КОРҲОИ МУАЙЯНСОЗИИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ БА АНҶОМ РАСИДАНД
Корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон пурра ба анҷом расиданд.
Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ, ки дар доираи татбиқи сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, барои таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, рушди муносибатҳои дӯстона ва таъмини зиндагии осоиштаи сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ аҳамияти бузург дорад.
Ба муносибати анҷоми корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, генерал-лейтенант Муродалӣ Раҷабзода, намояндагони Вазорати мудофиа ва дигар шахсони масъулу сокинони касбу кори гуногун чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, талошҳои пайвастаи Комиссияи байниҳукуматӣ, масъалаи муайянсозии сарҳади давлатӣ, ки тули даҳсолаҳо яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мерафт, пурра ҳалли худро пайдо намуд. Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон хатти сарҳади давлатӣ пурра муайян гардида, дар ноҳияҳои ҳамсарҳади вилояти Суғд беш аз 300 километр бо насби аломатҳои сарҳадӣ ва дигар инфрасохтори зарурии мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд. Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муайянсозии пурраи сарҳади давлатӣ пас аз имзои Эъломияи Хуҷанд, ки бо иштироки роҳбарони се давлати дӯсту бародар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, моҳи марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд ба имзо расид, муаммои садсолаи сарҳад дар минтақа ҳал гардид ва ба дӯстии абадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар чорабинӣ як қатор афсарону сарбозон, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар шахсони масъуле, ки дар корҳои муайянсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва нишонҳои сарисинагӣ қадр шуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори “Ҷумҳурият” сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ маълумот дод.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
