ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО
АВБОШӢ
Боздошти муштзӯрони масте, ки ҳаёти худро доғдор карданд
Ду сокини шаҳри Хоруғ, ки аз онҳо мардони 33 ва 34-сола ном бурда мешавад, ба гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, боздоштшудаҳо 21 майи соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ марди 61-солаи сокини ҳамин шаҳрро мавриди лату кӯб қарор додаанд, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Айни ҳол, нисбат ба гумонбарон бо моддаи 110 қисми 2 банди “к” Кодекси ҷиноятӣ (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, бо ҳиссиёти авбошона) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ менамояд.
ҚАЛЛОБӢ
Оғози парвандаи ҷиноятӣ
нисбат ба як “заминфурӯш”
Дар мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба як сокини шаҳри Исфара (зани 55-сола) ба гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Сомонаи ВКД хабар дод, ки ин зан ҳанӯз моҳи феврали соли 2019 бо роҳи фиреб ба бовари марди 66-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 8 ҳазор доллари ИМА гирифтааст. Айбдоршаванда ин маблағро бо баҳонаи гирифта додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифта, то ҳол барнагардондааст, ки мавриди тафтишот қарор дорад.
ДУЗДӢ
Дучархаро бурданду ба дасти милитсия афтоданд
Кормандони милитсия ду мардеро боздошт намуданд, ки ҳар ду ба дуздии як дучарха гумонбар мешаванд.
Дастгиршудаҳо 13 майи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ аз назди ҶДММ “Бозори Баҳор”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дучархаи тамғаи “Сукутер утка”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, ки яке сокини ҳамин ноҳия (марди 51-сола) ва дигарӣ сокини ноҳияи Ҷайҳун (марди 58-сола) мебошанд.
Зарари расондашуда ба соҳиби дучарха 5 ҳазору 600 сомониро ташкил дода, дар робита ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.06.2023 №: 115
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)