ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ХУРОФОТ РАҲО МЕЁБЕМ?

АЗ ХУРОФОТ РАҲО МЕЁБЕМ?

31 май 2023, Чоршанбе
79
0
 
Пас аз чанд рӯз, дақиқтараш 8 июни соли равон, ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 16 сол пур мешавад. Ин Қонун, дар ҳақиқат, дар танзими анъана ва ҷашну маросими кишвар таъсири неки худро  гузошт. Ҳамзамон, таҷрибаи моро дар мавриди мазкур баъзе аз кишварҳо бо хушнудӣ пазируфтанд ва чунин Қонунро ба тасвиб расонданд. 
 
Соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштанд: «Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод».
Албатта, дар ин маврид набояд, ки дастовардҳоро нодида бигирем, вале ҳам ба нишондодҳо, факту рақамҳо зарур аст, ки бисёр эътимод набандем. Баъзе аз онҳо шубҳабарангезанд, зеро мардум дар маҳалҳои худ ба бисёр қонунвайронкуниҳо шоҳид мегарданд, ки онҳоро ошкор ва ё сабт намесозанд. Чаро? Чунки қонунвайронкунҳо дасти боло доранд ва ё бо масъулон месозанд. Баъзе аз маъракаҳоро ба номи дигарон сабт мекунанд. Дар семоҳаи соли ҷорӣ аз рӯи ҳисоботи пешниҳодшуда 1081 маърака зиёд баргузор гардидааст, аммо 220 қонунвайронкуниро сабт  намудаанд ва изҳор доштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 қонунвайронкунӣ кам шудааст. Баррасии каму зиёдшавии  қонунвайронкунӣ агарчи муҳим мебошад, аммо муҳимтар он аст, ки изҳор бидорем, мо дар барҳам додани хурофот ба чи дастовардҳо ноил шудаем. Дар ин хусус, мутаассифона, камтар корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом мерасанд. Кас то маърифати динӣ ва ҳуқуқӣ ҳосил накунад, ҳаргиз наметавонад хурофотро барҳам занад. Баръакс, хурофоти нав ба нав эҷод  мекунад ва муборизаро дар ин самт душвортар мегардонад.
Даъвӣ мекунем, ки беш аз 90 дарсади аҳолии кишварамонро мусулмонҳо ташкил медиҳанд. Албатта, ин ҳақиқат надорад, зеро аксар одитарин талаботи мусулмон буданро намедонанд. Дар ин сурат, бешак, онҳоро иҷро намекунанд. Дунё ҳам ба ин рақам шубҳа дорад ва дурустияшро эътироф наменамоянд. Ба исбот зарурат нест. Кофист дар ин 16 сол шумораи коррупсионерҳоро баррасӣ намоем. Рибохӯронро ҳам ба ин биафзоем. Ҳисоб бикунем, ки чӣ қадар фурӯшандаҳои мо ҳатто дар моҳи Рамазон ва арафаҳои ду иди исломӣ нархҳои маҳсулоту колоҳоро боло мебаранд.  Дигар фурӯшандагон ба зоҳири харидор нигариста, дилхоҳ нархро ба ӯ мегӯянду мехоҳанд ба домашон бидароранд. Мардумозорӣ, туҳмат, ғайбат рӯз ба рӯз меафзояд. Ришвагирӣ, албатта, истисно нест. Шумораи танфурӯшон, ҳамҷинсгароён бештар мешаванду амиқтар реша медавонанд. Мардумозориро бисёру рӯшан мушоҳида мекунем.
Ба ҳангоми кор ҳам дар корхонаҳо фиребро пеша мекунем. Вазифаи бар дӯшдоштаро, ки аз рӯи он маош мегирем, сидқан ба ҷо намеорем. Шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ба хотири ба даст овардани пул истисно нест. Дар тарбияи дурусти фарзандон масъулиятро намешиносем. Зоҳирпарастиву худнамоишдиҳиҳо, мусобиқаҳо аз рӯи кибру ғурур меафзоянд. Аз ҳолу вазъи зиндагии ҳамсояҳоямон сари вақт огоҳ намешавем. Дасти ёрӣ ба ниёзмандон ба ихтиёри худ дароз намекунем. Бархе аз сарватмандон аз роҳи фиребу ғорат пул ба даст меоранду барои иҷрои маносики ҳаҷҳои фарзиву умра даҳҳо маротиба мераванд, дар сурате бародарону хоҳаронашон одитарин шароити зиндагиро надоранд.  Маълум аст, ки ҳаҷ кардан дар сурати тавоноӣ фарз мебошад ва яке аз рукнҳои дини ислом ба шумор меравад.  Мутаассифона, иҷрои ин рукн ё маҷбурӣ сурат мегирад ва, ё аз рӯи риё. Аз худ оё ин афрод боре пурсидаанд, ки чӣ тағйиротеро ба маънии мусбаташ, пас аз ин дар аъмолашон мушоҳида намудаанд. Миёни Сафову Марва дар ҷойи муқарраршуда ҳаҷкунанда бояд бидавад, аммо, агар боиси озори дигарон бишавад, ин ҳуқуқро ба ӯ шариати исломӣ додааст, ки надавад. Инро ба чашмони худ мебинанд, мушоҳида мекунанд, аммо дар мақоми зисташон, кишварашон, ҷойи корашон барои андак манфиати шахсӣ ҳам мардумозорӣ менамоянд. Мебинем, ки кибру ғурурашон дар ҳоли афзудан мебошад.
 
