СУҒД. БЕШ АЗ 14 ҲАЗОР ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

30 июл 2026, Панҷшанбе
2


Тули 35 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пуршарафи рушду тараққиётро тай намуда, ба дастовардҳое ноил гардид, ки онҳо имрӯз мояи ифтихори ҳар як сокини кишвар мебошанд.
Маҳз бо сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон аз мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ раҳо ёфт, сулҳу суботи комил барқарор шуд ва ваҳдати миллӣ заминаҳои устувори рушди иқтисодиву иҷтимоиро фароҳам овард.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба тараққӣ дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи арзандаи худро соҳиб гардидааст. Бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат корҳои ободониву созандагӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат табдил ёфта, дар тамоми минтақаҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд, шаҳру деҳот симои нав касб намудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ба масъалаҳои ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, рушди саноат, беҳтар кардани шароити зиндагии мардум ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Ҳар як дастуру супориши Сарвари давлат барои ободу пешрафта гардидани Ватан ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона шудааст.
Дар ин замина ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода корҳои созандагӣ дар қаламрави вилоят вусъати бесобиқа пайдо намуд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи соли 2022, №311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022, №АП-188 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июли соли 2022, №305 тадбирҳои муассирро амалӣ намуда, қарорҳои дахлдори раиси вилояти Суғдро қабул ва иҷрои онҳоро таъмин намуд. Дар асоси қарорҳои раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз 11-уми феврали соли 2022, №41 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз 14-уми декабри соли 2022, №458 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба корҳои густурдаи созандагӣ ҷалб гардиданд.
Тибқи нақша, ба истиқболи Ҷашни муқаддаси миллӣ бунёд, барқароркунӣ ва таъмири 12 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун пешбинӣ гардида буд. Ба шарофати меҳнати аҳлонаи сокинон, саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд ва дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат ин нақша пеш аз муҳлат иҷро гардид. Солҳои 2022, 2023, 2024, 2025 ва шаш моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохтмон, барқароркунӣ ва таъмиру тармими 14 ҳазору 355 иншоот ба анҷом расонда шуд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 3000 иншооти иловагӣ идома дошта, онҳо низ дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт. Ин нишондиҳандаҳо аз руҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва ҳамбастагии сокинони вилоят дар самти татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат шаҳодат медиҳанд.
Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муассисаҳои нави таълимӣ, кӯдакистонҳо, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, қасрҳои фарҳангӣ, иншооти варзишӣ, роҳу пулҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ, хатҳои оби ошомиданӣ, шабакаҳои барқрасонӣ ва даҳҳо иншооти дигари муҳими иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат менамоянд.
Сиёсати созандаи Пешвои миллат дар самти саноатикунонии босуръати кишвар низ натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Дар вилояти Суғд садҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, ҳазорҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Бо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ иқтидори иқтисодии вилоят таҳким ёфта, саҳми он дар рушди иқтисоди миллӣ бештар гаштааст. Ҳамзамон, рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ низ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Танҳо дар чанд соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даҳҳо муассисаи нави таълимӣ ва тандурустӣ бунёд гардида, садҳо муассисаи мавҷуда аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Ин ҳама имконият фароҳам овард, ки сифати хизматрасонӣ беҳтар гардида, шароити таълиму табобат ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошад. Самараи ин сиёсати оқилона имрӯз дар беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум баръало эҳсос мешавад. Ободу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳо, асфалтпӯш шудани ҳазорҳо километр роҳ, бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, майдонҳои варзишӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, рушди деҳот ва фароҳам омадани шароити арзандаи зиндагӣ нишонаи равшани ғамхории давлату Ҳукумат нисбат ба мардум мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон, ҳар як маҳалла ва ҳар як деҳа оғоз меёбад. Аз ҳамин хотир, имрӯз сокинони вилояти Суғд бо руҳияи баланди ватандӯстӣ дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолона саҳм гирифта, барои боз ҳам зебову шукуфон гардидани диёри худ талош менамоянд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки дастовардҳои беназири солҳои соҳибистиқлолӣ ва корҳои азими созандагие, ки имрӯз дар тамоми кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, амалӣ мегарданд, самараи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз таҳти роҳбарии Сарвари давлат Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, имрӯз бо бунёди ҳазорон иншооти муҳиму замонавӣ, рушди босуръати иқтисодиёт, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум ва ободу шукуфон гаштани шаҳру деҳот ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои арзанда қадам мегузорад. Бовари комил дорем, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғд минбаъд низ бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми арзандаи худро гузошта, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони азиз талош хоҳанд варзид. Ободии имрӯзи Ватан беҳтарин туҳфа ба Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва нишонаи арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат, истиқлол ва сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад.


Музаффар ЮНУСОВ, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд,
Андар РАҲМОНӢ, сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд

Санаи нашр: 30.07.2026 №: 149