АНҶОМИ САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ОЗАРБОЙҶОН

16 октябр 2026, Ҷумъа
6


15-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ аз шаҳри Боку ба пойтахти Арманистон – шаҳри Ереван, сафар карданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Санаи нашр: 16.10.2026 №: 201