ВОСЕЪ. ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР МАСИРИ РУШД

Тағйироти ноҳияро дар солҳои соҳибистиқлолӣ метавон на танҳо аз рӯйи шумораи иншооти бунёдшуда, балки аз рӯйи густариши имкониятҳои иқтисодӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, беҳтар гардидани шароити таҳсилу хидматрасонӣ ва фаъол гардидани соҳибкорӣ арзёбӣ намуд. Имрӯз маркази ноҳия – шаҳраки Ҳулбук бо маҳаллаҳои наву иншооти иҷтимоӣ тадриҷан симои муосир касб мекунад.
Дар ноҳия солҳои охир таваҷҷуҳ ба рушди истеҳсолоти саноатӣ низ бештар гардид. Бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, барои таъсиси ҷойҳои нави кор ва таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти ватанӣ замина фароҳам меорад.
4-уми октябри соли равон дар ноҳия ду корхонаи хиштбарорӣ – «Бадахшон Тур» ва «Шукӯҳи маҳсулоти сохтмонӣ» ба истифода дода шуданд. Дар маҷмуъ, дар ин ду корхона 60 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Ҳамчунин, корхонаи парандапарварӣ барои парвариши 60 ҳазор сар паранда ва истеҳсоли гӯшти мурғ ба фаъолият оғоз кард.
Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳия, дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иброз дошт, ки дар миёни самтҳои рушди иҷтимоӣ маориф ҷойгоҳи хос дорад. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои нави таълимӣ бунёд гардида, барои беҳтар намудани шароити таҳсил замина фароҳам оварда шуд. Ба маълумоти расмӣ, дар ноҳия 20 муассисаи нави таълимӣ бунёд ёфтааст. Соли равон низ ин раванд идома ёфт. Аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №42 ва №76, инчунин, бинои иловагӣ дар назди МТМУ №13 мавриди истифода қарор гирифтанд. Бинои иловагии назди МТМУ №13 барои таҳсили 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. МТМУ №42 барои 480 ва МТМУ №76 барои 540 хонанда дар ду баст имкони таҳсил фароҳам меоранд. Илова бар ин, дар деҳаи Тосқалъа кӯдакистон барои 80 кӯдак сохта шуда, 9 маркази инкишофи барвақтии кӯдакон низ барои фарогирии 325 тарбиятгиранда таъсис ёфт. Ин тадбирҳо муҳимияти сармоягузорӣ ба рушди инсонӣ ва омода намудани насли ҷавони соҳибмаърифатро нишон медиҳанд.
![]()
Яке аз хусусиятҳои муҳими марҳалаи нави рушди ноҳияи Восеъ афзоиши саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди иншооти иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Дар сохтмони як қатор муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, марказҳои хизматрасонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва роҳҳои маҳаллӣ соҳибкорон, сокинон ва шахсони саховатпеша саҳм гузоштаанд. Ин ҳамкории бахши давлатӣ ва соҳибкорӣ метавонад дар оянда низ яке аз омилҳои муҳими рушди ноҳия бошад. Тибқи иттилои пешниҳодшуда, танҳо дар натиҷаи ба истифода додани иншооти нав санаи 4-уми октябри соли 2026, дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба ноҳия зиёда аз 390 ҷойи нави кор таъсис ёфт.
Агар ба роҳи тайкардаи ноҳияи Восеъ дар даврони истиқлоли давлатӣ назар андозем, тағйиротро дар чанд самти асосӣ метавон мушоҳида кард: рушди истеҳсолоти кишоварзӣ, ташаккули заминаҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, беҳтар гардидани роҳҳои маҳаллӣ, густариши хидматрасонӣ ва рушди соҳибкории маҳаллӣ.
35 соли истиқлоли давлатӣ барои ноҳия марҳалаи бунёди заминаҳои нави иқтисодию иҷтимоӣ гардид. Акнун ҳадафи муҳим ин нигоҳ доштани суръати созандагӣ, самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда ва табдил додани иқтидори ноҳия ба натиҷаҳои устувори иқтисодӣ мебошад.
Ноҳияи Восеъ имрӯз танҳо симои тағйирёфтаи як ноҳияи кишоварзиро таҷассум намекунад. Он дар остонаи марҳалаи нави рушд қарор дорад, ки дар он кишоварзӣ, саноат, соҳибкорӣ, маориф, инфрасохтор ва хизматрасонӣ бояд якдигарро такмил дода, барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи устувор фароҳам созанд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

