КАМ КАРДАНИ ИСТИФОДАИ МАВОДИ ПЛАСТИКӢ АЗ МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИСТ
Ҳамасола 5 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҷлил мегардад. Барои тақвими экологӣ ин сана рӯйдоди асосӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти экологӣ мебошад.
Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист ба рӯзи ифтитоҳи конфронси Стокголм, ки 5 июни соли 1972 баргузор шуда, аввалин чорабинии байналмилалӣ оид ба баррасии консепсияи рушди устувори табиат ва ҷомеа гардид, бахшида шудааст. Чун анъана, ҷашни солона дар атрофи як мавзуи мушаххас ташкил карда мешавад, ки диққати худро ба проблемаи мубрами экологӣ равона мекунад. Аз ин лиҳоз, мавзуи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар соли 2023 «Мубориза барои ҳалли мушкилоти ифлосшавӣ аз пластика» мебошад.
Масъалаи мазкур моҳи феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Найробии Кения дар ҷаласаи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист (UNEP) баррасӣ шуда, намояндагони Созмони бонуфуз эълон доштанд, ки 5 июн дар саросари ҷаҳон чорабиниҳои ҷашнӣ бештар дар мавзуи ҳалли мушкилоти ифлосшавӣ аз пластика гузаронда мешаванд. Ин аз он хотир аст, ки дар ҷаҳон имрӯз аз ҳисоби фаъолияти инсон партови зарфҳои пластикӣ сол ба сол афзуда, ба муҳити зисту солимии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 400 миллион тонна пластика истеҳсол шуда, нисфи он барои истифодаи яккарата пешбинӣ мегардад. Аз ин шумора камтар аз 10 фоизаш дубора коркард мешавад. Ташвишовар он аст, ки ҳар сол тақрибан 19-23 миллион тонна чунин зарфҳо ба кӯлу дарё ва баҳрҳо мерезанд. Зарфҳои пластикии сӯзондашуда ба саломатӣ ва гуногунии биологии инсон зарар доранд ва тамоми экосистемаҳоро ифлос мекунанд. Ҳатто зарраҳои хурди пластикии қутрашон то 5 мм дар ғизо, об ва ҳаво паҳн гардида, ба саломатӣ бетаъсир нестанд. Ҳисоб карда шудааст, ки ҳар як одами сайёра дар як сол беш аз 50 000 зарраҳои пластикиро истеъмол менамояд. Аз ин лиҳоз, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист ҳамчун як имконият барои сафарбарии амалҳои беҳсозии муҳити зист дар ҳар гӯшаи ҷаҳон хизмат мекунад.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат, соли 2023 дар доираи Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист мизбони баргузории чорабинии ҷаҳонӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти ифлосшавӣ аз партовҳои пластикӣ давлати Кот-д'Ивуар мебошад. Дар робита ба ин, ҷониби кишвари мизбон изҳор дошт, ки пешгирии вуруди партовҳо, хусусан партовҳои пластикӣ, ба муҳити зист аз масъалаи муҳими ҳалталаб дар раванди гармшавии глобалӣ маҳсуб меёбад. Барои он ки гармшавии глобалӣ дар ин аср дар зери 1,5°С нигоҳ дошта шавад, мо бояд то соли 2030 партовҳои солонаи газҳои гулхонаии худро ду баробар кам созем. Агар чорае андешида нашавад, дар давоми даҳ сол сатҳи олудагии ҳаво аз сатҳи бехатар 50 дарсад меафзояд ва ҳаҷми партовҳои пластикӣ, ки ба экосистемаҳои обӣ ворид мешаванд, то соли 2040 тақрибан се баробар зиёд мешавад. Албатта, аз ин бештар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ, осеб мебинад, ки худ ташаббускори асосии ҳалли проблемаҳои обу иқлим мебошад.
Воқеан, яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ин ҷамъшавии зарфу борҷомаҳои пластикии зиёд мебошад, ки Тоҷикистон низ, аз он истисно нест. Ба зарфу борҷомаҳои пластикӣ, бинобар сабаби истифодабарӣ барои нигоҳубини ҳама гуна маҳсулот, талабот зиёд гаштааст. Аммо таъсири манфии борҷомаҳои пластикӣ ба муҳити зист ба зудӣ эҳсос гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ барои даст кашидан аз истифодаи онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад. Моҳи марти соли 2019 ин масъала муддати панҷ рӯз дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ дар Найроби мавриди баҳсу муҳокимаронии қариб 5 ҳазор ширкаткунанда – вазирон, донишмандон ва соҳибкорон қарор гирифта буд. Дар натиҷа, Маҷмаи умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он дар муддати 10 соли оянда бояд 170 кишвари олам истифодаи маводи пластикиро маҳдуд намояд. Аммо чандин кишварҳо мунтазири ин муҳлат нашуда, дар ин роҳ, аллакай, тадбирҳо андешидаанд. Дар Фаронса ва Литва истифодаи чунин мавод манъ шудааст. Дар Гурҷистон, Украина, Беларус, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ, истифодаи маводи пластикӣ маҳдуд гардидааст. Дар кишварҳои дигар, амсоли ИМА, Россия, Қирғизистон ва ғайра чунин меандешанд, ки ин гуна тадбирҳо бояд тадриҷан ва давра ба давра роҳандозӣ шаванд.
Кишвари мо, бо вуҷуди партофти кам доштан ба атмосфера, ҷиҳати коҳиш додани ҳама намуди партовҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо мақсади дар муҳити атроф кам кардани зарфҳои пластикӣ ва халтаҳои полиэтиленӣ дар доираи баргузории аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» бо ҷалби аҳолӣ пайваста ҳашари умумӣ гузаронда мешавад. Фаъолияти 51 корхонаву коргоҳи хурди коркарди партовҳо дар ҷумҳурӣ низ, ба танзими партовҳои пластикӣ равона шудааст.
Наим Неъматзода, муовини сардори раёсати назорати давлатии истифодаи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, изҳор дошт, ки барои даст кашидан аз зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ рӯ овардан ба истифодаи борҷомаҳои коғазӣ ва латтагин беҳтарин роҳи ҳалли масъала мебошад. Дар ин самт кишвари мо кӯшиш ва татбиқи онро давра ба давра амалӣ менамояд.
Мақсад гузошта шудааст, ки то соли 2025 истифодабарии борҷомаҳои полиэтилении ғафсиашон то 15 микрон манъ карда, ба истифодабарии борҷомаҳои коғазӣ, латтагӣ ва полиэтиленҳои биологии тезпӯсанда бигзарем. Дар баробари ин, корхонаҳое, ки бо истеҳсоли борҷомаҳо аз қоғаз, картон, латта, сафол ва полиэтиленҳои биологии тезпӯсанда машғуланд ва марказу дуконҳои савдо, ки аз фурӯши борҷомаҳои полиэтиленӣ даст мекашанд, аз пардохти экологӣ ба миқдори 15 дарсад озод карда мешаванд.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, қабул ва мавриди амал қарор гирифтани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъ намудани воридот ва истифодаи борҷомаҳои полиэтилении ғафсиашон то 15 микрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайр аз борҷомаҳои бедаста, ки қисми ҷудонашавандаи мол мебошанд)» ин қадами аввалин дар коҳиш додани истифодабарии маҳсулоти пластикии истифодабариашон яккарата буда, амали саривақтӣ ва самарабахш дар эмин нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ ва тоза гаштани муҳити табиат аз таъсири номатлуби партовҳо ба ҳисоб меравад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”