Ва ё гӯрҳои шахсиятҳои бузурги олами исломро дар Маккаву Мадина мебинанд. Мебинанд, ки бисёр ба хоксорӣ дафн шудаанд, мақбара надоранд. Аз ин ибрат намегиранд ва барои падарону модаронашон дар гӯристонҳо заминҳои васеъ мегиранду мақбараҳое месозанд, ки кас дар тааҷҷуб мемонад. Зиёраткунандагони онҳо ба ҷуз худашон, он ҳам ба моҳе гоҳе касе нест.
Як нафар дар Макка намози витри воҷибро намехонд. Вақте дӯстам аз ӯ сабаб пурсид,  гуфт: «Дар тамоми зиндагии 60-солаам як бор онро хонда будам ва баъд тариқи хонданашро фаромӯш намудаам».
Аз як овозхони машҳури синнусолрафта ин дӯстам пурсид, ки пас аз ҳаҷ чӣ кор мекунад, чӣ мақсад дорад. Инро ба он хотир пурсид, ки баъзе аз ҳоҷиён амали мазкурро тарк карда буданду бархеи дигар бараҳнагиро дар саҳнаҳои ҳунарӣ ба авҷи аъло расонда буданд. Он овозхон посух дод: «Сурудхониро идома медиҳам, аммо дар сар тоқӣ мемонаму фақат аз ашъори классиконамон мехонам». Аҷаб фаҳмишу тасмиме.
Надоштани маърифати динӣ ва ҳуқуқӣ одамро ба гурӯҳҳои ифротӣ ва динҳои дигар мебарад, ба ҷангҳо мекашонад, дар сурате ки намедонад барои чи меҷангад ва куштани одамони бегуноҳ чи ҷазо дорад.
Ин қавми баҳаҷрафта либосҳои махсусро барои худнамоӣ мепӯшанд. Мепиндоранд, ки он либоси ҳаҷҷӣ аст. Либоси ҳаҷҷӣ фақат эҳром аст. Ин либосҳоро, ки ба бар мекунанд, либоси ҳамон кишварҳо ба хотири гармии иқлим мебошад. 
Иҷрои ин рукни панҷуми ислом, яъне ҳаҷ, бар тавоноӣ аст. Мутаассифона, ин тавонгарон пас аз иҷрои маносикӣ ҳаҷ дар ёрии камбизоатон, сохтмони роҳҳову пулҳо, мактабҳо ва дигар корҳои ба ин монанд, ки ба садақаи ҷория дохил мешаванд, чунон нотавон мешаванд, ки дар ҳаққашон ба зарурат мегӯӣ:
Давлататро фил бардорад, миёнаш бишканад,
Ҳиммататро пашша бардорад, ба Ҳиндустон барад.
Тибқи моддаи 12, ки «Маросими ҳаҷ» номгузорӣ шудааст, «Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронда мешаванд.» Инчунин, «Ташкили маъракаҳои ҳоҷиталабон, ҳоҷизиёрат ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст». Бешак, савол медиҳанд, ки агар як оила танҳо иборат аз зану шавҳар бошад, кӣ бояд гуселу пешвозашон бигирад? Магар мумкин аст, ки хешутаборашон ва ё ҳамсояҳо ба дидорбинии онҳо наоянд? Бархе аз наздикон, албатта, аз роҳҳои дур ташриф меоранд. Мумкин аст, ки як пиёла чой ҳам барояшон дам накунӣ? Қонун ин амалҳоро пешгирӣ менамояд, аммо одамон пароканда, бо навбат, дар вақтҳои гуногун ба зиёраташон меоянд. Агар харҷҳои яксола дар мавриди мазкур ҳисоб карда шаванд, ин ҳақиқат маълум мешавад, ки ҳоҷиён дар ин ҳол бештар маблағу вақт сарф менамоянд. Масъулону нозирони Қонун ин гуна амалро назорат бурда наметавонанд. Агар шумурда шавад, ба зиёрати ҳоҷиён, ҳоҷиёни бевазифаву бесарват, то 50 нафар меоянд. Мепиндорам, ки расмӣ шудани ин амал, яъне зиёрати ҳоҷӣ, мисли маъракаҳои чилу сол бе додани таом, ба истиснои хешовандону раҳдуриён, ба манфиати кор аст. Агар 2-нафарӣ аз ин шумора 25 бор дар вақтҳои гуногун ташриф биёранд ва ҳатман меоранд ва барои онҳо ҳоҷиён 2 килограммӣ ҳам гӯшт бихаранд 50 кг гӯшт мешавад. Яъне, беш аз се ҳазор сомонӣ бояд танҳо барои гӯшт сарф бинамоянд.
Дар тафсири қисми сеюми ин модда, яъне моддаи 12, омадааст: «Масъалаи мазкур тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 802 дар бораи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷи фарзӣ ва умра» ба танзим дароварда мешавад». Мутаассифона, шоҳид гардидаем, ки зоирон бо дигар ширкатҳо аз ҳисоби давлатҳои дигар ба ҳаҷ рафтаанд. Яъне, маблағҳои кишвар, хосса долларҳо, ба берун баромаданд ва хазинаи ширкатҳои ҳавоии онҳоро ғанӣ гардондаанд.
Ҳамин тавр, то маърифати диниву ҳуқуқии мо бо ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ боло наравад, мо дар ин самт, он гуна ки бояд, ба мақсад ноил шуда наметавонем. Ҳамзамон, зарур аст бидонем, ки дунё дар ҳоли пешрафт мебошад ва ақибмондагиву хурофотпарастӣ ҳаргиз ба манфиати мову миллатамон нест.
Айб, бас айби бузург аст, ки ба мо дар асри XXI ҳам хитоб бикунанд:
Мусулмон фоқамасту жандапӯш аст,
Зи кораш Ҷабраил андар хурӯш аст.
Биё нақши дигар миллат бирезем,
Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 31.05.2023 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив