ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТДОРӢ. ВАҚТЕ  ҒОЯИ  МИЛЛӢ  БА  НЕРУИ ҚАВӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД...

ДАВЛАТДОРӢ. ВАҚТЕ  ҒОЯИ  МИЛЛӢ  БА  НЕРУИ ҚАВӢ ТАБДИЛ МЕЁБАД...

02 июн 2023, Ҷумъа
38
0

Раванди ҷаҳонишавӣ ва бо суръати бесобиқа густариш ёфтани он ба ҳама паҳлуҳои зиндагӣ, аз ҷумла ба афкори ҷомеа, таъсири ҷиддӣ гузошт. Пеш аз ҳама, гурӯҳҳои ифротгарое пайдо шуданд, ки дар назми ҷаҳонишавӣ феълан ақидаи ягона, идея ва иродаи комил надошта, ба раванди таълиму тарбия ва ахлоқи инсонӣ таъсири манфӣ ворид намуданд. 

Вобаста ба ин падидаи номатлуб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 декабри соли 2022)  таъкид доштанд: ”Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. 
Онҳо касонеанд, ки воқеан, гумроҳ буда, ахлоқ, таълиму тарбияи казоӣ надоранд. Бахусус, пайдо шудани равия ва ҷараёнҳои мазҳабӣ боиси нооромӣ ва носуботӣ дар ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, пеши роҳи ин ва дигар равияҳоро низ, гирифтан лозим аст, зеро ба ҷуз ихтилоф ва низоъ ба ҷомеа чизе дода наметавонанд. Ин гурӯҳ бо ақидаҳои хатарноки  худ ҷавононро  аз риоя ва иҷрои суннат ва анъанаҳои садсолаҳо эътирофшуда дур кардан мехоҳанд. Иғвобарангез ва бегонапарастанд.
Дар ин росто, тарбия мавқеъ ва нақши муҳим дорад, зеро ҳувияти фарҳангии қисме аз ҷавонону наврасон дар вазъияти ҳассос ва зери таъсири идеяи бегона қарор дошта, бо ин далел гирифтори хурофотпарастӣ, костагии эътиқод мегарданд. Фурӯпошии бунёдҳои ахлоқӣ, арзишҳои миллӣ барои ҳар ҷомеа хатари ҷиддӣ ворид мекунанд. Мо бояд ба умқи суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расем, ки таъкид кардаанд: «Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоию фарҳангӣ дучор меояд».
Аз ин хотир, масъалаи тарбияи ҷавонону наврасон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумат қарор дорад. Аз ҷумла, қабул гардидани  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 - Соли ҷавонон эълон шудан, тадбири муҳим дар баланд бардоштани корҳои тарбиявию ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон дониста мешавад.
Дар ин раванд аз беҳтарин арзишҳои ниёгонамон чун таҳаммулпазирӣ истифода бояд бурд. Он аз суннатҳои озмудаи миллатамон маҳсуб мешавад ва усули давлатдорӣ низ аз таҳаммулпазирӣ сарчашма мегирад. Таҳаммулпазирӣ асоси таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам Абуҳанифа буда, то ба имрӯз моҳияти худро гум накардааст. 
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки арзишу ғановати суннатии халқҳоро ба нестӣ бурдан мехоҳанд, идеяи миллӣ нақши муҳим дорад. Он дорои қудрату тавоноиест, ки ҳокимияти давлатиро бо мардум пайванд месозад. Идеяи миллӣ дар дохили давлат танҳо мансуб ба як халқ нест. Он бояд манфиат ва ормонҳои кулли мардуми кишварро дар худ таҷассум карда тавонад.
Идеяи миллӣ василаи муҳимест, ки мардумро муттаҳид ва барои иҷрои мақсаду мароми худ ба самти муайян равона месозад. Дар  иртибот ба ин, Пешвои миллат борҳо хотирнишон кардаанд, ки идеяи миллии тоҷикон сулҳ аст. Аз ин хотир, гуфта метавонем, ки мо идеяи миллӣ дорем ва он дар қавлу амали Сарвари давлат таҷассум мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини зимоми роҳбариро бар дӯш гирифтан қавл доданд, ки ба кишвар сулҳу оромӣ меоранд. Хишти аввалро дар эъмори бинои сулҳу ваҳдати миллӣ маҳз Сарвари давлати тоҷикон – Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд.
Вазъи мураккабу ноороми ҷаҳони муосир тақозои онро дорад, ки Ватани худро ҳарчи бештар дӯст дорем, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ содиқона хизмат намоем. Дар ин росто, таълиму тарбияи насли наврас ва истифодаи оқилонаи неруи созандаи ҷавонон метавонад нақши арзишманд дошта бошад. 
Тавре дар Паёми Сарвари давлат омадааст, ба дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор доранд. Вобаста ба ин, ҳоло “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” қабул шуда, мавриди амал қарор доранд, ки ҳадаф аз онҳо бо роҳи дуруст ва дар руҳияи садоқат ба Ватан ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон мебошад.     
Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ватандӯстиву ҳифзи арзишҳои миллӣ моро вазифадор месозанд, ки нерую имконоти худро барои шукуфоии Ватани маҳбуб ва ягонагӣ равона созем, зеро онҳо моҳияти созандагию ободкорӣ доранд. Ин аст, ки муттаҳидии мардуми шариф дар атрофи Сарвари хирадмандамон сулҳу ваҳдати кишварро боз ҳам ба идеяи тавонову пуриқтидори миллӣ табдил хоҳад дод. 
Бояд афзуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ низ - ин мерос гузоштани таҷрибаи ғании собиқадорон ба наслҳои наврас, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, дӯстии халқҳо, муносибати ҷиддӣ ба таҳсил, меҳнат, хизмати ҳарбӣ ва интизомнокӣ мебошад. Дар давоми 35 соли фаъолияти босамари худ шуроҳои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати пойдор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ободу зебо гардондани Ватани азизамон ва дар амал татбиқ намудани сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби бузурги таҷриба табдил ёфтаанд, ки бархӯрдории оқилона аз ин таҷрибаҳо низ, идеяи миллиамонро самарбортар хоҳанд кард.

CАНГИНЗОДА Эмин Нуъмон,
муовини якуми директори  Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”оид ба илм, номзади илмҳои иқтисодӣ, узви Шурои собиқадорони ҷангу  меҳнати ҷумҳурӣ

 

Санаи нашр: 02.06.2023 №: 116
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив