САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Субҳи 1-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Суғд ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ базаи таъминоти ширкати «Барс»
1-уми ноябр сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд бо ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди базаи таъминоти ширкати «Барс» дар шаҳри Бӯстон оғоз гардид.
Корхона бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуров дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бунёд гардид. Зимни шиносоӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхона бо хатҳои муосири технологӣ муҷаҳҳаз буда, дар он барои чорвои калону майда, паранда ва моҳӣ хӯроки омехта истеҳсол мешавад.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол истеҳсоли 37 ҳазору 440 тонна маҳсулотро ташкил медиҳад. Бо мақсади нигоҳдории дурусти ашёи хом ва маҳсулот, дар ҳудуди корхона 10 анбор бунёд ёфт.
Иншоот бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва истифодаи конструксияҳои металлӣ сохта шуд. Бо оғози фаъолияти корхона наздик ба 70 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Маҳсулоти корхона вобаста ба навъи чорво ва паранда, бо риояи талаботи стандартҳои дахлдор истеҳсол гардида, бо тамғаи «Эко комбикорм» ба бозор бароварда мешавад. Хатҳои технологӣ насли нав буда, бо истифодаи сарфакоронаи неруи барқ фарқ мекунанд.
Тавре таъкид гардид, соли 2025 ба маблағи 100 миллион доллари ИМА хӯроки омехтаи паранда ва чорво ворид гардида, талаботи бозор бошад, 450 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, Сарвари давлат супориш доданд, ки истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво васеъ ба роҳ монда шавад. Яке аз хусусиятҳои асосии корхона истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад. Ашёи хоми зарурӣ қисман аз дохил ва қисман аз хориҷи кишвар дастрас мегардад. Ҳамчунин, аз афзалиятҳои дигари корхона истеҳсолоти бе партови он аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳои муосирро дар роҳи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат, рушди иқтидори истеҳсолии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави кор муҳим арзёбӣ карданд. Дар ҳамин ҷо, Сарвари давлат бо маҳсулоти корхонаҳои ширкати «Барс» шинос шуданд. Дар намоишгоҳ номгӯйи гуногуни маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг, қаланфури булғорӣ, равғани пахта ва офтобпараст, макарон, маргарин, хӯроки омехтаи чорвою паранда, нӯшокиҳо ва дигар маҳсулот, пешниҳод шуд.
Таъкид гардид, ки истеҳсоли чунин номгӯйи гуногуни маҳсулот аз тавсеаи имкониятҳои истеҳсолии ширкат ва саҳми он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ шаҳодат медиҳад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, корхонаи коркарди шолии ҶДММ «Агротрейдинг»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ карданд. Корхона бо саҳми гурӯҳи соҳибкорони маҳаллӣ: Мирзомубин Қодиров, Мирзомуқим Қодиров, Ҳафиза Содиқова ва Муҳайё Қодирова бунёд гардид. Иқтидори лоиҳавии корхона коркарди 24 ҳазор тонна шолӣ дар як солро ташкил дода, дар он 40 ҷойи кор таъсис ёфт. Ба истифода додани чунин корхонаҳо барои рушди соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми ватанӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти иқтидори иқтисодии кишвар муҳим арзёбӣ шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон ва масъулон барои саҳмгузорӣ дар рушди саноати миллӣ изҳори сипос намуда, таъкид сохтанд, ки таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар муҳим мебошад.
Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд
1-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти маъмурӣ соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми созандаи соҳибкорони ватандӯст ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо тарҳи зебо ва риояи талаботи муосири меъморӣ ва нақшу нигори миллӣ бунёд шуд.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои нав барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандони ҳизб, тақвияти корҳои ташкилию тарғиботӣ ва роҳандозии ташаббусҳои нав дар самти кор бо ҷавонону бонувон ва дигар қишрҳои ҷомеа шароити хуби фаъолият муҳайёст.
Бинои нави Кумита аз 47 ҳуҷраи корӣ, осорхона, маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, толорҳои суҳбати гирди миз, китобхона ва китобхонаи электронӣ иборат мебошад.
Дар осорхонаи иншоот маводҳо аз эъломияи ба даст овардани истиқлоли давлатӣ то қабули санадҳои муҳими таърихӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, лаҳзаҳои баргузории анҷуманҳои ҳизбӣ, дастовардҳои соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолӣ, раванди корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун», лаҳзаҳои гиромидошти қаҳрамонони Тоҷикистон, аксу ҳуҷҷатҳо ва ёдгориҳои дорои аҳамияти таърихию миллӣ гирд оварда шудаанд, ки ҳар кадоми онҳо бозгӯйи марҳалаҳои ташаккул, дигаргуниҳои созанда ва саҳифаҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд. Дар гӯшаи алоҳидаи китобхона асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зиёда аз 5 ҳазор китоби бадеӣ, илмӣ ва гуногунсоҳа барои кормандону донишҷӯён нигоҳдорӣ мешавад. Ҳамчунин, махзани рақамии китобхона 1 миллион нусха адабиёти гуногунсоҳа ва бадеиро бо имкониятҳои васеи электронӣ ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла энергияи офтобӣ, сарфакорона истифода намудани неруи барқ ва рушди «иқтисоди сабз» дар бино панелҳои офтобӣ насб шудаанд, ки он барои таъмини самараноки неруи барқ, сарфаи захираҳои энергетикӣ, истифодаи технологияи муосир, рушди энергияи тоза ва татбиқи принсипҳои «иқтисоди сабз» заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар бинои ҳизб, ҳамчунин, маркази омӯзишӣ мавҷуд аст, ки барои таълими забонҳои хориҷӣ ба наврасону ҷавонон, курсҳои пешвоёни ҷавон, пухтани таомҳои миллӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, ба соҳибкорони ватандӯст ва аъзои ҳизб барои бунёди чунин иншооти хуштарҳу замонавӣ изҳори сипос намуда, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ба ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, вусъати созандагиву бунёдкориҳо ва тарғиби ҳадафҳои стратегии кишвар ҳидоят карданд.
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАЮ САБЗАВОТ, ИСТЕҲСОЛИ НӮШОКИҲОИ ТАШНАГИШИКАН ВА АФШУРАҲОИ МЕВАГӢ
1-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд.
Дар корхона 5 хатти технологӣ насб гардида, зарфҳои пластикӣ ва афшураҳои мевагию обҳои ташнагишикан истеҳсол мешаванд. ҶДММ «Сирдарё» аз ҷониби бародарони соҳибкор Каримзодаҳо бунёд гардида, 85 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд.
Иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 240 тонна афшура ва 400 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнагишикан мебошад.
Гуфта шуд, ки афзалият додан ба истифодаи технологияи муосир дар истеҳсолот имкон медиҳад, ки самараи меҳнати кишоварзон сари вақт коркарду бастабандӣ, талафи меваю сабзавот дар саҳро пешгирӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ афзоиш ёбад ва имкониятҳои содиротӣ васеъ гардад.
Иттилоъ дода шуд, ки технологияи аз кишварҳои пешрафта воридшуда имкон медиҳад, то маҳсулот тибқи талабот коркард ва аз самараи меҳнати деҳқонон маҳсулоти саноатии табиӣ истеҳсол шавад.
Таъкид гардид, ки бунёди корхонаи коркарди меваю сабзавот дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат, намунаи гузариш аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ ба шумор меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусӣ ва сохторҳои марбутаи соҳаро ба истифодаи пурраи имкониятҳои технологӣ, ҷамъоварию коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои байналмилалӣ ҷалб намуданд.
Зикр шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 74 корхонаи саноатӣ бо тақрибан 900 ҷойи кор таъсис ёфт.
ИФТИТОҲИ 13 ИНШООТ ДАР ШАҲРИ КОНИБОДОМ
1-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд як иншооти муҳими хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ дар шаҳри Конибодомро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази савдо ва хизматрасонии «Суғд-молл» ба фаъолият оғоз намуд. Дар иншоот бо мақсади ташкили фурӯши молу маҳсулот мағозаю нуқтаҳои савдо сохта шудааст. Дар маҷмуъ, ин марказ барои 350 нафар ҷойи кор фароҳам меорад. Дар маҷмаа ба ғайр аз мағозаҳо, инчунин, ошхонаю тарабхона низ пешбинӣ мешавад.
Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани маркази савдою хизматрасонии «Суғд-молл» барои рушди тиҷорат, дастрасии аҳолӣ ба молу маҳсулоти ватанию хориҷӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Конибодом 13 иншооти таъиноти гуногун ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки иншооти мазкур соҳаҳои саноат, маориф, кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои муҳими иҷтимоию иқтисодиро фаро гирифта, барои рушди минбаъдаи шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави кор ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид мегузоранд.
Яке аз иншооти муҳими истеҳсолӣ корхонаи парандапарварии ҶДММ «Ганҷи ҷаҳон» дар деҳоти Куҳандиёр мебошад. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Фирдавс Ҳасанзода бунёд шуда, барои парвариши 30 ҳазор сар мурғи гӯштӣ пешбинӣ мегардад. Дар ин ҷо 20 ҷойи нави кор таъсис ёфта, иқтидори он дар як сол 300 тонна гӯшти мурғро ташкил медиҳад. Корхона бо таҷҳизоти муосир таъмин буда, раванди бо обу ғизо таъмин намудани парандаҳо ба таври худкор ба роҳ монда мешавад.
Дар шаҳри Конибодом, ҳамчунин, корхонаи рехтагарии оҳани Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бодом» ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти саноатӣ бо ташаббуси соҳибкор Самиҷон Собирзода сохта шуда, барои 50 нафар ҷойи кор фароҳам меорад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 600 тонна маҳсулоти рехтагариро ташкил медиҳад. Маҳсулоти он, асосан, барои истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии дастгоҳҳои коркарди маъдан, таҷҳизоти корхонаҳои семент ва пойгоҳҳои обкашӣ истифода мешавад.
Дар доираи иқдомҳои созандагӣ, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 низ ба истифода дода шуд. Муассиса барои 900 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 19 синфхона ва ҳуҷраҳои кории омӯзгорон мебошад. Китобхонаи анъанавию электронӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст аз ҷумлаи имкониятҳои муҳайёгардида дар ин Муассиса мебошанд.
Инчунин, дар деҳаи Файзбор Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави таълимӣ барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 18 синфхона иборат аст. Дар Муассиса 20 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул хоҳад шуд.
Дар ин рӯз, Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ»-и шаҳри Конибодом низ ба истифода дода шуд. Бинои таълимӣ барои 750 донишҷӯ пешбинӣ гардида, аз 21 синфхона, 20 ҳуҷраи корӣ, ду синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳ, китобхона, ошхона ва толори варзиш иборат мебошад. Гуфта шуд, ки фароҳам овардани чунин шароит ба баланд бардоштани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.
Инчунин, бинои маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ мавриди истифода қарор гирифт. Иншоот дорои 13 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, китобхона ва иншооти ёрирасон мебошад. Таъмини марказ бо таҷҳизоти муосир ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти озмоишгоҳ имкон медиҳад, ки назорати сифати маҳсулоти озуқаворӣ ва риояи талаботи бехатарии он боз ҳам тақвият ёбад.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Сомониён» дар деҳаи Сомониёни шаҳри Конибодом барои 200 кӯдак бо 22 ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифт.
Бино аз ҳашт ҳуҷра иборат буда, барои ташкили дурусти раванди таълиму тарбия ва будубоши кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Иншооти дигари муҳим корхонаи асфалт мебошад, ки бо иқтидори истеҳсолии 480 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз ба фаъолият оғоз намуд.
Дар корхона 20 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Фаъолияти он дар таъмини соҳаи роҳсозӣ бо маҳсулоти зарурӣ ва татбиқи босифати лоиҳаҳои инфрасохторӣ нақши муҳим хоҳад дошт.
Дар кӯчаи Камоли Хуҷандӣ меҳмонхонаи замонавии «Ватан» низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти хизматрасонӣ бо ташаббуси соҳибкор Зафар Очилзода бунёд ёфта, дорои 16 ҳуҷра мебошад. Меҳмонхона барои дар як вақт қабул намудани 60 нафар пешбинӣ мегардад.
Дар деҳаи Ғалабаи деҳоти Патар корхонаи коркард ва бастабандии меваи хушки ҶДММ «Меваи Камол» ба фаъолият оғоз кард. Корхона бо ташаббуси соҳибкор Камол Юсуфзода бунёд гашта, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 600 тонна меваи хушкро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 20 ҷойи нави кор таъсис дода шуд. Фаъолияти корхона барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва тавсеаи имкониятҳои содиротӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Дар идома дар маҳаллаи Ғалчамуллои деҳоти Пӯлотон Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нуринисо» мавриди истифода қарор гирифт. Муассиса барои фарогирии 160 тарбиятгиранда пешбинӣ шуда, аз ҳафт ҳуҷра, ошхона ва толори мусиқӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо барои таълиму тарбияи кӯдакон ва ташкили фароғати онҳо шароити мусоид муҳайё гардидааст.
Ҳамчунин, дар деҳаи Равот Муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 160 кӯдак ба истифода дода шуд. Дар иншоот бо назардошти талаботи соҳа барои ташкили фаъолияти таълимию тарбиявӣ ва будубоши кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.
Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом бозгӯ аз вусъати корҳои созандагӣ, таваҷҷуҳи соҳибкорон ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва фаъолон барои иҷрои саривақтии нақшаҳои созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом изҳори сипос намуданд. Ҳамчунин, таваҷҷуҳи соҳибкорон ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо ба татбиқи лоиҳаҳои муосири шаҳрсозӣ, истифодаи босамари имкониятҳои мавҷуда ҳангоми бунёди иншооти нав ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори Ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб шуд.
Тавре масъулон иттилоъ доданд, дар доираи сафари кории Роҳбари давлат ба вилояти Суғд 84 иншооти нав бо 2400 ҷойи кор мавриди истифода қарор мегирад.
Танҳо 1-уми ноябр дар шаҳрҳои Бӯстон, Хуҷанд, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18 иншоот ифтитоҳ ёфт, ки аз ин 7 корхонаи саноатӣ, 4 кӯдакистон барои 760 таълимгиранда, 2 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1540 хонанда, Коллеҷи тиббӣ барои 750 донишҷӯ ва 5 муассисаи хизматрасонӣ мебошад. Дар маҷмуъ, дар иншооти ифтитоҳшуда 850 ҷойи нави кор муҳайё гардидааст.
