САНГВОР. АЗ ШАРОИТИ МАҲДУД ТО МАРҲАЛАИ РӮ БА РУШД
![]()

Ноҳияи Сангвор аз ҷумлаи минтақаҳои зебоманзари кӯҳистони Тоҷикистон ба шумор рафта, дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтааст. Ин давра барои тамоми ҷумҳурӣ марҳалаи муҳими бунёдкорӣ, худшиносӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Сангвор низ дар ҳамин раванд аз минтақаи дорои шароити маҳдуд ба як ноҳияи рӯ ба рушд табдил ёфтааст.
Тавре Муҳаммадсолеҳ Муҳаммадизода, муовини аввали раиси ноҳияи Сангвор, зимни суҳбат ба хабарнигори “Ҷумҳурият” гуфт: "Ноҳияи Сангвор дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳалаи муҳим ва пурмасъули рушдро тай намудааст. Дар ибтидо ин минтақа дорои инфрасохтори хеле маҳдуд буд. Аммо бо гузашти вақт таҳти сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъият ба таври назаррас беҳтар гардид. Имрӯз ноҳия ба як минтақаи ободу рушдёбанда табдил ёфтааст. Дар ҳамаи соҳаҳо пешравӣ дида мешавад. Шароити зиндагии мардум сол ба сол беҳтар мегардад, ки ин ҳама натиҷаи меҳнати муштарак аст".
Ба гуфтаи муовини аввали раиси ноҳия, ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 106 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора, 6 иншоот бо истифода аз маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, 14 иншоот аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 15 иншоот бо дастгирии шарикони рушд ва 71 иншоот аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешаванд.
То имрӯз 71 иншоот бунёд ёфта, дар 35 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд ва дар 2 иншооти дигар то ҳол корҳои сохтмонӣ оғоз нагардидаанд.
– Ҷойи пӯшида нест, ки роҳи калони Сангвор – Лаби Ҷар, ки мардуми Сангворро ба пойтахт мебарад, солҳост таъмирталаб боқӣ мондааст, – гуфт мусоҳиби мо ва афзуд. – Тавре аз Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таъмири ин роҳ имсол оғоз мегардад. Ҳоло он дар марҳалаи навсозӣ қарор дошта, таъмири он дар рӯзҳои наздик оғоз мешавад. Ҳамзамон, бунёди 5 пули нав дар назар аст. Дар баробари ин, роҳҳои дохилӣ низ зери назорати доимӣ қарор дошта, пайваста таъмиру тармим мешаванд.
– Ҳамин тавр, дурнамои ноҳияи Сангвор хеле умедбахш аст. Бо идомаи бунёдкорӣ симои ноҳия боз ҳам зеботар мегардад. Ҷойҳои нави кор таъсис ёфта, шароити зиндагии мардум боз ҳам беҳтар мешавад. Мо дар якҷоягӣ бо сокинони ноҳия кӯшиш дорем, ки ҳамаи нақшаҳоро пурра амалӣ намоем, то Сангвор ба як ноҳияи намунавӣ табдил ёбад, – гуфт дар хотимаи суҳбат М. Муҳаммадизода.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
