САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА АРМАНИСТОН
15-уми октябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ереван шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Звартнотс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Арманистон Мгер Григорян ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 17-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ иштирок хоҳанд кард.
