ШУҒЛИ АҲОЛӢ МЕҲВАРИ РУШДИ ИҶТИМОӢ
Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд дар доираи татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2023 – 2027 фаъолияти худро ба ин самт равона намуда, дар шаш моҳи аввали соли 2026 ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба мақомоти давлатии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд 24 ҳазору 303 нафар шаҳрванд муроҷиат намудааст, ки аз ин шумора 11 ҳазору 570 нафараш зан мебошад. Аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 17 ҳазору 403 нафар ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуд.
Нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти соҳа таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори муносиб мебошад. Бино ба иттилои масъулон, тибқи Барномаи давлатӣ барои соли 2026 дар вилоят таъмин намудани 20 ҳазору 602 нафар бо ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз ба 12 ҳазору 80 нафар барои пайдо намудани ҷойи кори доимӣ мусоидат карда шуд.
Дар баробари таъсиси ҷойҳои нави кор, рушди малакаҳои касбӣ низ муҳим аст. Талаботи бозори меҳнат сол ба сол тағйир меёбад ва корфармоён бештар ба мутахассисони соҳибихтисос ниёз доранд. Бо ин мақсад, аз ҳисоби шаҳрвандони бекори бақайдгирифташуда 3352 нафар барои омӯзиши касбҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозор роҳхат гирифт. Ҳамзамон, тавассути низоми худмаблағгузорӣ боз 4721 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҷалб гардид.
Дар вилоят шабакаи муассисаҳои таълимии соҳа низ фаъолияти босамар дорад. Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд, филиалҳои Муассисаи давлатии «Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин, филиалҳои марказҳои таълимии Душанбе ва Конибодом шаҳрвандонро аз рӯйи зиёда аз 40 номгӯйи ихтисос таълим медиҳанд.
Албатта, рушди низоми касбомӯзӣ метавонад ба коҳиши сатҳи бекорӣ, беҳтар гардидани рақобатпазирии қувваи корӣ ва зиёд шудани имкониятҳои шуғли ҷавонон мусоидат намояд. Аз ин рӯ, тақвияти ҳамкории мақомоти меҳнат бо корфармоён ва муассисаҳои таълимӣ яке аз омилҳои асосии рушди бозори меҳнат арзёбӣ мегардад.
Ғайрат Оқилзода, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, дар ин робита мегӯяд: “Натиҷаҳои нимсолаи аввал нишон медиҳанд, ки татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд бомаром идома дорад. Мо танҳо ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон маҳдуд намешавем. Ҳадафи асосӣ ин омода кардани мутахассисоне мебошад, ки ба талаботи иқтисодиёти муосир ҷавобгӯ бошанд. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи бештар ба рушди касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касбҳои бозорталаб равона шудааст. Мо ба дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ низ аҳамияти махсус медиҳем. Тавассути ҷойҳои кории квотавӣ садҳо нафар соҳиби шуғл гардиданд”.
Имрӯз фаъолияти раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд ба баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, рушди малакаҳои касбӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нигаронда шудааст. Дар баробари ин, густариши низоми касбомӯзӣ, истифодаи самараноки ҷойҳои кории квотавӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ заминаи устувори рушди бозори меҳнатро дар вилоят боз ҳам таҳким мебахшанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
