ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУҚУҚ БА ТАҲСИЛ – ОЛИТАРИН ҲУҚУҚИ КӮДАК

ҲУҚУҚ БА ТАҲСИЛ – ОЛИТАРИН ҲУҚУҚИ КӮДАК

31 май 2023, Чоршанбе
145
0
 
Дар сиёсати давлатӣ ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ мақоми хос дошта, дар тарбияву ташаккули ҳамаҷонибаи кӯдак ва омода намудани ӯ ба зиндагии шоиста, ҷомеа, бавижа оила, вазифадор мебошанд. 
Эътирофи афзалияти ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон, махсусан кӯдакони маъюб, ятим ва бепарастор, бо мақсади таъмини шароити мусоид барои  таълиму тарбияи онҳо,  роҳ надодан ба табъизи кӯдакон, новобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, ҷинсӣ,  забонӣ, ҳолати иҷтимоӣ ва молумулкӣ, вазъи саломатӣ ва дигар аломатҳо ба кӯдакон пайваста ғамхориҳо зоҳир мегарданд.  
Ҳамзамон, дастрасии таҳсилот, махсусан таҳсили ройгон дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ҳамчун кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсили ройгон тибқи муқаррароти банди 2 моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва моддаи 17 “Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил”-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ба таври мушаххас зикр  шудаанд. Ҳуқуқҳои кӯдак ва шаъну эътибори инсонии ӯ риоя шуда, мунтазам ба мактаб рафтани ӯ таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дорад. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи таҳлилҳои Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид аз нигоҳи синну соли аҳолӣ давлати ҷавон ба шумор рафта, чор миллион аҳолии кишварро шаҳрвандони синни то ҳаждаҳсола ташкил медиҳанд. Дар шарҳи мафҳуми “кӯдак”-и Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва санадҳои ҳуқуқии дар ин замина таҳиягардида омадааст, ки шахси ба синни 18 нарасида кӯдак ҳисобида мешавад.
Бо назардошти чунин таъинот дар самти дастрасӣ ба таҳсилот дар маҷмуъ дар 4736 муассиса, аз ҷумла дар 707 муассисаи томактабӣ 102525 нафар ва дар 2111 маркази инкишофи кӯдакон 68891 нафар ба тарбияву таълим зери тарбияи 13079 нафар мураббия қарор доранд. Фарогирӣ ба зинаи томактабӣ баробар ба 15,6 дарсад ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ зиёдтар аст.  
Дастгирии давлатӣ дар масъалаи таъмини кӯдакони ятим ва аз парастории волидайн дурмонда, афзалияти ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо тадбирҳои мушаххас андешида шудаанд. 
Давоми соли сипаригардидаи таҳсил 1301 ятими кулл, 35446 аз падар ва ё модар маҳруммонда, 227 нафар аз парастории волидайн бенасибмонда ва 30489 кӯдак аз оилаҳои камбизоат, ки таҳти парасторӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор доштанд, зинаҳои гуногуни муассисаҳои таълимиро хатм намуданд.  Дар заминаи ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, махсусан дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 21 декабри соли 2021 бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон, бинобар маҳрум шудан аз саробон аз моҳи июли соли 2022 нафақаи онҳо ба андозаи 25 дарсад зиёд гардид. 
Иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалигардонии ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” дар соли 2023 дар мавриди танзими хориҷ намудани кӯдакон аз муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, ки чанде пеш дар шакли фармоиши вазири маориф ва илм аз 17. 05. 2023, № 653 ба имзо расид, ҳамчун санади танзимкунандаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар масъалаи хатми муассисаи таълимӣ маҳсуб меёбад. Санади мазкур роҳбарони муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбиро уҳдадор менамояд, ки пеш аз хориҷ намудани кӯдак аз муассисаи таълимӣ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” мувофиқа ва розигии раёсату шуъбаҳои маориф ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба инобат гирифта шавад.
 
Раҷабалӣ САНГОВ,
мудири  шуъбаи корҳои методӣ ва ташаккули зеҳнии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм
Санаи нашр: 31.05.2023 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив