ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗ ЯК РИСОЛА ДАР ШИНОХТИ ЗАБОНИ АДАБӢ 

БОЗ ЯК РИСОЛА ДАР ШИНОХТИ ЗАБОНИ АДАБӢ 

25 май 2023, Панҷшанбе
41
0
 
Таълифи рисолаи «Низоми маъноии феъл дар забони адабии тоҷикӣ» (бар забони осори бадеии Абдураҳмони Ҷомӣ) ва нашри он дар шакли китоби алоҳида, бешак, аз ҷониби олими маъруфи соҳа Гулназарзода Жило аз дастовардҳои илми забоншиносӣ ва рухдоди фараҳбахш маҳсуб мешаванд. Ин раванди нек аст, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар пажӯҳишгарон бештар ба масъалаҳои муҳими маъношиносӣ рӯй овардаанд.
Ба ин васила, ҳамзамон, тарзи тафаккур ва усулу услуби эҷоди адибон, хосса шоирони классик, равшану фаҳмо мегардад. Инчунин, адибони муосирро вазифадор месозад, ки ба равиши эҷод ва тарзи ифодаи фикру маъно шинос бишаванду бо дарки дуруст эҷод бинамоянд. Ба маврид аст, махсус зикр бикунем, ки аксар эҷодкорон, албатта, дар ҳамаи соҳаҳо ҷойгоҳи асосии феълҳо ва низоми маъноии онҳоро тавре ки бояд, намешиносанд. Нашри ин рисола ва мутолиаи он сабаб хоҳанд шуд, ки ин мушкил аз миён биравад. Чунон ки зимни зикри муҳтавои асосӣ ва мухтасари рисолаи мазкур навиштаанд: “Бори нахуст ба таври нисбатан мукаммал маъноҳои грамматикии феъл чун маънои аспектуалӣ ва навъҳои он, маънои нақлӣ ё эвиденсиалияти феъл, маънои луғавӣ ва намудҳои он, чун денотативӣ – сигнификатевӣ, маънои прагматикӣ ва хелҳои он, чун услубӣ, коннотативӣ ва эҳсосотӣ, мавқеъ ва хусусияти онҳо дар низоми семантикии феъл дар асоси назарияҳои гуногун баррасӣ шудаанд.”
Рисола аз муқаддима, чор боб: Феъл категорияи асосии низоми семантикии забони тоҷикӣ; Маънои грамматикии феъл; Маънои луғавии феъл ва навъҳои он, Таносуби маъноии низоммандии (системавии) феъл ва Хулоса иборат мебошад. 
Аз ин рисола аст, ки иқтибос мешавад: “Феъли забон ба ҳарза кушодан дар силсилаи синонимӣ тафсил ёфтааст, яъне маънои феъли забон ба ҳарза кушодан бо феълҳои дашном додану носазо гуфтан мушаххас гардидааст:
Он дигар як забон ба ҳарза кушод,
Дод дашному носазо медод. ”
Баёни фикр ба пуррагӣ бо истифодаи аксари феълҳо, воқеан, на танҳо ҳунари шоириро рӯшан месозад, балки барои омӯзишу истифодаи ин тарз бояд муҳим арзёби шавад. 
Истифодаи бомавқеи феълҳо, баррасии онҳо, шарҳу тавзеҳҳояшон аз байтҳо барои таълифи чанд рисолаи дигар дар хусуси ҳунари шоирӣ мавод дода метавонад. Муаллифи ин рисола зимни хулоса аз эҷоду ҳунари шоирии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дуруст таъкид менамояд: “Ҳамчун як шахси эҷодкор ҳамеша бо забон, калимаву сухан, ибораву таъбирот сару кор дошт ва беҳтар аз ҳама медонист, ки барои дарку фаҳми мазмун шахс, пеш аз ҳама, бояд ба маънои муҳтавои вожаю ибора ва маҳфум сарфаҳм равад ва дар намунаи осори безаволи ӯ баррасӣ намудани семантикаи феъл дар забони адабии тоҷикӣ дар масири таърихи инкишофи маънои феъл дар забони адабии тоҷикӣ шароит фароҳам меорад”.
Ҳамин тавр, китоби “Низоми маъноии феъл дар забони адабии тоҷикӣ” (бар забони осори бадеии Абдураҳмони Ҷомӣ) туҳфаи арзишмандест барои муҳаққиқон, мутахассиони соҳа ва донишомӯзони риштаи суханшиносӣ.
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 25.05.2023 №: 110
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив