НОМАИ СИПОСИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ

16 октябр 2026, Ҷумъа
2

Ман ҳамчун собиқадори ҷангу меҳнат худро аз он ҷиҳат хушбахт меҳисобам, ки камолоти пириам ба даврони гул-гулшукуфоии Тоҷикистони маҳбуб рост омада, мо – куҳансолон таҳти ҳимояти давлат ва ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорем ва аз имтиёзҳои хос барои табобату истироҳат бархӯрдорем.


Дар осоишгоҳҳои мамлакат, ки ҳар кадоме бо табиати афсункор, иқлими мусоид, обҳои шифобахшу минералӣ, манзараҳои дилфиреб аз ҳам бартарӣ доранд, сатҳу сифати хизматрасониҳо сол ба сол беҳтару хубтар мегарданд. Инро ман аз мушоҳидаҳои шахсии худ дар мисоли Осоишгоҳи «Харангон», воқеъ дар ноҳияи Варзоб мегӯям.
Ҳар сол барои табобату истироҳат ба ин Осоишгоҳ меравам. Аз корҳои ободонию хуррамгардонӣ, хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва иҷтимоӣ руҳбаланд мешавам. Табиати дилфиреби ин макон бо дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишиаш ба кас руҳу илҳоми тоза мебахшад.
Ҳоло дар Осоишгоҳ бо истифода аз 16 намуд гиёҳи шифобахши минтақа табобат ба роҳ монда шудааст. Барои муолиҷа дастгоҳҳои муосири тиббӣ ва дигар шароитҳои мусоид фароҳам гардидаанд, ки ба гуфтаи директори Осоишгоҳ, номзади илмҳои тиб Ҷунайдулло Салимзода, ин ҳама натиҷаи ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба солимгардонӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошанд.
Ҳамчун истироҳаткунанда, ки имсол ҳам чун солҳои қаблӣ аз хидматрасониҳои хуби табобатӣ баҳравар шудам, арзи сипоси худро, нахуст, ба Пешвои муаззами миллат барои ғамхориҳои пайвастаашон ба собиқадорони ҷангу меҳнат иброз дошта, ба роҳбарият ва кормандони Осоишгоҳ миннатдории хешро баён менамоям.


Қурбоналӣ АШУРМАТОВ,
собиқадори ҷангу меҳнат, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Санаи нашр: 16.10.2026 №: 201