ИТТИЛОИЯ

02 октябр 2026, Ҷумъа
4




30-юми сентябр таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.


Дар маҷлис, нахуст, лоиҳаи Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 баррасӣ шуда, гузориши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки мақсад аз таҳия ва қабули Барномаи мазкур, баланд бардоштани сатҳи саводнокии экологии табақаҳои аҳолӣ, ташаккули арзишҳои устувори экологӣ ва малакаҳои рафтори бомасъулият дар шаҳрвандон, ҷалби ҷавонон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳо барои иштироки фаъолона дар татбиқи ташаббусҳои экологӣ ва тақвияти корҳои маърифатӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки дар барномаи таҳияшуда, ҳамчунин, ташаккули фарҳанги экологӣ ба инобат гирифта шудааст, ки яке аз масъалаҳои афзалиятноки ҳифзи муҳити зист маҳсуб меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026 – 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии Барномаи мазкур тасдиқ гардида, сохторҳои марбута аз натиҷаи корҳо ҳар сол то 1-уми март ба Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намоянд.
Сипас, дар маҷлис лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027 дар соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2028 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2029 – 2030 баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муҳокимаи масъалаҳои зикршуда барои татбиқи нишондиҳандаҳои барномаҳо ба вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастуру тавсияҳо доданд.
Дар фароварди маҷлис Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар ва роҳбарони дигар сохторҳоро ба иҷрои ҳатмӣ ва саривақтии супоришҳои қаблии маҷлиси Ҳукумат ва масъалаҳои имрӯза ҷалб намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои мубрам ва рӯзмарра, аз ҷумла омодагии ҳамаҷониба ба зимистони солҳои 2026 – 2027, захираи маводи сӯхт ва хӯрокворӣ, ҷамъоварии ҳосили боқимондаи пахта ва меваю сабзавот, кишти тирамоҳии ғалла, идома ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Санаи нашр: 02.10.2026 №: 190