ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮШОН. ҚУЛЛАИ МУРОДРО ЯКҶОЯ ФАТҲ ХОҲЕМ КАРД!

РӮШОН. ҚУЛЛАИ МУРОДРО ЯКҶОЯ ФАТҲ ХОҲЕМ КАРД!

30 май 2023, Сешанбе
23
0
Дар солҳои истиқлолият ноҳияи Рӯшон дар корҳои ободонию бунёдкорӣ, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.  Додхудо Фаррух, раиси ноҳияи Рӯшон, иброз намуд, ки сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз дастовардҳои арзанда ва файзи ваҳдату истиқлолият корҳои созандагиро дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия равнақ бахшидаанд. 
Тавре аз натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар чор моҳи аввали соли 2023  бармеояд, дар ин давра  даромади умумии буҷети ноҳия ба беш аз 9 миллион сомонӣ  баробар шуд, ки ин нишондод бесобиқа аст. Даромади буҷети ноҳия нисбат ба ҳамин давраи  соли 2022  қариб 1 миллион сомонӣ афзудааст. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи намудҳои андоз ба буҷет зиёда аз 5 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид. Муҳоҷирони меҳнатии деҳоти ноҳия дар чормоҳа аз хориҷи кишвар беш аз 6 миллион сомонӣ ирсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. 
Дар соҳаи  кишоварзӣ, ки  аз самтҳои асосии иқтисодиёти ноҳия ба ҳисоб меравад,  солҳои охир пешравиҳои назаррас ба даст меоянд. Дар заминаи истифодаи имкониятҳои мавҷуда кишоварзон дар ҳамаи бахшҳои соҳа нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ба даст меоранд. Дар ҳудуди ноҳия ҷиҳати бунёд ва барқароркунии боғу ҷангалзор тадбирҳои судманд андешида шуда, соли 2023 дар майдони 7,5 гектар боғи нав бунёд  ва 1,5 гектар боғи куҳна  барқарор гардид. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия  дар майдони  64 гектар кишти тирамоҳӣ  гузаронда шуд. Бо супориши Алишер Мирзонабот, раиси вилоят, имсол дар ноҳия майдони кишти картошкаву сабзавот хеле васеъ гардид. Ҳамчунин, бо сохтмони қитъаи Рӯшон – Шуғнони шоҳроҳи Душанбе – Кулма даҳҳо гектар майдонҳои кишт дар ноҳия васеъ мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки кишоварзони ноҳия истеҳсоли картошкаву сабзавотро дучанд зиёд карда, ҳам  фоидаи бештар ба даст оранд ва ҳам  нархро дар бозорҳо поин  фароранд. 
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар эълон намуданд. Солҳои аввали истиқлолият ноҳия ба мушкили таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ дучор гардид. Бо дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шарикони рушд ва Ширкати “Помир Энерҷӣ” ин мушкил ҳалли худро ёфт. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 12 неругоҳи хурди барқӣ фаъолият дорад. Ҳамчунин, аксарияти  деҳоти ноҳия ба шабакаи ягонаи барқи ҷумҳурӣ пайваст шуда, айни ҳол бо барқ таъмин мебошанд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи таъминоти барқи аҳолии деҳаҳои дурдаст, таъсиси ҷойҳои кории нав тибқи  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия барои солҳои 2023 – 2027” бо маблағгузории созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд дар ноҳияи Рӯшон бунёди 2 неругоҳи офтобӣ ва 9 неругоҳи обӣ, аз ҷумла дар водии Бартанг, 10 неругоҳи хурд  ва деҳаи Равшарви Ҷамоати деҳоти М. Абдулвасиев, 1 неругоҳ,  ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Додхудо Фаррух, раиси ноҳия, яке аз масъалаҳои муҳим, ки имрӯз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба он таваҷҷуҳи махсус равона намудааст, ин таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор мебошад.  Бо ин мақсад, дар ноҳия ҳанӯз соли 2015 маркази касбомӯзӣ таъсис дода шуда буд, ки дар он ҷавонон касбҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, барқчӣ, бофандагӣ, ошпаз, кафшергарӣ, муҳосибӣ ва омӯхтани забонҳои англисӣ, русиро  аз худ мекунанд. Ба шаҳрвандон  ҳамасола аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронда мешавад. 
– Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои давлати соҳибистиқлоли мо мебошад, – зикр кард раиси ноҳия. – Барои амалигардонии ин ҳадаф дар ноҳия корҳои зиёде роҳандозӣ гардиданд. Солҳои пеш бошандагони  водии  Бартанги ноҳия аз вазъи роҳҳои мошингард шикоят доштанд. Бо дастури Президенти мамлакат дар ин  минтақа  идораи минтақавии нигаҳдории роҳҳо ташкил гардид, ки имрӯз дар таъмиру азнавсозии роҳҳо дар  ин водии баландкӯҳ фаъолияти пурсамар дорад. Вазъи роҳ дар ин минтақа сол ба сол беҳтар мешавад. Айни ҳол бо маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷуҳмурии Тоҷикистон  сохтмони роҳи Рамадон – Равшарв дар масофаи 5 км ва роҳи маҳаллӣ дар масофаи 5 км байни деҳаи Шидз ва мавзеи  Девлох идома дорад. 
Фаъолияти соҳаи маориф низ беҳбудӣ ёфта, имрӯз дар ноҳия 45 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 3 кӯдакистон, 1 интернати давлатии ҷумҳуриявӣ ва интернати наздимактабӣ фаъолият доранд. Ширкати шогирдон дар олимпиадаҳои дохилию хориҷӣ, шомили муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шудани теъдоди зиёди хатмкунандагони муассисаҳо шаҳодати пешравии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Ҳифзи сиҳатии аҳолӣ вазифаи муҳими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб рафта, баҳри беҳтар гардондани заминаи моддию техникии муассисаҳои  тиббӣ корҳои муайян анҷом дода мешаванд. Айни ҳол  бо дастгирии МИҲД-и ноҳия сохтмони  бинои бунгоҳи тиббии деҳаи Бағу идома дорад. Барои табобатхонаи минтақавии деҳаи Спонҷ мизу ҷевон, безараркунии асбобҳои бандубаст, пардаи тиббӣ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ харида шуд. Ба табобатхона таҷҳизоти тиббӣ, мисли дастгоҳҳои истеҳсоли оксиген, рентгени сайёри рақамӣ, дастгоҳҳои нафаскашӣ  дастрас гардиданд. 
– Мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Рӯшон  сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишварро ҳамаҷониба  ҷонибдорӣ карда, дар пешрафту гулгулшукуфоии кишвари азизамон саҳм мегиранд, – гуфт Фаррух Додхудо.  
 
 Раҳмони ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.05.2023 №: 113
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив