РУШДИ ДЕҲОТ. ДАР БАРОБАРИ ҒИЗОИ МОДДӢ ҒИЗОИ МАЪНАВӢ НИЗ ДАРКОР!
Дар даврони истиқлоли давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳот рушд карда, ба шаҳрак табдил ёфтанд.
Эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) барои инфрасохтори деҳот на танҳо такони ҷиддӣ буд, балки як марҳалаи навро фароҳам овард. Корҳои сохтмону бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ равнақ ёфт, ки боиси хушҳолии сокинон гардид. Ҳамин тариқ, дар бисёр ҷойҳо ба бунёди марказҳои савдою хизматрасонӣ таваҷҷуҳ карда, сохтани китобхонаву дуконҳои фурӯши китобу рӯзномаҳоро сарфи назар мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар пойтахти кишвар калонтарин китобхонаи Осиёи Марказӣ мавҷуд буда, чанд сол боз бо ташаббус ва сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ мегардад. Дар Озмун шаҳрвандони синну соли гуногун, аз 7 то 70-сола, ширкат мекунанд ва ба китоб ниёз доранд.
Шаҳраки 30-солагии Истиқлоли ноҳияи Файзобод чанд соли охир рушд карда, даҳҳо маркази савдои хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, дорухона, дуконҳои гӯштфурӯшӣ, ҳаммому маркази тиббии бемориҳои сироятӣ сохта, ба истифода дода шуданд, аммо ин ҷо ягон дукони китоб ва рӯзномафурӯшӣ мавҷуд нест. Ин дар ҳоле ки аз соли 2017 мо барои бунёди як дукони китобфурӯшӣ ба МИМҲД ноҳияи Файзобод муроҷиат мекунем ва ҳар бор сарфи назар мешавад. Дар ҳайрат мемонем, ки чӣ гуна барои сохтани даҳҳо мағозаву нуқтаҳои хизматрасонӣ замин ҷудо мешаваду барои бунёди дукони китобфурӯшӣ не? Охир, мардум дар баробари ғизои моддӣ ба ғизои маънавӣ низ ниёз дорад.
Дар ду шаҳри атрофи ноҳияи Файзобод – дар Ваҳдат чор дукон ва дар Роғун ду мағозаи китобу рӯзномафурӯшӣ фаъол ҳастанд. Масъулони ноҳияи Файзобод бояд аз ҳамсоя панд гиранд.
Ҳокими САФАР,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон, ноҳияи Файзобод
