ВАТАНДӮСТӢ РОҲИ ҲАМВОРИ РАСИДАН БА ОРМОНҲОИ МИЛЛИСТ
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегарданд, дар баробари аҳамияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ доштан, ҳамчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ доранд. Сарвари давлат дар ҳар як паёмашон хосатан, ба ҷавонон муроҷиат намуда, пайваста онҳоро барои ҳифзи Ватан, Истиқлоли давлатӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир даъват ва ҳидоят мекунанд.
Ватандӯстӣ ин меҳру муҳаббати шахс ба Ватан ва ҳифзи он, ҳимояи манфиатҳои давлату ҷомеа, содиқонаву софдилона хизмат кардан ба халқу Ватан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро гиромӣ доштан, риояи қонунҳо, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ мебошад.
Ба андешаи доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода: «Ватандӯстӣ инъикосгари муҳаббат ба Ватани хеш, алоқамандӣ бо таърих, фарҳанг, дастовардҳои он мебошад, ки бо ҷаззобият ва ҷудонопазирии такрорнашавандагӣ ва ивазнашавандагии худ асоси маънавӣ-ахлоқии шахсиятро ташкил медиҳад, мавқеи шаҳрвандии ӯ ва талабот ба хизмати фидокорона ва ҷоннисорона ба Ватанро ифода менамояд».
Дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шуд. Иқдоми мазкур ба ҷавонони кишвар неруи тоза бахшида, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллии онҳоро бештар намуд.
Қобили зикр аст, ки яке аз василаҳои асосии баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии шаҳрвандон беҳтару хубтар намудани шароити иҷтимоии аҳолии мамлакат ба ҳисоб меравад.
Мувофиқи банди сеюми моддаи 1 Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Аз ин лиҳоз, дар паёмҳои Президенти мамлакат масоили фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтар барои шаҳрвандони кишвар баррасӣ ва ҳаллу фасл мегарданд.
Чунончи, Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022) таъкид карданд: «Таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад». Дар ин самт Ҳукумати кишвар муваззаф гардид, ки то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардондани аҳолӣ чораҷӯйӣ намояд.
Дарвоқеъ, чунин иқдомоти созанда заруриву саривақтӣ буда, амалӣ намудани онҳо дар беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат, дар умум баланд шудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Тавре имрӯзҳо мушоҳида менамоем ва тавассути воситаҳои ахбори омма мебинем дар шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои ободониву созандагӣ ҷараён доранд, садҳо иншооти зебову муосир, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар корхонаҳо бунёд гардиданд ва бунёд шуда истодаанд, ки ба ин васила, ҳазорон нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд ва чунин иқдомоти созанда дар маҷмуъ, дар баланд гардидани некуаҳволии мардум ва ба кишвари мутараққӣ табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамояд.
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар вазъияти зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳони муосир барои кишвар муҳим буда, ҷиҳати тарбия намудани шаҳрвандон дар руҳияи муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат дар заминаи фаъолияти баланди ҷамъиятӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат мусоидат менамояд.
Қонуни фавқуззикр тақозои замон буда, ба таҳкими ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватанпарастӣ, худшиносӣ ва нигоҳдошти ҳувияти миллии шаҳрвандон мусоидат намуда, масъулияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду тараққиёти мамлакат, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ бештар менамояд, инчунин, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, соҳаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус, дар миёни наврасону ҷавонон, имконоти нав ба вуҷуд меоварад.
Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
корманди Маҷлиси намояндагон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Санаи нашр: 31.05.2023 №: 114
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)