УРМЕТАН. СОКИНОН РУҲИЯИ ИДОНА ДОРАНД
Ташрифи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба истифода дода шудани як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ барои сокинон рӯйдоди бисёр муҳим, хотирмон ва мояи ифтихори бузург аст.
Ба истиқболи Ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳот, аз ҷумла, маҷмуаи фароғатии “Исковат” бо 150 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифта, барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Бо ифтитоҳи ин маҷмаа 10 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Ҳамчунин, аввалин Муассисаи томактабии “Гулшан” барои 80 кӯдак ба истифода дода шуд. Ин Муассиса дорои шароити муосири таълиму тарбия буда, барои рушди зеҳнӣ ва тарбияи дурусти насли наврас имкониятҳои васеъ дорад. Дар шаҳраки Ревад бошад, майдони варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш миёни ҷавонон нигаронда шудааст.
Ин дастовардҳо далели равшани сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз ба шарофати чунин сиёсати созанда деҳоти кишвар рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад.
Сокинони деҳоти Урметан барои чунин ғамхориҳо ба давлату Ҳукумати кишвар самимона изҳори сипос намуда, омодаанд, ки минбаъд низ бо меҳнати софдилона барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд. Руҳияи идона ва чеҳраҳои пурнишоти мардум беҳтарин нишонаи муҳаббати онҳо ба Ватан, давлат ва Пешвои миллат мебошад.
Зуҳро ҶАЛИЛОВА,
муовини раиси Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ
