В А Н Ҷ. ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС БА ОБЁРӢ
Бояд зикр кард, ки дар ноҳияи Ванҷ дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз худ кардан ва обёрӣ намудани заминҳо ва боғоти нав як қатор тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Тибқи иттилои Оят Пиров, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ванҷ, маҳз файзу баракати даврони соҳибистиқлолист, ки дар ин давраи кӯтоҳ чандин каналу ҷӯйборҳо ва хатҳои обгузар бунёд гаштаанд. Ҳамаи ин иншооти обрасонӣ ба мавсими тобистон аз фасли зимистону аввали баҳор омода мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, техника, таҷҳизот ва дигар васоити корхона хушсифат таъмиру тармим шуда, доимо ба кор омода мебошанд.
Сардори идораи обёрӣ ва беҳдошти замин иброз дошт, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр гардидааст: ”Вазъи ҳассоси ҷаҳони имрӯза, бахусус ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё, моро водор месозад, ки ҷиҳати таъмини ҳадафи стратегиамон - ҳифзи амнияти озуқаворӣ, тадбирҳои иловагӣ андешем. Аз ин лиҳоз, роҳбарону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таҷдиду барқарорсозии иншооти обёрӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд”.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон нишондодҳо ва вазифаҳои дар Паёми навбатии Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии кишвар ироагардидаро ба ҷо оварда, дар ноҳияи Ванҷ низ, дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, пеш аз ҳама, ба масъалаи азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав ва боғот аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар масъулони соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Аз ҷумла, бунёди иншооти бо оби полизӣ таъмин кардани киштзорони деҳаи Одешт, як қисми заминҳои деҳаи Бунай, мавзеъҳои Ҷангали Зуго ва дашти Бовуди ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев, ки соли гузашта бо маблағгузории Ҳукумати кишвар аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст, имсол низ, идома меёбад. Баробари сохта ба истифода додани ин хатти обгузари бештар аз 10-километра зиёда аз 100 гектар киштзорон ва боғоти ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҷовидон ва ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев саросар обёрӣ мегарданд, ки ин миқдор замину боғот барои музофоти кӯҳистон он қадар ҳам кам нест. Дар баробари аҳли деҳоти номбурда чандин хонаводаҳои маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв низ, дар ин ҷодаҳо ва, алалхусус дашти бештар аз 60 гектари Бовуд ва мавзеи Ҷангали Зуго, соҳиби замин ва боғот мегарданд.
- Коркунони идораи мо, - гуфт Оят Пиров, баҳри он мекӯшанд, ки иншооти обрасонӣ на ба таври мавсимӣ, балки мунтазам дар ҳудуди шаш ҷамоати деҳоти ноҳия, пеш аз ҳама, хатҳои обрасонии даштҳои Торӯғ, Бовуд, Вишхарвак, Удоб, Ваҳдат (Сурхсангови пештара), Дашти Язгулом ва дигар масиру ҷодаҳо бенуқсон ва мураттаб кор кунанд. Ба мавсими обхезиҳои фасли тобистон низ, омода шудан зарур аст, чунки дарёи Ванҷоб ва дарёчаҳои кӯҳӣ, алалхусус Рохарву Бунай, ҷараёни ниҳоят тезутунд доранд ва ҳамасола иншооти обрасониро вайрон менамоянд. Ёдовар бояд шуд, ки тобистони соли гузашта тариқи техникаи идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия оқибатҳои зараровари ин дарёчаҳои кӯҳӣ дар маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв, деҳаҳои Убари Даргов ва Бунай ҷилавгирӣ гардиданд. Имсол низ, каналҳо, ҷӯю заҳбурҳо то мавсими обёрии замини киштзорон таъмир ва тармим карда шуданд. Як нукта боиси зикр аст, ки масъулони ин идора тариқи техникаи мавҷуда дар соҳилбандии дарёи пуртуғёни Ванҷоб баҳри бехавфу хатаргардонии фурудгоҳи ноҳия дар маҳаллаи Пуни Ҷегунӣ ширкати фаъолона менамоянд.
Ғайр аз ин, кормандони корхона мувофиқи шароит ва имкониятҳояшон тариқи техникаи дар ихтиёрдоштаашон дар ободонии маркази ноҳияи Ванҷ, шаҳраки Рохарв ва ҳудуди шаш ҷамоати деҳот низ, саҳмгузорӣ карда истодаанд. Онҳо дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо дигар идораву муассисаҳо ин минтақаи кишварро боз ҳам ободу зеботар менамоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор