди илми тиб ва низоми байналмилалии тандурустӣ нақши муассир хоҳад гузошт.
Қобили зикр аст, ки дар осори илмии Абуалӣ ибни Сино масъалаи саломатӣ ва беҳдошт мавқеи калидӣ дошта, мавзуъҳои вобаста ба саломатии инсон, муҳити зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мероси илмии ӯ васеъ инъикос ёфтаанд. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш, Ибни Сино имрӯз низ ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад.
Таҳқиқоти илмӣ ва назарияву пешниҳодҳои амалии Абуалӣ ибни Сино то ба имрӯз аҳамияти илмӣ ва амалии хешро на танҳо нигоҳ доштаанд, балки барои рушди солимии ҷомеаи ҷаҳон, махсусан дар самти пешгирӣ кардани бемориҳои сироятӣ, ки солҳои охир аҳли башарро ба таҳлука андохтаанд, мусоидат карда, тавассути усулҳои ҳозиразамон тасдиқ гардидаанд.
Ҳоло дар кишварамон Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ноҳия номи ин нобиғаро доранд. Ҳамзамон, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ҳар сол 18-уми август мавлуди Абуалӣ ибни Сино ҳамчун рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар кишвар ҷашн гирифта мешавад.
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун ташаббуси навбатии Пешвои миллат як иқдоми муҳим дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва бузургдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буда, бори дигар собит месозад, ки Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб ва шоири тоҷик дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардидааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтани ҷоиза эътироф намудани дастовардҳои назаррас дар соҳаи тиб дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Фармони мазкур масъалаҳои таъсис, таҳияву тасдиқи низомномаҳо ва фонди Ҷоизаро дар бар мегирад.
Иқдоми зикршуда ба ҳавасманд гардондани олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида, бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳбуди байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад.
Ба Ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳалли масъалаҳои глобалии соҳаи тандурустӣ нақши муассир гузошта, чун дигар иқдомҳои сатҳи ҷаҳониашон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ меёбад.
