«БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

16 октябр 2026, Ҷумъа
7

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардид.


Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ зимни супурдани ҷоизаҳо ба ғолибон зикр кард: “Нақши чунин озмунҳо дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва омӯзиши амиқи таърихи давлатдории тоҷикон муҳим буда, баргузории Озмуни мазкур барои ҷалби бештари донишҷӯён ба мутолааи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани маърифати онҳо ва таҳкими ҳисси масъулият дар назди Ватан заминаи мусоид фароҳам меорад”.
Тибқи маълумот, дар Озмуни имсола 231 донишҷӯ аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат иштирок намуданд. Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мавлавӣ Қаюмов ҷойи якум, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муҳиба Абдуллоева зинаи дуюм, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Умринисо Бердишукурова ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Зира Қурбонова мақоми сеюмро сазовор гаштанд. Байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Фотима Саидикромова сазовори ҷойи якум гардид. Ҷойи дуюм насиби донишҷӯи Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Майрам Баротова, ҷойи сеюм насиби донишҷӯи Коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Шабнам Бобоёрзода ва курсанти Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ Исмоил Муродзода шуд.
Ба барандагони ҷойи якум 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 15 ҳазор ва мақоми сеюм 7 ҳазору 500 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид. Инчунин, иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Тибқи низомномаи Озмун, ба ғолибони даври ниҳоӣ имкон дода мешавад, ки баъди хатми зинаи бакалавриати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бе супурдани имтиҳон, бо тавсияи Вазорати маориф ва илм барои идомаи таҳсил дар зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шаванд. Ҳамзамон, ғолибон ба узви ифтихории Китобхонаи миллӣ, ки ҳуқуқи бемаҳдуди истифода аз шуъбаю бахшҳои Китобхонаро доранд, қабул карда мешаванд.


З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.10.2026 №: 201